Дар як сатр
» » Ганҷи «Баҳористон» - дастраси умум

Ганҷи «Баҳористон» - дастраси умум

7-01-2015, 13:59

Ганҷи «Баҳористон» - дастраси умумБа ифтихори 80-умин солгарди таъсисёбии рӯзномаи «Баҳористон» - нашрияи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ ва 600-солагии олим ва мутафаккири тоҷик Нуриддин Абдурраҳмони Ҷомӣ маҷмӯае бо номи Ганҷи «Баҳористон» ба табъ расид.

Ин китобро нашриёти «Ашӯриён»-и шаҳри Душанбе бо теъдоди 500 нусха ба чоп расонидааст. Китоб аз ду фасл - «80 баҳори «Баҳористон»» ва «Ба сухан зинда шавад номи ҳама» - иборат буда, аз ҳаёту фаъолияти ходимони ин рӯзнома дар тӯли 80 соли мавҷудияташ қисса мекунад. Дар ин маҷмӯа ҳамчунин гулчини матолибе нашр гардидааст, ки ба осор ва зиндагиномаи Мавлоно Ҷомӣ бахшида шудааст.

Дар матлабе бо номи «Аз «Мубориза барои пахта» то «Баҳористон»», ки дар ин китоб нашр шудааст, муаллифон зикр кардаанд, ки шумораи якуми рӯзномаи «Мубориза барои пахта», имрӯза «Баҳористон»-и ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ, моҳи августи соли 1934 рӯйи чоп омадааст. Н. Бобохонов нахустин муҳаррири рӯзнома буд, ки то соли 1941, замони оғози Ҷанги Бузурги Ватанӣ, сарварии ҳайати эҷодиро ба уҳда дошт. «Мубориза барои пахта» соли 1966 тағйири ном кард ва исмаш «Ба пеш» шуд. Ин нашрия камбудию норасоиҳо, саҳву хатоҳоро рӯйи об меоварду роҳҳои ҳалли онро нишон медод ва ба ин васила дар рушду тараққии ҷомеа ва ба тезондани суръати корҳои ободонӣ ҳидоят намудани шаҳрвандон саҳм мегузошт.

12 феврали соли 2004 бо қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ноҳияи Хоҷамастон ба гиромидошти шоири маъруфу тавонои тоҷик Мавлоно Абдураҳмони Ҷомӣ ба номи ин адиби фозил гузошта шуд. Баъдан, бо пешниҳоди аҳли қалам ва ҳаводорони рӯзнома 22 сентябри соли 2004 нашрия номи «Баҳористон» - асари безаволи мутафаккири барҷастаи халқи тоҷик Абдурраҳмони Ҷомиро гирифт.

Муҳаррирон ва кормандони рӯзнома Эгам Ҳасанов, Маст Салимов, Табаралӣ Сайдуллоев, Аҳрори Шариф, Раҷабалӣ Восидов, Насриддин Мирзоев, Сайдалӣ Бобохонов, Исматулло Ҳасанов, Шаҳринисо Шерматова, Абдухолиқ Мӯсоев ва даҳҳо қаламкашони дигар парвардаи мактаби эҷодии ҳамин рӯзнома будаанд.

Маҷмӯаи «Ганҷи «Баҳористон»», ки мураттибону муҳарриронаш Исматулло Ҳасанов ва Носирҷон Маъмурзода мебошанд, барои алоқамандон ва муҳаққиқони таърихи матбуоти вилояти Хатлон ва донишомӯзони риштаҳои рӯзноманигорӣ махзани маълумот ва армуғони хуб ба ҳисоб меравад.

Ҳангомаи ИСМАТ


Шарҳи хонандагон +

Матолиби дигар:

Беш аз 1130 матлаби «Хатлон» дар як сол!

Беш аз 1130 матлаби «Хатлон» дар як сол!

Фарҳанг ва адабиёт, Хабарҳо, КОМРОНИ БАХТИЁР
Нашри мақолаи Президенти кишвар дар китоби «Сайри маънӣ»

Нашри мақолаи Президенти кишвар дар китоби «Сайри маънӣ»

Фарҳанг ва адабиёт, Хабарҳо, ҲАНГОМА ПАҲЛАВОНОВА
Қубодиён. Нашри 4 китоби таърихӣ дар як сол

Қубодиён. Нашри 4 китоби таърихӣ дар як сол

Фарҳанг ва адабиёт, Хабарҳо, ҲАНГОМА ПАҲЛАВОНОВА
ИСМАТУЛЛО ҲАСАНОВ

ИСМАТУЛЛО ҲАСАНОВ

Ҳайати эҷодӣ
САИДАЛӢ БОБОХОНОВ

САИДАЛӢ БОБОХОНОВ

Ҳайати эҷодӣ