Дар як сатр
» » Варзишгари хатлонӣ дар Амрико низ соҳибном шуд

Варзишгари хатлонӣ дар Амрико низ соҳибном шуд

23-05-2016, 07:24

Варзишгари хатлонӣ дар Амрико низ соҳибном шуд

Азиз Шукуров варзишгари тоҷик дар риштаи вазнбардорӣ аст, ки дар ИМА кор ва тамрин мекунад. Ӯ дар мусобиқаҳои байналмилалӣ ширкат намуда, 8 карат мақоми чемпиониро сазовор гаштааст.

Чун мо дар арафаи Рӯзи ҷавонон қарор дорем, хостем аз кор ва фаъолияти ин ҷавони хатлонӣ бо тариқи сомонаи иҷтимоӣ бо ӯ суҳбате дошта бошем.

Азиз 24 апрели соли 1986 дар шаҳри Қӯрғонтеппа ба дунё омадааст. Ӯ аз хурдӣ ба ин намуди варзиш меҳру рағбати беандоза дошта, кӯшиш менамуд, ки дар мусобиқаҳои варзишӣ ширкат варзад. Азиз дар айёми хурдсолӣ дар миёни ҳамсолони худ дар мусобиқаҳо дастболо мешуд. Баъд аз хатми мактаби миёна ҳуҷҷатҳояшро ба ДДҚ ба номи Носири Хусрав супорида онро бо ихтисоси иқтисодчӣ хатм намуд. Дар ин замина ба тиҷорат машғул мешавад. Ҳамчунин, тамрини худро идома дода, дар мусобиқаҳои дохилӣ ширкат меварзид. Муддати 5 соли тамрини хеш дар ин самти варзиш то ба мақоми ифтихории Устоди варзиш расидааст. Азиз Шукуров аз соли 2001 то инҷониб ба ин навъи варзиш машғул буда, устоди аввалинаш Ҷалол Шарифов мебошад.

Варзишгари хатлонӣ дар Амрико низ соҳибном шуд

- Вақте ки варзишгаронро медидам, ки дар дигар давлатҳо қувваозмоӣ мекарданду парчами давлатамонро боло мебардоштанд, завқи ман даҳчанд мешуд ва орзу мекардам ман низ ба ин зинаҳои варзиш бирасам, - зикр кард Азиз Шукуров. – Ниҳоят, дар мусобиқае, ки дар Ҷумҳурии Қазоқистон баргузор гардид, ширкат карда, дастболо шудам ва байрақи Тоҷикистонро боло бардоштам.

Маҳз бо дастгирии Федератсияи ҷумҳуриявии вазнбардорӣ Азиз дар мусобиқаҳои ҷумҳуриявию балналмилалӣ ширкат намуда, сазовори 40 медали тилло, нуқра, биринҷӣ гардидааст.

Ҳамчунин, соли 2013 мусобиқаи байналмилалӣ, ки дар шаҳри Хуҷанд, бо иштироки 5 давлат: Ӯзбекистон, Қазоқистон, Қирғизистон, Россия ва Тоҷикистон барпо шуда буд, Азиз Шукуров дастболо гардид.

Азиз Шукуров аввалин вазнбардорест, ки дар Тоҷикистон дар вазни 94 кг штангаи 172 кг бардошта, дар сабқат рекорд гузаштааст.

Варзишгари хатлонӣ дар Амрико низ соҳибном шуд


Мусобиқаҳое, ки дар сатҳи байналилалӣ гузаронида мешавад, бо як қисм маблағузории Шариф Давлат, презденти Федератсияи вазнбардорони Тоҷикистон сурат гирифтааст ва Азиз се маротиба дар мусобиқаҳои байналмилалӣ ширкат варзида, парчами Тоҷикистонро баланд бардоштааст. Азиз дар яке аз мусобиқаҳои байналмилалие, ки дар шаҳри Тошканд шуда гузашт, дар байни 30 варзишгар соҳиби ҷойи 3-юм гардид.

Имрӯзҳо Азиз дар ИМА қарор дошта, бо сарварии устоди амрикоиаш Курт Родерик дар клуби «Сrow hill crossfit» тамрин намуда истодааст.

Рӯзи 14 майи соли равон дар шаҳри Пенсилванияи Амрико Азиз дар вазни 94кг штангаи 160 кг бардошта, сазовори ҷойи аввал ва беҳтарин варзишгар эътироф шуда, соҳиби Ҷоми мусобиқа гардид.



Азиз дар баробари ба варзиш машғул варзидан дар шаҳри Ню-Йорк ба варзишгарони ҷавон ин намуди варзишро меомӯзонад. Инчунин, дар коллеҷи Ню-Йорк ба номи «Кingz boro»-и таҳсил мекунад.

Комрони БАХТИЁР,
«Хатлон»



Шарҳи хонандагон +
Отлично написано, спс и успехов вам!

-----

активация 8.1 бесплатно
28 ноябр 2016 18:29
They fans but look at you
-----

cc dumps with pin

Descending the cold steps of the institution for the politically insane
-----

buy dumps with pin online

From henceforth I shall rot in a stinking bed of wet straw
-----

dumps pin

Don't want no pity for me in this filthy ceil
-----

dumps track 1 and 2 with pin

Программным методом вашей компьютер не вылечить
-----

щеголять

Это не проблема вовсе
-----

Юг видео
26 декабр 2016 20:34
Имбицильно считать

----------
для 64 и 86 разряда
4 январ 2017 01:58

Матолиби дигар:

154 медали варзишгарони Хатлон дар 3 моҳ

154 медали варзишгарони Хатлон дар 3 моҳ

Хабарҳо, Ҷавонон ва варзиш, Номаҳои Шумо

"Мавзунаи дуюм". Нодираро бокс хушбахт кардааст

Хабарҳо, Ҷавонон ва варзиш
Боз як медали Фавориз

Боз як медали Фавориз

Хабарҳо, Ҷавонон ва варзиш
Варзишгарони Хатлон: «Барои Ҷоизаи Президент талош мекунем»

Варзишгарони Хатлон: «Барои Ҷоизаи Президент талош мекунем»

Хабарҳо, Ҷавонон ва варзиш
«Вахш»-у «Равшан» дар зинаҳои охир

«Вахш»-у «Равшан» дар зинаҳои охир

Ҷавонон ва варзиш, ДАВЛАТБЕКИ КАРИМЗОД