Рӯзномаи Хатлон » Слайдер » Боғу токпарварӣ диққати ҷиддӣ мехоҳад!


Боғу токпарварӣ диққати ҷиддӣ мехоҳад!



Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба масъалаи рушди соҳаи боғу токпарварӣ диққати махсус дода, оид ба беҳдошти соҳаи мазкур тадбирҳои зарурӣ меандешад. Алалхусус, баъди қабул гардидани “Барномаи давлатии рушди соҳаи боғу токпарварӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2016-2020” дар кишвар хоҷагиҳои зиёди боғу токпарварӣ ташкил гардида, майдонҳои боғу ток низ зиёд карда шуд.

Мутаассифона, дар баъзе аз манотиқи кишвар ба ин соҳаи муҳим таваҷҷуҳ камтар аст. Масалан, агар ба дуконҳои фурӯш, бозорҳои навоҳии Ҳамадонӣ, Фархору Восеъ ва шаҳри Кӯлоб назар афканем, танҳо ангури ноҳияҳои Турсунзодаву Ҳисор ва себҳои ноҳияҳои Шамсиддин Шоҳин, Муъминободу Ховалингро мебинем. Аз маҳсулоти худӣ ба чашм қариб ки намерасад. Суоли матраҳ ин аст, ки масъулин куҷоро назорат мекунанд? Шояд баъзеҳо мегӯянд, ки боғу токзори мо акнун ба ҳосил медарояд. Бигузор ҳамин тавр бошад. Вале, ин худсафедкунӣ чандон асос надорад.

Магар токзори ноҳияҳои Турсунзодаву Ҳисор ва ё хоҷагиҳои ба номи Файзи Саиду Султони Кабири Ҷамоати деҳоти ба номи “Рӯдакӣ”-и ноҳияи Восеъ замони Шӯравӣ бунёд ёфтаанд? Дар ин хоҷагиҳо ва хоҷагиҳои токпарварии ноҳияҳои номбурда, ки давоми 5-10 соли охир бунёд ёфтаанд, шахсан Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ташриф оварда, аз онҳо дида кардаанд.

- Замони Шӯравӣ хоҷагии (совхози) боғутокпарварии ба номи Ленин зиёда аз 800 гектар токзор ва зиёда аз 100 гектар себзор дошт. Ҳар сол аз 12 то 16 ҳазор тонна ангур истеҳсол мекард. Хоҷагӣ ангуру себи худро ба Ӯзбекистон ва Россия мефиристод. Навъҳои беҳтарини ангур, аз қабилӣ ангурҳои шаробӣ -рокасители, баян-ширей, кабарне ва навъҳои ошхонагӣ - тоифӣ, гулобӣ, ҳусайнӣ, султонӣ - ҷавзӣ, кишмиши сиёҳу сафед парвариш карда мешуд, - гуфт зимни суҳбат бо рӯзномаи “Хатлон” кишоварз Камол Раҷабов.

Ба қавли К. Раҷабов бо як қарори беандешаонаи горбачёвӣ ҳамаи ин ба боди фано рафт. Баъдан, қисми боқимондаи майдони боғ давоми солҳои ҷанги шаҳрвандӣ, ки хеле душвориҳоро ба сари мардум оварда буд, ба нестӣ рафт. Ба хотири истеҳсоли ғалла ва раҳоӣ аз гуруснагӣ байни қаторҳои ангурзор гандум кишт карда шуд, ки ин нестшавии токзорро боз ҳам тезонид. Ҳарчанд, имрӯз дар мамлакат ба қадри зарурӣ майдонҳои боғу токзор аст, вале, на ҳамаашон ҳосили баланд медиҳанд. Шояд, баъзеашон танҳо хоҷагидорро таъмин карда тавонаду халос. Чӣ ҳоҷати ба бозор баровардан аст? Ин ҷо чанд сабабу омиле ҳаст, ки шояд онҳо монеи пешрафти соҳа ва фаровонҳосилии токзору боғ бошанд.

