Дар як сатр
» » Терроризму ифротгароӣ ва хатари он ба ҷамъият

Терроризму ифротгароӣ ва хатари он ба ҷамъият

17-05-2016, 10:08



«Мубориза бо терроризм ва экстремизм муборизаи муштараки кишварҳои дунёро тақозо менамояд»
Эмомалӣ Раҳмон

Терроризму ифротгароӣ ва хатари он ба ҷамъият

Терроризм зуҳуроти мушкили гуногунҷабҳаи ҳаёти ҷамъиятӣ буда, дорои таърихи чандасра ва хусусиятҳои равиявию даҳшатона мебошад, ки диққати ҷомеаи ҷаҳониро ба худ ҷалб менамояд. Пайдоиши калимаи «террор» дар забони лотинӣ бо ду маъно дарҷ гардидааст:

1. Дар маънои «тарс», «даҳшат»;

2. Дар маънои «предмети тарс», «ваҳмандозандаи ҳолат».


Баъди чунин маънидодкунӣ аниқтараш дар асри 18 калимаи «террор» аз ҷониби олимони фаронсавӣ таҳти омӯзиш қарор дода шуда истилоҳи калимаи «teror» - ро ҳамчун «даҳшат» эътироф намуда, қайд карданд, ки даҳшатро дар таркиш, сӯхтор ва тирпаронӣ дидан мумкин аст. Дар забони русӣ бошад калимаи «террор» ва «терроризм» каме дертар, аниқтараш аввали асри 19 аз забони фаронсавӣ ворид гардид.

Соли 1816 олими рус И.И. Татишев аввалин маротиба мафҳуми «терроризм»-ро ҳамчун «системаи хавфноки идоравӣ ва амалҳои даҳшатовар» шарҳ додааст.

Дар охири асри 19 аз ҷониби олимон ҳаммонандии ду мафҳум «террор» ва «терроризм» муайян карда шуда, аммо дар кушодани ин ду мафҳум ба ду мафҳуми гуногуни алоҳида маънидод намудаанд, яъне:

1. «Террор» - ҳамчун системаи сиёсии тарсонидани аҳолӣ бо мақсади нигоҳ доштани ҳизб ё ин ки ҳукумат ва баҳри расидан ба мақсадҳои гуногун анҷом дода мешавад.

2. «Терроризм» - бошад, даҳшат, тарсонидан, тарсонидани аҳолӣ бо иҷрои ҳукмҳои қатл, одамкушӣ, ки сарҳади мафҳумро васеътар намудааст.


Аввалин маротиба соли 1926 дар Кодекси ҷинояти РСФСР дар боби якум, ки «Ҷиноятҳо ба муқобили давлат» номгузорӣ шуда буд, дар моддаи 58 (8) ҷавобгарии ҷиноятӣ барои ҷиноятҳои контрреволютсионӣ муқаррар шуда буд. Марҳилаи дигари муқаррар намудани ҷавобгарии ҷиноятӣ барои «Акти террористӣ» дар асоси қабули Кодекси нави ҷиноятии РСФСР соли 1960 ба миён омад. Агар мо ба таърихи қонунгузориҳои ҷиноятии РС Тоҷикистон назар афканем, он гоҳ муайян карда мешавад, ки аз соли 1935 то давраи муосир, ки 3 маротиба Кодекси ҷиноятии РСС Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул карда шудааст, чунин муқаррарнамоии ҷавобгарии ҷиноятӣ барои «акти террористӣ» мушоҳида карда мешавад.

Дар Кодекси ҷиноятии РСС Тоҷикистон соли 1935 ду модда 59 ва 60 ҷавобгарии ҷиноятиро барои содири акти террористӣ ва барои тарконидану сузондан ё ин ки бо дигар роҳ несту нобуд сохтани роҳи оҳан, воситаи алоқа, нуқтаҳои обгузар, амборҳои ҷамъиятӣ ва дигар амволҳои давлатӣ муқаррар намуда буд.

Дар боби якуми Кодекси ҷиноятии РСС Тоҷикистон соли 1961 «Ҷиноятҳо ба муқобили давлат» номгузорӣ шуда буд, ки дар моддаҳои 63 - 64 ҷавобгарии ҷиноятӣ барои содири акти террористӣ муқаррар шуда буду халос.

