Дар як сатр
» » Тоҷикистони азизам, модари ҷони манӣ

Тоҷикистони азизам, модари ҷони манӣ

17-05-2016, 09:04


Тоҷикистони азизам, модари ҷони манӣ

Одати Алиҷон ҳамин аст, ки ҳар рӯзи нав аз равзанаи умед дамидани субҳи содиқро истиқбол мегирад. Ин субҳ низ ӯ назди равзана нишаст. Субҳи сафою насими форами пагоҳӣ ба ӯ илҳоми тоза мебахшиданд. Ин субҳ бошад, чашми Алиҷон ба манзарае афтод, ки диққати ӯро бештар ба худ кашид.

Мусичае бо чӯҷааш, ки дар болои шохчаи ангур лона доштанд, ба суфаи рӯи ҳавлӣ омада нишастанд. Мусича аз гандумҳои дар он ҷо рехташуда чанд дона ба даҳони чӯҷа монда, боз парида ба лона рафтанд. Ин дафъа ӯ бо нӯли дарозаш зери қанот чӯҷаашро хор-хор намуда, ором кунонду дар парвоз шуд. Алиҷон бо дидани ин манзара пеши назар меҳри модарро овард, ки чӣ гуна ба фарзанд ӯ ғамхор аст. ӯ ба илҳом омад ва қалам ба даст гирифту болои коғаз ба навиштан даромад. Вақте ки сар бардошт, чашм ба модараш афтод, ки бо косаи шир дар назди ӯ рост истодааст. Алиҷон барои бехабар монданаш аз модар маъзарат хоста, ба қироати навиштаҳояш оғоз намуд:

Қалби меҳрангези пур аз сӯз дорад, модарам,
Чеҳраи пурнури ҳамчун рӯз дорад, модарам.
Дар ниҳодаш накҳату зебоии фасли баҳор,
Дар бараш пироҳани гулдӯз дорад, модарам.


Алиҷон шоири ҷавон буда, дар авҷи эҷод аст. Дар дил меҳру муҳаббат ва умеду орзуи зиёд мепарварад.

Мехоҳад ба дуриҳои дур парвоз намояд. ӯ аз он хурсанд аст, ки дар диёри биҳиштосою байни мардуми меҳнатдӯсташ зиндагӣ дорад. Сохтмонҳои азим, бунёди шаҳру деҳаҳои замонавӣ, гулпӯш гардидани кӯчаю хиёбонҳо, обшор шудани заминҳои бекорхобида ва ба ҳосил даромадани ҳазорҳо гектар боғу токзорҳои нав ба нав илҳоми эҷодии ӯро дучанд намуданд.

Сарчашмаи мавзӯи шеърҳояшро тараннуми Ватан, модар ташкил медиҳанд. Тоҷикистон барояш зеботарин кишвари рӯи ҷаҳон аст. ӯ онро беҳтар аз ҷон дӯст медорад. Хурсанд аз он аст, ки чунин як кишвари қуллаҳои барфпӯш, чашмаҳои шифобахш, обҳои шаффоф, манзараҳои дилкаш ва мардуми меҳнатию хирадманд дорад:

Тоҷикистон, Ҳисору Рашту Хатлонат хуш аст,
Мазраи зархез, пурфайзу Зарафшонат хуш аст.
Ифтихори мо бувад ҳар зарраи хоки Ватан,
Қуллаҳои сар ба афлоки Бадахшонат хуш аст.

Ватан ва модар барои Алиҷон як маънӣ дорад. Чунки инсон дар ҳаёт бо ин ду муқаддасот зинда асту мақсаду маром ва кору пайкорашро дар оғӯши онҳо амалӣ мегардонад. Дармонгоҳу дармонбахши ҳар кадоми мо Ватан, модар аст. Агар модар фарзандро ба дунё оварад, Ватан ӯро ба канор мегирад. Алиҷон аз ватандории худ ифтихор мекунаду шукӯҳу шаҳомати мардумаш, ҷавонони бомаърифату меҳнатдӯсташро дар шеърҳояш тараннум менамояд:

Тоҷикистони азизам, модари ҷони манӣ,
Нури чашму нури қалбу нури имони манӣ.
Роҳи ман аз шуълаи меҳри ту равшан гаштааст,
Сарнавишти бахту фардои дурахшони манӣ.


