Дар як сатр
» » Гунҷишкро кӣ кушад? – Қассоб

Гунҷишкро кӣ кушад? – Қассоб

17-05-2016, 09:39

Гунҷишкро кӣ кушад? – Қассоб

Дар баромади худ Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҷамъомади бахшида ба истиқболи «Таҷлили Рӯзи забони давлатӣ», 04 октябри соли 2012 дар бинои театри давлатии опера ва балети ба номи С. Айнии шаҳри Душанбе, оид ба беҳдошти забони давлатӣ чунин андешаи муҳимму мубрами замонро иброз доштанд: «Номҳое, ки бо мурури замон тағйир ёфтаанд, имрӯз дар асоси осори куҳани хаттӣ бояд дар шакли дуруст барқарор карда шавад. Аммо, мутаассифона, дар ин самт камбудиҳо зиёд ба мушоҳида мерасанд. Вазорати маориф, фарҳанг, кумитаи телевизион ва радио, умуман мақомоти ҳокимияти давлатиро лозим аст, ки то дар бораи бартараф намудани камбудиҳо чораҳо андешанд».

Албатта, баъд аз суханронии Сарвари давлат тӯли чор сол мешавад, ки перомуни ин мавзӯъ бештари муҳаққиқони забоншиносу фарҳангшинос фикру мулоҳизаҳои ҷолиби худро дар матбуоти даврӣ дарҷ намуданд. Аммо, ҳоло мебинем, ки суханони мусаннифон бар онҳое, ки нисбати забони ноби тоҷикӣ беэътиноянд, таъсире набахшидааст, пас нисбати ин мавзӯи рӯз андешаҳои хешро баён менамоем.

Чанд рӯз мешавад, ки ба мутолиаи китоби Январ Шукрии Самарқандӣ «Фарҳанги номвожаҳои форсӣ-тоҷикӣ» машғулам. Ин китоб соли 2010 аз чоп баромада, оид ба 27000 номҳои маъруфи мардуми тоҷик бо тавзеҳу ташреҳ гирд оварда шудааст. Бале, барои воқиф будан аз маънии номи худ, ин китоб маъхазест муҳим, аз тарафи дигар, донистани маънии номи худ нишони ирфонист, ҳатто мавриди ифтихор ҳам ҳаст. Аммо, мутмаинам, на ҳама аз маънои исми худ огоҳанд, зеро илтифоте ба он надоранд ё нисбати номи худ бетафовутанд. Шояд ҳамин бетафовутист, ки имрӯзҳо мо ба гурӯҳи номҳое рӯ ба рӯ мешавем, ки на танҳо нодуруст талаффуз карда мешаванд, балки нодуруст навишта ҳам мешаванд. Агар ин тавр бошад, моро тавсия ба шумо-хонандаи гиромӣ он бошад, ки бо истифода аз ин китоб метавон аз асрори номи худ ва номи дигарон-падару модар, хурду калони хона, хешу табор, ҳаққу ҳамсоя ва ғайраҳо бе мушкилоти зиёд огаҳӣ ёбед. Пас, гумон дорам, ҳанӯз дер нашудааст, яъне бо даст додани вақт аз рӯйи кунҷковӣ боре ин китобро варақ гардонед. Вале мақсади асосии мо ин нест, ки доир ба маънӣ ва тобишҳои номҳои дохили китоб машғул бошем, ин дар омади гап буд, ки мухтасар гуфта шуд.