Чи тавре ки меъёрҳои моддаҳои қонунгузориҳои ду Кодекси ҷиноятии РСС Тоҷикистон нишон медиҳанд, оид ба акти террористӣ ва амалҳои зиёновар ҷавобгарии ҷиноятӣ муқаррар шуда буд, аммо нисбати худи «терроризм» ягон меъёре ҷой надошт.

Ҳамин тариқ, дар асоси қабули санадҳои байналмилалӣ ва таҷрибаи амалҳои рухдода инчунин, бо дарназардошти фикру ақидаҳои олимон ва ҷудо намудани мафҳумҳои «акти террористӣ» аз «терроризм» ва муайян намудани худи мафҳуми «терроризм ва ба ҷамъият хавфнокии он» дар боби 21 Кодекси амалкунандаи ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки 21 майи соли 1998 қабул карда шудааст, ҷавобгарии ҷиноятӣ барои «терроризм» дар моддаи 179 муқаррар карда шудааст.

Мувофиқи моддаи 179-и Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон, тероризм - яъне содир намудани таркиш, сӯхтор, тирпаронӣ аз силоҳи оташфишон ё дигар кирдоре, ки боиси хавфи марги одамон, расонидани зарари ҷиддӣ ба молу мулк ё ба миён омадани оқибатҳои дигари барои ҷамъият хавфнок мегардад, агар ин кирдор бо мақсади халалдор сохтани амнияти ҷамъиятӣ, тарсондани аҳолӣ, ё расонидани таъсир ҷиҳати аз ҷониби мақомоти ҳокимият қабул намудани қарор, инчунин таҳдиди анҷом додани кирдорҳои зикршуда ба ҳамин мақсадҳо.

Оид ба дуруст татбиқ намудани қонунгузорие, ки барои терроризм ҷавобгариро пешбинӣ намудааст, Қарори Пленуми Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи таҷрибаи аз ҷониби судҳо татбиқ намудани қонунгузорӣ оиди ҷавобгарӣ барои терроризм» 2 октябри соли 2003 № 18 қабул карда шудааст, дар он мафҳумҳое, ки аломатҳои таркиби ин ҷиноятро тавсиф медиҳанд, оварда шудаанд.

Объекти ҷинояти дидашаванда бехатарии ҷамъиятӣ ва амнияти давлат мебошад. Терроризм ҳамчун ҷинояти характери байналмилали дошта сарҳад надорад. Худи террорист бошад ватан, миллат ва дину мазҳаб надорад. Ғайр аз ин чи тавре ки Сарвари давлати мо, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мақсаднок қайд намудаанд: «Терроризм ва экстремизм ба дини мубини ислом иртиботе надорад, чунки дини мубини ислом пок буда, танҳо ва танҳо покӣ, ростқавлӣ ва сулҳу суботро мепарастад».

Терроризм ҷинояте мебошад, ки ба якчанд объект равона карда шуда, пеш аз ҳама, ба амнияти ҷамъиятӣ, фаъолияти муътадили мақомоти ҳокимият, ҳамчунин ба ҳаёт ва саломатии шаҳрвандон, ходими ҷамъиятӣ ё намояндаи ҳокимият таҷовуз мекунад.

Бо таъсири ваҳмангези худ терроризм ё ба доираи васеи шаҳрвандон ва чун қоида ба доираи номаълум, баъзан ба аҳолии тамоми шаҳру ноҳияҳо ё ба шахси мансабдори мушаххас ва мақомоти ҳокимият, ки дорои ҳуқуқи қабул кардани қарорҳои ташкилӣ – идоракунӣ мебошанд, равона карда шудааст.

Тарафи объективии ҷиноят дар содир намудани чунин ҳаракатҳо ифода мегардад:

1) содир намудани таркиш, сӯхтор, тирпаронӣ аз силоҳи оташфишон;

2) дигар кирдорҳое, ки боиси хавфи марги одамон мегардад;

3) расонидани зарари ҷиддӣ ба молу мулк;

4) ба миён омадани оқибатҳои дигари барои ҷамъият хавфнок;

5) таҳдиди анҷом додани кирдорҳои зикр-шуда;


Дар зери ибораи «расонидани зарари ҷиддӣ ба амвол» ба ҳадди муайяни маблағ маҳдуд нашудааст. Асос он аст, ки то чи дараҷа чунин зараррасонӣ, несту нобудкунӣ ва ё таҳдид бо ин амалҳо имконияти таъсиррасониро ба шуури ҷамъиятӣ ва фаъолияти мақомоти давлатӣ дорост. Ин аломат мумкин аст дар ҳолати қимати хеле кам доштани ашё ба инобат гирифта шавад, агар тарзи содиркунии он воқеан барои ҷамъият ва гурӯҳи одамон таҳлукаомез ва ваҳмангез бошад ин ҳолатҳо ба мақсади ҷинояткор мусоидат намояд.