Бо амри тақдир Алиҷон дар зиндагӣ маҷрӯҳ гардид. Кӯшиши табибон барояш натиҷа надоданд. Ягона шахси дардошною ҳамсуҳбаташ модар гашт. Модар дар баробари кори хона боз кӯшиш мекард, ки бештар дар назди фарзандаш бошад, ҳар ду якҷоя китоб мехонданд. Алиҷон шеърҳои ба тозагӣ навиштаашро аввал назди модар қироат менамуд. Модар намехост ҷигарбандаш аз маҷрӯҳии худ озурдахотир шавад. Алиҷон сӯзиши қалби модарро низ мефаҳмид. Аз ин рӯ, дар шеърҳояш модарро ҳамчун шахси ба дил наздики фарзанд нишон додааст:

Аё модар, ту зебоӣ,
Муаттар ҳамчу гулҳоӣ.
Туро ман дӯст медорам,
Ба қалбу дидаам ҷоӣ.


Зиндагӣ ба инсон гоҳе ширинию гоҳе талхӣ меорад. Риштаи ҳаёти ягона шахси ғамхораш-модар канда шуд. Баҳори умраш ба хазонӣ рафту ноумедӣ дар қалбаш лона сохт.

Дубора чашм кушоду пеши назар китобро дид. Онро беҳтарин ҳамдаму ҳамроз, рафиқи мушфиқу меҳрубонаш донист.

Ту рафтӣ аз канори ман, хазон омад бачашмонам,
Надорӣ зинату бӯйе, дур аз ту ин ҷаҳони ман.
Симои пур зи меҳратро кашидам дар китоби дил,
Бувад биншаста номи ту ҳамеша дар забони ман
.

Мутолиаи китоб гулҳои боғи умеди Алиҷонро аз пажмурдашавӣ нигоҳ дошт.

Хандаи тифлакону аз пайи омӯзиши касбу ҳунар ва ободии кишвар қадам задани ҷавонон, дар фазои сулҳу ваҳдат озодона меҳнат намудани мардуми хушбахташ ба осмони тирагаштаи ӯ сафои рӯҳу илҳоми тоза бахшиданд. Комёбию дастовардҳои иҷтимоию иқтисодии мардумашро барояш хушбахтию рӯзи нав донист. Афсӯс аз он мехӯрд, ки ҳама чиз дар зиндагӣ ба даст омад, вале модар дигар дар бари ӯ нест:

Наврӯз расид ба кӯчаи мо,
Гул кард зи нав олучаи мо.
Як бори дигар баҳор омад,
Афсӯс, наомад очаи мо.


Об замини ташналабро корам мекунаду шеъри хуб одамро бомаърифат мегардонад ва ба мақсад мерасонад. Умед бар он дорем, ки Алиҷон бо шеърҳои навэҷодаш хотири мухлисонашро шод менамояд.

Намоз СОЛИЕВ,
омӯзгор аз шаҳри Сарбанд



Шарҳи хонандагон +

Матолиби дигар:

102 баҳори Ҳаитбибӣ

102 баҳори Ҳаитбибӣ

Ҳаёти иҷтимоӣ
4 таронаи дил. Барои модар

4 таронаи дил. Барои модар

Фарҳанг ва адабиёт, Ҷавонон ва варзиш, ҲАНГОМА ПАҲЛАВОНОВА
Модар, баҳор мисли ту зебо аст...

Модар, баҳор мисли ту зебо аст...

Фарҳанг ва адабиёт
Кистам ман?

Кистам ман?

Фарҳанг ва адабиёт, Номаҳои Шумо

"Модарамро ёд кардам" - мегӯяд момои Ҳуснигул

Ҳаёти иҷтимоӣ, Номаҳои Шумо