Дар як сатр
» » Бунёди 445 толор ва 535 майдончаи варзишӣ дар 5 сол

Бунёди 445 толор ва 535 майдончаи варзишӣ дар 5 сол

13-05-2016, 10:39

Бунёди 445 толор ва 535 майдончаи варзишӣ дар 5 сол

Дар шаҳри Қӯрғонтеппа ҷаласаи навбатии Шӯрои рушди тарбияи ҷисмонӣ ва варзиши мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон баргузор гашт, ки дар он иҷрои Барномаи маҷмӯии рушди тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш барои солҳои 2011-2015 мавриди муҳокима қарор гирифт.

Риси Шӯро, муовини раиси вилоят Махфират Хидирзода дар ҷаласаи мазкур зикр кард, ки варзиш дар баробари ташвиқу тарғиби тарзи ҳаёти солим, инчунин яке аз воситаҳои беҳтарини таҳкими дӯстии миёни инсонҳо ва кишварҳои ҷаҳон ба ҳисоб рафта, омили муҳими ҷаҳоншиносии инсон, ба ҳамдигар муаррифӣ ва наздик гардидани халқу миллатҳо ва кишварҳои мухталифи сайёра мебошад. Заминаи асосӣ ва боэътимоди рушди ҳар давлату ҷомеа, пеш аз ҳама, ба солимии аҳолӣ вобаста мебошад.

- Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон варзиш ҳамчун қисми ҷудонашавандаи стратегияи давлатӣ ва сиёсати иҷтимоии Тоҷикистон эътироф шуда, мулоқоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо варзишгарони кишвар, ки 20 декабри соли 2010 баргузор гардид, далели ин гуфтаҳост, - афзуд М. Хидирзода.

Дар идома Шаҳзод Раҳимов, сардори Раёсати ҷавонон, варзиш ва сайёҳии вилоят, оид ба иҷрои Барномаи маҷмӯии рушди тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш барои то соли 2015 маърӯза кард. Ба иттилои ӯ, тайи панҷ соли гузашта барои татбиқи ин барнома аз ҳисоби бақияи озод ва фонди захиравии раиси вилоят 5 миллиону 36 ҳазору 500 сомонӣ ихтисос дода шудааст.
Бунёди 445 толор ва 535 майдончаи варзишӣ дар 5 сол

- Дар маҷмӯъ, дар маҳалҳо ва ташкилоту муассисаҳои вилоят 160 майдони варзишӣ, 103 толори махсуси варзишӣ бунёд ва мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтааст, - афзуд Ш. Раҳимов. – Инчунин, дар шаҳру ноҳияҳои вилоят тайи солҳои 2011-2015 ба маблағи 124,8 миллион сомонӣ се адад маҷмааи варзишӣ, 445 толори варзишӣ, як маркази табобатии варзишӣ, 9 ҳавзи шиноварӣ, ду майдони теннис, 16 варзишгоҳ, 535 майдончаи варзишӣ аз рӯйи намуди футбол, баскетбол ва волейбол, 183 иншооти махсуси варзишии фитнес ва билярд сохтаю таъмир гардида, феълан истифода мешаванд.

Ш. Раҳимов ҳамчунин зикр кард, ки дар ҳоли ҳозир сохтмони се маҷмааи варзишӣ, 8 толори варзишӣ, 5 варзишгоҳ ва 73 майдончаи варзишӣ ба маблағи 56,7 миллион сомонӣ идома дорад.

Дар ҷаласаи Шӯро инчунин гузориши Ҳокимхон Вализода, сардори Раёсати маорифи вилояти Хатлон, оид ба баргузории соатҳои тарбияи ҷисмонӣ, таъмини омӯзгорони фанни тарбияи ҷисмонӣ дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии вилоят ва иштироки варзишгарон-хонандагон дар мусобиқаҳои варзишӣ шунида шуд.

Пас аз тасдиқи нақшаи кории Шӯрои рушди тарбияи ҷисмонӣ ва варзиши мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон барои соли 2016, раиси Шӯро - муовини раиси вилоят Махфират Хидирзода ба раҳбарон ва масъулони дигари идораҳои дахлдор дастур дод, ки ҷиҳати фароҳам овардани шароити беҳтар барои рушду инкишофи варзиш ва ҷалби бештари аҳолӣ ба тарбияи ҷисмонӣ тадбирҳои судманд андешанд.

М. НОСИРҶОН,
«Хатлон»



Шарҳи хонандагон +

Матолиби дигар:

Таъсиси Шӯрои олимон ва муҳаққиқони ҷавон дар  Хатлон

Таъсиси Шӯрои олимон ва муҳаққиқони ҷавон дар Хатлон

Хабарҳо, Ҷавонон ва варзиш, Маориф ва илм
Ҳар рӯзи шанбе–«Рӯзи варзиш»

Ҳар рӯзи шанбе–«Рӯзи варзиш»

Хабарҳо, Ҷавонон ва варзиш, НОСИРҶОН МАЪМУРЗОДА
104 медали тилои варзишгарони Хатлон

104 медали тилои варзишгарони Хатлон

Хабарҳо, Ҷавонон ва варзиш, НОСИРҶОН МАЪМУРЗОДА
Шӯрообод. Талошҳо барои рушди лижаронӣ

Шӯрообод. Талошҳо барои рушди лижаронӣ

Хабарҳо, Ҷавонон ва варзиш, НОСИРҶОН МАЪМУРЗОДА
Варзишгарони Хатлон: «Барои Ҷоизаи Президент талош мекунем»

Варзишгарони Хатлон: «Барои Ҷоизаи Президент талош мекунем»

Хабарҳо, Ҷавонон ва варзиш