Дар зери мафҳуми ибораи «ба миён омадани оқибатҳои дигари барои ҷамъият хавфнок» - зарар расонидан ба саломатии одамон, ба муҳлати дароз аз кор мондани корхона, нақлиёти ҷамъиятӣ, алоқа, заҳролудкунии ҳудуди калони маҳал, вайрон намудани низоми кори мақомоти давлатӣ ва идоракунӣ фаҳмида мешавад.
Терроризму ифротгароӣ ва хатари он ба ҷамъият

Таҳдид - ин мақсади дар шакли маъмурӣ ифодагардидаи содир намудани акти терористӣ набуда, балки арзи қатъии мақсадест, ки аз ҷиддӣ ва ҳақиқӣ будани чунин мақсад шаҳодат медиҳад.

Агар шахси кирдори террористӣ анҷомдиҳанда марги одамонро хоҳад ва ё бошуурона ба миён омадани чунин оқибатро фароҳам орад, он гоҳ кирдори ӯ аз рӯи маҷмӯи ҷиноят бо моддаҳои 104 ва 179 КҶ банду баст карда мешавад.

Тарафи субъективии ҷиноят – гуноҳ дар шакли қасди бевосита.

Мақсади ибтидоии терроризм халалдор сохтани амнияти ҷамъиятӣ, тарсонидани аҳолӣ, ба воҳима ва таҳлуқа овардани одамон равона шуда тавассути он ба мақомоти давлатӣ фишор оварда мешавад. Чунин ҳаракатҳо мақсади ниҳоии ҷинояткоронро чун маҷбур сохтани мақомоти давлатӣ барои қабули қарори ғайриҳуқуқӣ, ки ба манфиати онҳост ва бо мақсади резонидани обрӯ ва манзалати мақомоти давлатӣ равона карда мешавад.

Эзоҳ: шахсе, ки дар омода сохтани кирдори терористӣ иштирок дорад, агар мақомоти давлатиро сари вақт огоҳ созад ё бо роҳи дигар содир гаштани кирдори терористиро пешгирӣ кунад ва агар дар ҳаракатҳои ин шахс дигар таркиби ҷиноят мавҷуд набошад, аз ҷавобгарии ҷиноятӣ озод карда мешавад.

Имрӯз оромиву суботи ҷомеаи ҷаҳониро ташкилу ташаккули гурӯҳҳои экстремистию террористӣ таҳдид менамояд. Барои бомуваффақият муқобили экстримизм (ифротгароӣ) ва пешгирии он дар ҷомеа мубориза бурдан, ҷанбаи ҷиноятии ин зуҳуротро донистан ва фаҳмидан зарур аст,
Мафҳуми экстремизм (ифротгароӣ) дар Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мубориза бар зидди экстремизм (ифротгароӣ)» аз 8 декабри соли 2003 муайян карда шудааст, ки тибқи он экстремизм - ин изҳори фаъолияти ифротии шахсони ҳуқуқӣ ва воқеӣ ба даъвати нооромӣ, дигаркунии сохти конститутсионӣ дар давлат, ғасби ҳокимият ва аз худ намудани салоҳиятҳои он, ангезонидани нажодпарастӣ, миллатгароӣ, бадбинии иҷтимоӣ - мазҳабӣ мебошад.

