Рӯзномаи Хатлон » Ҳокимияти давлати » Паём - машъали роҳнамо


Паём - машъали роҳнамо



Ҳамасола бо ироа гардидани Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дастовардҳои соҳаҳои мухталиф баррасӣ гардида, вазифаҳо барои соли оянда муайяну мушаххас мегарданд.


Боиси ифтихор аст, ки соҳаи илму маориф ҳамеша дар меҳвари сиёсати давлату Ҳукумати мамлакат қарор дорад. Ҳамасола, баланд гардидани маоши кормандони соҳа,  сохта ба истифода додани муассисаҳои таълимии нави замонавӣ, эълон гардидани «Бистсолаи омӯзиши фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ», озмунҳои «Илм - фурӯғи маърифат», «Тоҷикистон - Ватани азизи ман» ва «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» кормандони соҳа, омӯзгорон, волидон, хонандагон ва донишҷӯёнро вазифадор менамояд, ки ба омӯзиши фанҳои дақиқ, табиатшиносӣ ва риёзӣ, забономӯзӣ ва арҷ гузоштан ба фарҳанги миллӣ диққати аввалиндараҷа дода, дар амалӣ намудани сиёсати маорифпарваронаи Сарвари давлат саҳмгузор бошанд.


Бо мақсади ҷалби ҳарчи бештари занону бонувон ба вазифаҳои роҳбарикунанда ва таъ-
мини зиндагии арзандаи занону модарон аз ҷониби Пешвои миллат пешниҳод гардидани
таҳияи «Стратегияи миллии фаъолгардонии нақши занон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои
солҳои 2021-2030» аз таваҷҷуҳи бевосита ва боварии роҳбарияти олии кишвар нисбати за-
нону бонувон дарак медиҳад.


Итминон дорем, ки таҳти роҳбарии Пешвои муззами миллат Тоҷикистон қуллаҳои ба-
ланди тараққиётро фатҳ намуда, Паём ҳамчун машъали роҳнамо роҳи моро ба сӯйи ояндаи
дурахшон равшан месозад.


Сайрамбӣ ҶАЛИЛОВА,
муовини раиси КИ ҲХДТ дар ноҳияи Муъминобод

Дигар хабарҳо

хабарҳои охир

Яндекс.Метрика

Муассис:

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

САРМУҲАРРИР

Носирҷон Маъмурзода