Дар як сатр
» » Конститутсия низ дар баробари рушду нумӯи ҷомеа бояд такмил ёбад

Конститутсия низ дар баробари рушду нумӯи ҷомеа бояд такмил ёбад

13-05-2016, 11:29

Конститутсия низ дар баробари рушду нумӯи ҷомеа бояд такмил ёбад

То замони баргузории маъракаи муҳимми сиёсӣ – раъйпурсии умумихалқӣ оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон рӯзҳои башумор боқӣ мондааст. Бо мақсади шарҳу тафсири баъзе бандҳои лоиҳаи пешниҳодӣ бо чанде аз вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамсуҳбат гардидем, ки фишурдаи он пешниҳоди хонандаи арҷманд мешавад.

Конститутсия низ дар баробари рушду нумӯи ҷомеа бояд такмил ёбадҶӯрахон Маҷидзода, раиси кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба тартиботи ҳуқуқӣ, мудофиа ва амният:

- Пешниҳодоти аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба «Тағйиру иловаҳо ба Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон ва таъини раъйпурсии умумихалқӣ» аз талаботи ҳаётан муҳими сиёсӣ ва иҷтимоии имрӯзаи ҷомеаи тозабунёди соҳибистиқлоли кишварамон бармеояд. Зеро Конститутсия низ дар баробари тараққиёт ва рушду нумӯи ҷомеа бояд такмил ёбад.

Аз қабули Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон беш аз 21 сол гузаштааст ва маротибаи сеюм аст, ки ба он тағйиру иловаҳо ворид мегарданд.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми имсолаи худ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон зикр намуданд, ки: «Дар шароити ташаннуҷи рӯзафзуни авзои сиёсии ҷаҳон ва тағйиру таҳаввулоти босуръати он, торафт вусъат гирифтани низоъҳои байнидавлативу байнимазҳабӣ ва авҷи ҷиноятҳои муташаккили фаромарзӣ ҳимояи марзу буми кишвар ва ҳифзи амнияти давлату миллат барои мо масъалаи аввалиндараҷа ва ҳаётан муҳим ба шумор меравад».

Вобаста ба таҳдиду хатарҳои нав ва торафт муташанниҷ гардидани авзои сиёсии ҷомеаи ҷаҳонӣ, авҷи босуръати ҷиноятҳои муташаккил ва трансмиллӣ, ба монанди терроризм, экстремизм, савдои одамон, муомилоти ғайриқонунии маводи нашъадор, ҳифзи якпорчагии давлату миллат, дар ҳақиқат масъалаҳои ҳаётан муҳими давлатӣ ва аввалиндараҷа ба шумор мераванд.

Дар ин раванд тағйиру иловаҳое, ки ба Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон ворид мешаванд, ба масъалаи ҳифзи марзу буми кишвар низ дахл ва аҳамияти муҳими сиёсӣ доранд.

Тағйиру иловаҳои ба Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳодшуда, пеш аз ҳама, ба нақши созандагӣ ва фаъолияти пурсамару ваҳдатофари Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тақвият бахшида, аз тамоми қишрҳои ҷомеа ва шохаҳои ҳокимияти давлатӣ масъулияти баланди давлатдориро тақозо менамояд.

Пешниҳоди аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон барои ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин дар мустаҳкам намудани вазъи ҳуқуқӣ ва масъулиятшиносии шохаҳои ҳокимияти иҷроия, қонунгузор ва судӣ, такмил ва рушди минбаъдаи низоми сиёсӣ ва давлатии кишвар, амиқ ва мукаммал гардонидани унсурҳои демократии ҷомеаи шаҳрвандӣ, рушд ва такмили тартиби таъмини кафолатҳои ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд ва масъулияти фарзандони қобили меҳнат барои нигоҳубин ва таъминоти иҷтимоии падару модар, иштироки бевоситаи ҷавонон дар бунёди рукнҳои шохаҳои ҳокимияти давлати миллӣ, бартараф намудани сохторҳои такрорӣ дар мақомоти ҳокимияти давлатӣ ва ба ин васила бо дарназардошти ба вуқӯъ пайвастани дигаргуниҳои ҷомеаи ҷаҳонӣ дар таъмини суботу оромии баргаштнопазири давлати соҳибистиқлоламон ифода меёбад.

Ба ҳамин мақсад тағйиру иловаҳое, ки ба Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон ворид мешаванд, мазмуну муҳтавои Конститутсияро такмилу тақвият бахшида, заминаҳои ҳуқуқии онро боз ҳам беҳтару хубтар мегардонанд.