Мутобиқи банди 1-уми Қарори Пленуми Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 31.08. соли 2007, № 7 «Дар бораи таҷрибаи баррасии парвандаҳои ҷиноятӣ марбут ба ташкилотҳои экстремистӣ (ифротгароӣ) барои экстремистӣ эътироф намудани фаъолияти ифротии шахсони ҳуқуқӣ ё воқеӣ, фаъолияти ҳизб, ҳаракат ё дигар иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ё динӣ муқаррар намудан лозим аст, ки ҳаракатҳои онҳо барои ба тарзи маҷбурӣ тағйир додани сохти конститутсионӣ ва халалдор сохтани ягонагии Ҷумҳурии Тоҷикистон, зарар расонидан ба амнияти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ғасб ё аз худ намудани салоҳияти ваколатҳои ҳокимият, ташкил кардани гурӯҳҳои мусаллаҳи ғайриқонунӣ, амалӣ гардонидани фаъолияти террористӣ, ангезонидани муноқишаҳои нажодӣ, миллӣ ё динӣ, инчунин муноқишаҳои иҷтимоӣ, ки бо зуроварӣ ба даъват ба зуроварӣ алоқаманд аст, паст задани шанъну шарафи миллӣ, ба амал овардани бетартибиҳои оммавӣ, авбошӣ ва харобкорӣ бо сабабҳои душманӣ ё бадбинӣ ё душманӣ нисбати ягон гурӯҳи иҷтимоӣ, ташвиқот оид ба бартарӣ доштан ё номукаммалии шаҳрвандон бе хусусиятҳои муносибати онҳо ба дин, тамоюли иҷтимоӣ, нажодӣ, миллӣ ва забонии онҳо, даъватҳои оммавӣ барои амалӣ гардонидани фаъолияти мазкур ё расонидани кӯмак, барои амалӣ гаштани он, ҷудо кардани манзил, базаҳои полиграфӣ, моддӣ - техникӣ барои амалӣ шудани ин фаъолият равона карда шудааст.

Мувофиқи фасли 8, боби 29-и Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Ҷиноятҳо ба муқобили асосҳои сохти конститутсионӣ ва амнияти давлатӣ», ҷиноятҳои дорои характери экстремистӣ (ифротгароӣ) дошта дар 6 моддаи Кодекси ҷиноятӣ муқаррар карда шудааст, ки инҳо:

306-и Кодекси ҷиноятӣ бо зӯроварӣ ғасб намудани ҳокимият ё бо зӯроварӣ нигоҳ доштани ҳокимият,

307-и КҶ - даъвати оммавӣ барои бо роҳи зӯроварӣ тағйир додани сохти конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон;

307(1)-и КҶ - даъвати оммавӣ дар ба амал баровардани фаъолияти экстремистӣ (ифротгароӣ);

307(2)-и КҶ - ташкили иттиҳоди экстремистӣ (ифротгароӣ);

307(3)-и КҶ - ташкили фаъолияти ташкилоти экстремистӣ (ифротгароӣ);

307(4)-и КҶ - ташкили таълим ё гурӯҳи таълимии хусусияти динии экстремистидошта мебошад.


Тибқи муқаррароти Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мубориза бар зидди экстремизм (ифротгароӣ)» таҳти мафҳуми ташкилоти экстремистӣ иттиҳодияи ҷамъиятӣ, динӣ ё дигар ташкилоти ғайритиҷоратие фаҳмида мешавад, ки нисбати он тибқи асосҳои пешбининамудаи Қонуни мазкур оид ба барҳам додан ё манъ намудани фаъолият вобаста ба машғул шудан ба фаъолияти экстремистӣ қарори суд ба қувваи қонунӣ даромадааст.

Бинобар ҳамин, дар назар доштан зарур аст, ки бо ҳалномаи Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 19 апрели соли 2001 фаъолияти «Ҳизб-ул-таҳрир» ғайриқонунӣ амалкунанда эътироф карда шуда, дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон манъ карда шудааст. Инчунин бо ҳалномаи Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 марти соли 2006 ташкилотҳои зерин террористӣ ва экстремистӣ дониста шуда, фаъ-олияти онҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон манъ карда шудааст:

1) Ал-Қоида

2) Ҳаракати Туркистони шарқӣ

3) Ҳизби Исломии Туркистон (собиқ ҳаракати исломии ӯзбекистон)

4) Ҳаракати Толибон

5) Бародарони мусулмон

6) Лашкари Тойиба

7) Гурӯҳи Исломӣ

8) Ҷамъияти Исломии Покистон

9) Ҷамъияти таблиғ

10) Ташкилоти динӣ - миссионерии Созмони таблиғот

11) Тоҷикистони озод


Ғайр аз ин, бо ҳалномаи Суди Олии Ҷумҳу-рии Тоҷикистон аз 29 сентябри соли 2015 фаъолияти «Ҳизби Наҳзати Исломӣ» дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон манъ карда шуда, он ҳамчун ташкилоти террористӣ ва экстремистӣ дониста шуд.

