Рӯзномаи Хатлон » Ҳокимияти давлати » Боздид аз хоҷагии деҳқонии “Имомӣ Аъзам”


Боздид аз хоҷагии деҳқонии “Имомӣ Аъзам”



Қурбон Ҳакимзода, раиси вилояти Хатлон зимни сафари корӣ дар ноҳияи Кӯшониён аз хоҷагии ба номи “Имомӣ Аъзам”, ки аз ҷониби соҳибкор Бедимоғов Давлатёр дар деҳаи Баракати Ҷамоати деҳоти “Навбаҳор” бунёд гардидааст, боздид намуд.
  
Масоҳати хоҷагии мазкур зиёда аз 1 гектаро ташкил медиҳад. Ҳоло дар хоҷвгӣ 16 адад гармхонаҳо фаъолият доранд, ки хоҷагидорон ба кӯчати қаламфӯри ширин ва занҷабил машғул мебошанд. То имрӯз дар 7 гармхона кӯчати памидору бодиринг, дар ду гармхонаи дигар барои омода кардани кӯчати қаламфӯр, боимҷон парвариш карда мешавад. Деҳқонони ноҳияи Кӯшониён дар кишти зери плёнка ва гармхонаҳо таҷрибаи ғанӣ дошта, сол то сол масоҳати гармхонаҳоро зиёд менамоянд ва ба ин васила ҷойҳои нави кориро ташкил мекунад. 

Раиси вилоят дар суҳбат бо хоҷагидорон ва масъулини соҳа дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро дар самти рушд бахшидани соҳаи кишоварзӣ ва зиёд кардани ҷойҳои нави корӣ ёдовар шуда, таъкид доштанд, ки кори хубу самараноки марди деҳқон ба таъмини бозорҳои истеъмолӣ мусоидат карда, ҳифзи амнияти озуқавориро дар кишвар таъмин менамояд. Ҳамзамон, раиси вилоят оид ба роҳҳои баланд бардоштани самаранокии парвариши зироати кишоварзӣ, истифодаи технологияҳои парвариш, баланд бардоштани ҳосилнокӣ, усулҳои ҳифзи зироатҳо аз ҳашарот ва ғайраҳо ба масъулин дастуру супоришҳои муфид доданд.

Фаромӯз Бобоев, "Хатлон"

Дигар хабарҳо

хабарҳои охир

Яндекс.Метрика

Муассис:

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

САРМУҲАРРИР

Носирҷон Маъмурзода