Дар як сатр
» » Барои ояндаи нек овоз медиҳам

Барои ояндаи нек овоз медиҳам

19-05-2016, 10:45

Барои ояндаи нек овоз медиҳам

Дар муассисаи давлатии хоҷагии ҷангали ноҳияи Данғара оид ба баррасии лоиҳаи тағйиру иловаҳо ба Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки 22 майи соли 2016 барои қабули раъйпурсӣ гузаронида мешавад, маҷлиси васеи кормандон баргузор гардид.

Сараввал, директори хоҷагӣ Абдулҳақ Абдусаломов баромад намуда, қайд кард, ки тағйиру иловаҳое, ки ба Конститутсияи ҷумҳурӣ ворид карда мешаванд, қабл аз ҳама, тақозои замон аст. Ҷомеаи мо дар тӯли 13 сол аз ҷумҳурие, ки тоза аз ҷанги шаҳрвандӣ берун омада буд ва мушкилоти азими бозсозии кишварро бар дӯш дошт, ба як кишвари мустақилу пешрафтае табдил ёфт, ки тавонист ин ҳама мушкилотро бартараф намуда, ба рушди устувор қадам гузорад.

Дар маҷлис инчунин мудири шуъбаи ташкилӣ ва кор бо кадрҳои дастгоҳи раиси ноҳияи Данғара Сайдализода Садриддин Достӣ иштирок намуда, ҳозиринро бо ҳар як банди тағйиру иловаҳои пешниҳодӣ ба Конститутсия шинос кард. Кормандон Абдуҷаббор Лақаев, Ҷӯрахон Маҳмадов, Шамсиддин Камолов, Шер Қурбонов ва Зафар Исматов баромад намуда, қайд карданд, ки раъйпурсии умумихалқӣ талаботи замон буда, ба хотири дар оянда ҳифз намудани амнияту озодӣ, таъмини рушди Тоҷикистон ва осудагиву хушбахтии халқи он гузаронида мешавад ва барои ояндаи боамну озоду ободии ватани маҳбубамон - Тоҷикистон ва хушбахтии худ овоз хоҳем дод.

Маҳмадулло МУРОДОВ, корманди муассисаи
давлатии хоҷагии ҷангали
ноҳияи Данғара



Шарҳи хонандагон +

Матолиби дигар:

Ба раъйпурсӣ омодаанд

Ба раъйпурсӣ омодаанд

Хабарҳо, Сиёсат, Номаҳои Шумо
Инъикоси раъйпурсӣ дар ВАО

Инъикоси раъйпурсӣ дар ВАО

Хабарҳо, Ҳуқуқу амният, ҲАНГОМА ПАҲЛАВОНОВА
Дар бораи раъйпурсӣ чӣ медонед?

Дар бораи раъйпурсӣ чӣ медонед?

---
Шарҳи тағйиру иловаҳо ба Конститутсия

Шарҳи тағйиру иловаҳо ба Конститутсия

Хабарҳо, НОСИРҶОН МАЪМУРЗОДА
Суди конститутсионӣ мувофиқати лоиҳаи тағйиру иловаҳои воридшаванда ба Конс ...

Суди конститутсионӣ мувофиқати лоиҳаи тағйиру иловаҳои воридшаванда ба Конс ...

Хабарҳо, Ҳуқуқу амният