Тибқи банди 5-уми Қарори Пленуми суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи таҷрибаи баррасии парвандаҳои ҷиноятӣ марбут ба ташкилотҳои экстремистӣ (террористӣ) аз 31 августи соли 2007, № 7 таҳти мафҳуми ташкили иттиҳодияҳои экстремистӣ ҳаракатҳое фаҳмида мешавад, ки кирдори шахс ё гурӯҳи шахсон барои таъсис додани чунин иттиҳод, ҷалб намудани аъзоёни он, таҳияи оинома ва барнома, муайян намудани сохтор ва вазифаҳои функсионалии ҷузъу томҳои он, тайёр кардани маводи тарғиботиву ташвиқотӣ, шумораи аъзоёни чунин ташкилот, ташкили воҳидҳои марказӣ ва минтақавӣ, ташкили тарзи фаъолияти чунин иттиҳод ва манбаи моддии фаъолияти он равона карда шудаанд.
Терроризму ифротгароӣ ва хатари он ба ҷамъият

Инчунин тибқи банди 9-уми қарори мазкур ташкили фаъолияти ташкилоти экстремистӣ (ифротгароӣ) дар муҳайё кардани шароит барои давом додани фаъолияти ташкилоти барҳамдодашуда ва гузаштани ташкилот ба ҳолати пинҳонӣ, ташкил кардани махфигоҳҳову биноҳо барои гузаронидани маҷлисҳо, ҷой кардани аъзои ташкилот, нигоҳ доштани мавод ва адабиётҳо, кор карда баромадани нақшаҳои нави фаъолияти ташкилот, аз нав ба қайд гирифтани аъзои ташкилот ва ғайра ифода меёбад.

Ҳамин тариқ, баъди таҳлили чунин хулосабарорӣ намудан мувофиқи мақсад аст:

1.Экстремизм (ифротгароӣ) ба шуури ҷамъиятӣ, иродаву психологияи ҷамъиятӣ, ахлоқ ва идеологияи омма паҳн гардида ба муносибати байни гурӯҳҳои ҷамъиятӣ (экстремизми иҷтимоӣ) миллат (экстремизми миллатгароӣ ё халқҳо) иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ, ҳизбҳои сиёсӣ-давлатӣ (экстрмизми сиёсӣ) ва мазҳабҳои диннӣ (экстремизми диннӣ) таъсир мерасонад.

2.Экстремизм гуногуншакл буда, мақсади он низ ба тарзи гуногун дар ҷомеа паҳн мегардад. Мақсади онҳо - моддӣ, идеологӣ, хоҳиши дигаргунсозӣ, қонеъ нагардидан аз вазъияти воқеӣ, ҳокимиятдорӣ бар одамон, тағйир додани сохти конститутсионии давлат, ноором сохтани вазъият, халалдор сохтани ягонагии Ҷумҳурии Тоҷикистон, гирифтани салоҳиятҳои ҳокимият, душманӣ, бадбинӣ ва ғараз аст.

3.Таҷрибаи сиёсии экстремистӣ, инъикоси худро дар шаклҳои гуногуни фаъолияти экстремистӣ пайдо намуда, ки ин дар шакли исён, ба фаъолияти шурангезона ва терроризм зоҳир мешавад.

4.Экстремизм (ифротгароӣ) ҷинояти махсусан вазнин буда, ба ҷамъият хавфнокии он зоҳир мегардад, ба оромии кишвар, сулҳу субот, ҳаёт ва саломатии инсоният, амнияту сохти конститутсионии ҳокимияти давлатӣ, соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоии ҳокимияти давлатӣ ва пеш аз ҳама ба системаи сиёсии давлат, ягонагӣ ва бехатарии мамлакат зарар мерасонад.


Қобили зикр аст, ки кӯдакон, наврасон ва ҷавонон табақаи муҳими ҷомеа буда, андешидани тадбирҳои судманд баҳри некӯаҳволии онҳо ҳамеша зери диққати Ҳукумати ҷумҳурӣ қарор дорад.