Конститутсия низ дар баробари рушду нумӯи ҷомеа бояд такмил ёбадМуродулло ДАВЛАТОВ, раиси Комиссияи Маҷлиси
намояндагон оид ба одоби вакилон:


- Мутобиқи лоиҳаи «Тағйиру иловаҳо ба Конститутсияи (Сар-қонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон», аз моддаи 28-уми Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон калимаҳои «ҳизбҳои характери динидошта» хориҷ шуда, мавзӯи он дар қисми шашуми моддаи 8-уми лоиҳа бо калимаҳои «таъсиси ҳизбҳои хусусияти динидошта… роҳ дода намешавад» ба танзим дароварда мешавад.

Оё мафҳуми манъи ҳизбҳои сиёсии характери динидошта маънои манъи ҳуқуқу озодиҳои дину диндориро дорад? Ҳаргиз, чунин маъно надорад. Таърихан ва амалан байни дин ва сиёсат робитаи функсионалӣ вуҷуд дорад. Яъне, дин метавонад бо сиёсат ҳамроҳ бошад. Вале ин маънои онро надорад, ки дин бо сиёсат як аст. Таҷриба нишон медиҳад, ки яксозии дину сиёсат ба зарари ҳар ду аст. Китоби муқаддаси мусалмонон - «Қуръон»-и карим метавонад ба ин масъала як андоза равшанӣ андозад.

Тавре маълум аст, калимаи «ҳизб» ба маънои луғавиаш аз қадим вуҷуд дорад, ки он маънои ҷамоат, умматро ифода мекунад. Масалан, дар «Қуръон»-и карим ба ҳамин маъно борҳо омадааст. Аммо ҳамчун мафҳум калимаи мазкур «уммати Муҳаммадӣ»-ро ифода менамояд. Ҳизби сиёсӣ дар ин маврид бо мафҳуми қуръонӣ ҳамчун «уммати Муҳаммадӣ» ягон робита надорад. Таърихи ислом бо оғоз ёфтани муноқишаҳои сиёсӣ барои хилофат (ҳокимияти сиёсӣ), хосатан, баъди вафоти Паёмбар (с) шоҳиди хусусияти сиёсӣ пайдо кардани падидаи ҳизбӣ-динӣ мебошад. Вале «хусусияти сиёсӣ»-и ҳизб бо моҳияти динии он созгор набуд ва он унсури бегона дониста мешуд ва аз ин ҷиҳат, аз лиҳози шаръ, ҳамчун падидаи «мункар» мавриди танзим қарор мегирифт.

Ҳизб ба мафҳуми сиёсии калима, ки дар замони муосир маъмул гаштааст, бо мафҳуми динӣ - исломии он комилан мухолиф аст. Фиқҳи муосири исломӣ низ таносуби унсурҳои динӣ ва сиёсии мафҳуми ҳизби сиёсиро дуруст кор накардааст. Душвории масъала низ аз ҳамин холигоҳи илмӣ - назариявӣ маншаъ мегирад. Бо ин сабаб ҳизби сиёсӣ, чӣ аз лиҳози илмӣ ва чӣ аз лиҳози амаливу сохторӣ дар назарияҳои исломӣ ҷойгоҳи худро наёфтааст.

Аз ҳар ҷиҳат, агар мо ба мафҳуми муосири ҳизби сиёсӣ аз нуктаи назари «Қуръон»-и карим ва мероси исломӣ нигоҳ кунем, барои ҳизб ҳамчун як шакли сохтори сиёсӣ ва ниҳоди идеологӣ дар ҳаёти сиёсӣ - ҷамъиятии мусалмонон ҷойгоҳи мусбат ёфта наметавонем…

