Дар як сатр
» » Ҷамъбасти озмуни «Зан - сарвати хонадон»

Ҷамъбасти озмуни «Зан - сарвати хонадон»

23-05-2016, 17:05

Ҷамъбасти озмуни «Зан - сарвати хонадон»

Дар меҳмонхонаи «Рамз»-и шаҳри Қӯрғонтеппа маросими ҷамъбасти озмуни «Зан - сарвати хонадон» бо иштироки муовини раиси вилояти Хатлон Махфират Хидирзода, сармутахассиси Раёсати асноди ҳолати шаҳрвандии ҶТ Шаҳодат Акобировна, кормандони шуъбаҳои сабти асноди ҳолати шаҳрвандии шаҳру ноҳияҳои вилоят ва дигар меҳмонон баргузор гардид.

Дар оғози чорабинӣ Махфират Хидирзода, муовини раиси вилояти Хатлон, ба сухан баромада, тамоми иштирокдорони озмунро ба муносибати Рӯзи оила табрик намуд ва дар бораи мақому манзалати зан дар ҷомеа ва нақши ӯ дар оиладорӣ ёдовар гашт. Таъкид намуд, ки дар замони ҷаҳонишавии фарҳангу тамаддунҳо, падидаҳои номатлуби ҷомеа ташкил ва гузаронидани чунин суҳбату вохӯриҳо дар мустаҳкамии оилаҳо, хоса оилаҳои ҷавон, мусоидат мекунад. Инчунин зикр рафт, ки зани тоҷик дар тамоми соҳаҳо фаъолияти пурсамар дошта, дар таҳкими истиқлолияту ваҳдати миллӣ нақши арзанда дорад.

Ҷамъбасти озмуни «Зан - сарвати хонадон»

Мақсади баргузории озмуни «Зан - сарвати хонадон»-ро коршиносон, пеш аз ҳама, дар устувории оилаҳо муҳим арзёбӣ мекунанд. Аз ҷумла дар суханронӣ Зинатгул Сафарзода, сардори шуъбаи Раёсати асноди ҳолати шаҳрвандии Вазорати адлия дар вилояти Хатлон, гуфт, ки марҳилаи аввали ин иқдом дар шаҳру ноҳияҳои вилоят гузаронида шуда, оилаҳои беҳтарин ва фаъолияти гуногунсамти кормандони зербахшҳои раёсати мазкур ба даври ниҳоӣ роҳхат гирифтанд. «Бори дигар ман эҳсос кардам, ки зан-модар дар ҳама ҷабҳа метавонад натиҷаҳои баланди меҳнатиро соҳиб гардад. Дар оиладорӣ, хоҷагии қишлоқ, таълиму тарбияи фарзанд ва муносибатҳои оилавӣ ҳамеша модарони тоҷик муваффақанд. Ин озмун метавонад дар шинохти анъанаҳои неки гузаштагон ва ҷорӣ намудани беҳтарин воситаҳо дар оиладорӣ мусоидат кунад», - афзуд З. Сафарзода.

Ҷамъбасти озмуни «Зан - сарвати хонадон»

Дар асоси дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, аз ҷониби мақомотҳои давлатӣ ва шахсони саховатпеша пайваста корҳои хайриявӣ анҷом дода мешавад. Аз ҷумла, дар доираи ин озмун аз тарафи идораи САҲШ-и вилояти Хатлон ва шуъбаҳои он дар шаҳру ноҳияҳои вилоят хатнасури хайриявии 50 нафар тифлакон аз оилаҳои камбизоат баргузор гашта, ба онҳо туҳфаҳои хотиравӣ ҳадя карда шуд.

Яке аз шартҳои асосии озмуни «Зан - сарвати хонадон» муайян кардани оила ва хонаи беҳтарин буд, ки 4 оилаи намунавӣ дониста шуда, бо ифтихорнома ва дигар туҳфаҳо қадрдонӣ гаштанд.

Ҷамъбасти озмуни «Зан - сарвати хонадон»

Дар ташкил ва гузаронидани озмуни мазкур саҳми кормандони шуъбаҳои САҲШ-и шаҳру ноҳияҳои вилоят аз ҷониби аъзои ҳакамон назаррас арзёбӣ гардида, ба онҳо низ сипосномаю ифтихорнома ва дигар туҳфаҳо дар вазъияти тантанавӣ супорида шуд.

Ҷамъбасти озмуни «Зан - сарвати хонадон»

Дар охири чорабинӣ аз ҷониби ҳунармандони шуъбаи фарҳанги шаҳри Қӯрғонтеппа барномаи консертӣ, ки иборат аз шеъру суруд ва саҳнаҳои тарбиявӣ буд, пешниҳоди ҳозирин гардонида шуд.

Ҷамъбасти озмуни «Зан - сарвати хонадон»

Раҳмоналӣ Додархӯҷаев,
Сангимурод Шарифов



Шарҳи хонандагон +

Матолиби дигар:

Ба иҷро даромадани «Барномаи рушди оила дар вилояти Хатлон»

Ба иҷро даромадани «Барномаи рушди оила дар вилояти Хатлон»

Ҳаёти иҷтимоӣ, Хабарҳо, НОСИРҶОН МАЪМУРЗОДА
Ҷ. Румӣ. Кадбонуи беҳтарин муайян шуд

Ҷ. Румӣ. Кадбонуи беҳтарин муайян шуд

Фарҳанг ва адабиёт, Хабарҳо
Қӯрғонтеппа. Тӯйи суннатии 50 кӯдак ва арӯсии ду ҷуфти ҷавон аз оилаҳои ниё ...

Қӯрғонтеппа. Тӯйи суннатии 50 кӯдак ва арӯсии ду ҷуфти ҷавон аз оилаҳои ниё ...

Ҳаёти иҷтимоӣ, Хабарҳо, АСАЛМО САФАРОВА
Дар партави Паём. Эълони озмуни «Оилаи беҳтарин»

Дар партави Паём. Эълони озмуни «Оилаи беҳтарин»

Ҳаёти иҷтимоӣ, Хабарҳо, ДАВЛАТБЕКИ КАРИМЗОД
Дар партави Паём. Оила – ошёни меҳру вафо

Дар партави Паём. Оила – ошёни меҳру вафо

Ҳаёти иҷтимоӣ