Ҷавонон ояндаи генофонди миллати тоҷик буда, ҳамеша аз ҷониби Сарвари давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дастгирӣ карда мешаванд.

Дар асоси чунин дастгириҳо ва ғамхориҳо аз ҷониби Сарвари давлат соли 2009-ро соли ҷавонон эълон шуд. Ғайр аз ин ҳар сол санаи 23 май дар ҳудуди ҷумҳурӣ рӯзи ҷавонон бо иштироки бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷашн гирифта мешавад.

Яке аз самтҳои сиёсати пешгирифтаи Сарвари давлат ва Ҳукумат дастгирии насли наврас ва ҷавонон буда, баҳри донишомӯзӣ ва касбомӯзии онҳо қувваи худро дареғ намедорад, то он ки ҷавонони мо соҳибилму соҳибистеъдод гардида баҳри ободии халқу ватани худ хизматҳои беназирро анҷом диҳанд.

Аммо ба ҳама саъю кӯшишҳои давлату ҳукумат нигоҳ накарда, дар ҷомеаи имрӯза падидаҳои манфие низ, ба монанди гаравидани ҷавонон ба ҳар гуна ҳизбу ҳаракатҳои бегона, даст задан ба ҷиноятҳои дорои характери террористиву экстремисти дошта, нашъамандӣ ва дигар намуди ҷиноятҳо ба чашм мерасад, ки ин аз шуури паст ва тарбияи нодуруст гирифтани онҳо дар оила шаҳодат медиҳад.

Чи тавре Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон борҳо таъкид намудаанд, зиракии сиёсии ҷавонон ва кулли мардуми Тоҷикистон омили амнияти миллӣ, дифои ваҳдати миллӣ, худшиносии миллӣ, дарки ҳисси ватандӯстӣ, ватанпарварӣ, хештаншиносӣ ва волоияти қонунҳо мебошад.

Аз ин рӯ, аз ҷавонон хоҳиш карда мешавад, ки ҳидоятҳои Сарвари давлатро пайравӣ намуда, аз падидаҳои манфие, ки ҷомеаи имрӯзаро зери хатар мондааст, худро эмин нигоҳ доред.

Амирулло АСАДУЛЛО,
раиси шаҳри Қӯрғонтеппа,

Назир АЗИМЗОДА,
роҳбари дастгоҳи раиси шаҳри Қӯрғонтеппа



Шарҳи хонандагон +
I ain’t figured it, you would be the one to cut me
-----

dumps with pin shop

Descending the cold steps of the institution for the politically insane
-----

dumps cvv

Don't want no pity for me in this filthy ceil
-----

carders forum

After centuries of living with nothing but my convictions
-----

cc dumps with pin

А теперь о своем поговорим
-----

загрузить
22 декабр 2016 15:14
Больше не стоит говорить об этом

----------
ключ активации windows 7
4 январ 2017 00:45

Матолиби дигар:

Тағйиру иловаҳо ба Конститутсия зарурати ҷомеаи Тоҷикистон аст

Тағйиру иловаҳо ба Конститутсия зарурати ҷомеаи Тоҷикистон аст

Хабарҳо, Ҳуқуқу амният, Номаҳои Шумо
Қӯрғонтеппа. Конфронси илмӣ-амалӣ дар мавзӯи «Муқовимат ба терроризм: дасто ...

Қӯрғонтеппа. Конфронси илмӣ-амалӣ дар мавзӯи «Муқовимат ба терроризм: дасто ...

Хабарҳо, Ҳуқуқу амният, Ҷавонон ва варзиш, НОСИРҶОН МАЪМУРЗОДА
Ифтитоҳи 99 парванда алайҳи ифротгароӣ

Ифтитоҳи 99 парванда алайҳи ифротгароӣ

Хабарҳо, Ҳуқуқу амният, НОСИРҶОН МАЪМУРЗОДА
Терроризм, стратегияи Озодӣ ва қонунҳои Тоҷикистон

Терроризм, стратегияи Озодӣ ва қонунҳои Тоҷикистон

Сиёсат, Ҳуқуқу амният, НОСИРҶОН МАЪМУРЗОДА
Конститутсия - кафили озодии сухан

Конститутсия - кафили озодии сухан

Ҳуқуқу амният, НОСИРҶОН МАЪМУРЗОДА