Вале тибқи Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон иҷозат пайдо кардани ҳизбҳои сиёсии характери динидошта ба зарурати таърихии ҳаёт вобаста буд. Манзури ман заруратест, ки дар замони ҷанги шаҳрвандӣ дар Тоҷикистон ба вуҷуд омада буд. Ин зарурати бозгардонидани садҳо ҳазор гурезаи тоҷик, аз байн бурдани монеаҳои сунъии ҳизбии сиёсӣ (ҲНИТ), озод намудани тоҷикистониҳои дар Ҷумҳурии Исломии Афғонистон гаравгонгашта ва хуллас, барои сулҳу ваҳдати миллӣ, дар Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон ба воридшавии ҳизби сиёсии характери динидошта ба низоми сиёсӣ заминаи ҳуқуқӣ фароҳам шуд. Зарурати рушди давлатдории миллӣ барои ин ҳизб фазои сиёсиро эҷод намуд. Дар ҳақиқат, маҳз бо сабаби он ки ин ҳизб (ҲНИТ) метавонист монеи бозгашти тоҷикони гуреза ба Ватан гардад, ба Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон тағйирот ворид карда, дар ихтиёри ин ҳизб имкони таърихӣ қарор дода шуд. Бо пайдо шудани чунин шароити муносиб гурезагони тоҷик баргаштанд. Аммо ҳизби мазкур, бинобар моҳияти бегонапарастӣ доштан, бо кишварҳои манфиатдор алоқаманд будан, аз ҷараёни миллатсозӣ худро канор гирифт ва дар ниҳоят, худро бо миллат муқобил гузошт.

Акнун ҷомеа ва давлати Тоҷикистон рӯ ба рӯи зарурати қонеъ намудани эҳтиёҷоти нави ҳаётан муҳим истодааст. Дар баробари ин, ниёз ба ваҳдати динии ҷомеа, озод сохтани дину диндорӣ аз гароишоти номатлуби ифротгаройӣ амиқтар гаштааст. Ҳизби сиёсии характери динидошта, бо дарназардошти мураккабшавии вазъияти байналмилалӣ, тавсеа ёфтани нуфузи ҳаракатҳои террористӣ бо эҳтимоли зиёд метавонад аз лиҳози сохторӣ ва идеологӣ мавриди истифодаи терроризми ҷаҳонӣ қарор гирифта, барои давлатҳои манфиатдор ҳалқаи пайвасткунанда гардад.

Аз ин ҷиҳат, таъмини низоми устувори амнияти миллӣ душвор мегардад ва ҳизбу ҳаракатҳои сиёсии характери динидошта ба асосҳои сохти конститутсионӣ ва давлатдории миллӣ таҳдиди бевосита менамояд. Дар чунин ҳолат бояд хавфи теократизатсияи ҳизбӣ (ба монанди ДИИШ) ва кӯшишҳои оталитаризатсияи динӣ - сиёсӣ бартараф карда шаванд. Бо манъ намудани ҳизби сиёсии характери динидошта дини мубини ислом, ҷомеа ва давлати миллӣ аз хатарҳои имрӯзу фардо эмин нигоҳ дошта мешавад. Ин меъёри нав динро аз шубҳаҳо ва хавфҳои сиёсӣ ва идеологӣ низ озод месозад ва имконият медиҳад, ки Тоҷикистони азизи мо имтиҳонҳои сиёсӣ ва геополитикии муосирро сарбаландона паси сар намояд.

«Хатлон»


Шарҳи хонандагон +

Матолиби дигар:

Тағйиру иловаҳо ба Конститутсия зарурати ҷомеаи Тоҷикистон аст

Тағйиру иловаҳо ба Конститутсия зарурати ҷомеаи Тоҷикистон аст

Хабарҳо, Ҳуқуқу амният, Номаҳои Шумо
«Рушди устувори ҷомеа тақозо менамояд, ки меъёрҳои Конститутсия такмил дода ...

«Рушди устувори ҷомеа тақозо менамояд, ки меъёрҳои Конститутсия такмил дода ...

Хабарҳо, Ҳуқуқу амният, НОСИРҶОН МАЪМУРЗОДА
Б. Сафаров: “Сухани охиринро халқи Тоҷикистон мегӯяд”

Б. Сафаров: “Сухани охиринро халқи Тоҷикистон мегӯяд”

Сиёсат, Хабарҳо, Ҳуқуқу амният, НОСИРҶОН МАЪМУРЗОДА
Вожаи «Сарқонун» аз ном ва матни Конститутсия ихроҷ хоҳад шуд (видео)

Вожаи «Сарқонун» аз ном ва матни Конститутсия ихроҷ хоҳад шуд (видео)

Сиёсат, Хабарҳо, Матолиби чандрасонаӣ, КОМРОНИ БАХТИЁР
Суди конститутсионӣ мувофиқати лоиҳаи тағйиру иловаҳои воридшаванда ба Конс ...

Суди конститутсионӣ мувофиқати лоиҳаи тағйиру иловаҳои воридшаванда ба Конс ...

Хабарҳо, Ҳуқуқу амният