Ҷиҳати муҳим ва беҳтарини ин китоб он аст, ки муаллиф кӯшидааст, ин ҷо номҳои мардумиро, ки бо мурури гузашти замон (шояд бо сабаби дур шудан аз хатти ниёгонамон бошад) ғалату нуқсондор гашта буданд, сареҳатан аз нав ислоҳ намояд, хусусан, оид ба тарзи дуруст навиштани номҳои иқтибосии арабӣ. Дар омади сухан, шояд огоҳ бошед; он номҳое, ки дар таркиби худ ташдид доранд ва ё бо навишти хатти ниёгонамон (хатти арабиасос) артикли «ал»-ро қабул намудаанд, бо назардошти имлои ҳарфҳои шамсию қамарӣ дар номнависӣ ва, умуман, калимасозӣ ин гуна калимаҳо то як андоза имлои хоси худро доранд, ки масъулин ба он ҷиддӣ диққат намедиҳанд. Дар айни замон, ин «бедиққатӣ» ба ҷойе расида, ки имрӯзҳо қариб аксарияти номҳо ва калимаҳои мансуби он аз ғалатҳо орӣ нестанд, алалхусус, дар ҳуҷҷати шахсии (шиносномаи) ҳар як шаҳрванди тоҷикистонӣ. Барои тасдиқи фикр овардани якчанд намуна, гумон мекунам, кифоя бошад. Ин, ба мисли исмҳои Асадуло, (тарзи дурусташ-Асадуллоҳ), Нуруло (Нуруллоҳ), Имомидин (Имомиддин), Аҳлидин (Аҳлиддин), Ахмед (Аҳмад), Изатуло (Иззатуллоҳ), Зебуниссо (Зебуннисо), Хайриниссо (Хайриннисо), Абдураҳим (Абдурраҳим), Абдусатор (Абдуссаттор), Абдураҳмон (Абдурраҳмон) ва даҳҳо номи дигар, ки зикрашон бешуморанд. Дарвоқеъ, чӣ тавре ки мебинем, номҳои болозикр на танҳо нодуруст талаффуз мешаванд, балки дар низоми имло низ қобили қабул нестанд.

Пас, чӣ бояд кард ва кадом чораҳоро биандешем, то аз ин ғалатнависии номҳо раҳоӣ ёбем?

Барои ин гиреҳро кушодан, мехостем хонандагони иштиёқманди ин мавзӯъро ба байти шоири нуктадоне мутаваҷҷеҳ бисозем, ки ӯ дар он чунин мегӯяд:

Хишти аввал гар ниҳад меъмор каҷ,
То Сурайё мерасад девор каҷ!


Аз маънии ин байт худ акнун аён мегардад, ки сабабгори ҳамаи ин ноҷӯриҳои ному дилмондагиву дилозурдагиву дилсардии соҳибони номҳо шояд ҳамон «меъмор», яъне котибони ҷамоати деҳот, ки аз субҳ то шом дар курсӣ сарфи рӯз намуда, боре намеандешанд, ки аз ин «девор»-и онҳо шаҳрвандони «зарбхӯрда»-и бечора фардо аз онҳо то чӣ андоза «шод» мешаванд ва якумра онҳоро чӣ гуна «шукргузориву сипосгузорӣ» мекунанд.

Хулоса, аз санг задани мардуму шунидани маломати онҳо, гумон мекунам, он беҳ нест, ки ин гуна тоифа мардум оид ба кори худ ва суханони дар боло овардаи мо каме биандешанд ва ба хулосаҳои амиқ биёянд. Беҳтар мебуд, агар дар мансаби котибот, ки ин гурӯҳ бевосита бо хат сарукор доранд, ҳатман, мутахассиси ботаҷрибаи забони тоҷикӣ (филологи тоҷик) таъин мешуд, зиёну нуқсон дар ин қисм камтар мегашт. Яъне, чӣ тавре ки мегӯянд, «гунҷишкро кӣ кушад? - Қассоб!»

Суннатуллоҳ МАҲМАДУЛЛОЕВ,
директори МТМУ №31-и
ноҳияи Ҷайҳун



Шарҳи хонандагон +

Матолиби дигар:

«Причоска»-ра бин, гўшот меҷунба!

«Причоска»-ра бин, гўшот меҷунба!

Фарҳанг ва адабиёт, Ҷавонон ва варзиш
Номи тифлро чӣ монем: Табару Гургак ё Абдурасул?

Номи тифлро чӣ монем: Табару Гургак ё Абдурасул?

Хабарҳо, Ҷавонон ва варзиш, Маориф ва илм, НИЗОМИДДИН ИСОЕВ
Келин ганда ё хушдоман?

Келин ганда ё хушдоман?

Ҳаёти иҷтимоӣ, Хабарҳо, Ҷавонон ва варзиш, КОМРОНИ БАХТИЁР
Дар 2015 ба фарзандатон чӣ ном мегузоред?

Дар 2015 ба фарзандатон чӣ ном мегузоред?

Маориф ва илм, НИЗОМИДДИН ИСОЕВ
Худо аз марги забон нигоҳ дорад!

Худо аз марги забон нигоҳ дорад!

Фарҳанг ва адабиёт, КОМРОНИ БАХТИЁР