Аввалан, мутахассисон бар он назаранд, ки аз сифати ниҳоли дарахтони шинондашуда вобастагӣ дорад. Ниҳоли хуб пайвандшуда давоми се ё чор сол метавонад ҳосил диҳад. Вале, баъзе ниҳолҳо баъди 6-7-сола шудан, ба ҳосил меоянд, он ҳам бошад, хеле пастсифат мебошанд. Боғдор чун мебинад, ки маҳсули меҳнаташ ҳеҷ аст, дилхунук мешавад ва минбаъд онро фаромӯш мекунад. Агар назорат ҷиддӣ мешуд, хоҷагиҳои ниҳолпарвару ниҳолфурӯш масъулият ҳис мекарданду ҳеҷ гоҳ ниҳоли пастсифатро ба бозор намеоварданд, ба хоҷагиҳои боғпарвар намефурӯхтанд. Аз ин лиҳоз, аснои харидорӣ хоҷагиҳои ниҳолпарвар ва ҳатто оилаҳои алоҳида, ки ба ниҳолпарварӣ машғуланд, бояд аз боғҳои модарӣ (маточний сад) истифода намоянд. Ин чунин боғест, ки дар он навъҳои беҳтарини ниҳолҳо парвариш карда шуда, аз он барои пайванд шохча гирифта мешавад.

Ақаллан, дар ҳар ноҳияи боғу токпарвар яктогӣ чунин боғ бояд фаъолият намояд. Дувум, сабабе ки ба баландшавии ҳосилнокӣ монеъ мегардад, ин набудани техникаи коркарди замини боғу ток мебошад. Боғу токпарварӣ низ ба худ техникаи махсус дорад. Бо тракторҳои чархдор (колясний), ки белҳояшон хеле каманд, байни дарахтони боғу токзорро нарм кардан хеле мушкил аст. То ҷои дилхоҳ, наздики ниҳоли дарахтон нарм кардан аз имкон дур мегардад. -Чӣ бояд кард? Ба фикрам, чандон душворӣ надорад. Дар аксари минтақаҳо ташкилоти агролизингӣ фаъолият мекунанд ва техникаи онҳо бештар дар самти пахтакорию ғаллакорӣ ва чорводорӣ фаъолият менамоянд ва ё онҳо ба хоҷагиҳои пурқувват фурӯхта мешаванд.

Хуб мешуд, ки техника ва мошинолотҳои соҳаи боғутокпарвариро низ дастрас намуда, дар ин самт истифода намоянд, чунки хоҷагиҳои хурд наметавонанд, дар алоҳидагӣ чунин техника харидорӣ намоянд. Самаранок истифода бурдани замин ва ҳамзамон шинондани навъҳои мутобиқ ба замин нақши асосӣ мебозад. Агар надонӣ, ки дар замини боғу ток кадом намуди ниҳоли дарахт ва ё ток нашъунамои хуб ва ҳосили баланд медиҳад, меҳнатат натиҷае намебахшад. Мутахассиси соҳа Камол Раҷабов мегӯяд, ки масалан, дар заминҳои таҳдашт, аз ҷумла, ноҳияҳои Восеъ, Ҳамадонию Фархор навъи себҳои семеренко, навъҳои бобоӣ, пешпазак хеле мувофиқ аст. Зеро, онҳо ба гармӣ ва ҳашарот тобоваранд.

Навъҳои сурхсеб, голден делишес, старт-кримсон шуданаш ҳам мумкин аст, вале бояд ҷои шамолрас бошад. Дар сурати дигар, себ тез вайрон мешавад, дарунаш сиёҳ мегардад. Ин навъ бештар дар кӯҳистон хеле мувофиқ аст. Ё ҳангоми коркард аз мутахассиси соҳа оид ба башаклдарории боғ, мубориза бо ҳашароти зараррасон ҳатман маслиҳат пурсид, дар ин сурат мо метавонем, ба натиҷаи дилхоҳ ноил гардем. Фаъол гардондани заводҳои консерваи меваю сабзавот дар ноҳияҳо муҳим аст. Онҳо имрӯз на ҳамаашон кор мекунанд, кор кунанд ҳам, камфаъоланд.


Наҷот САФАРЗОДА, «Хатлон» 

Дигар хабарҳо

хабарҳои охир

Яндекс.Метрика

Муассис:

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

САРМУҲАРРИР

Носирҷон Маъмурзода