Дар як сатр
» » Се самти асосии фаъолияти Шӯро муайян шуд

Се самти асосии фаъолияти Шӯро муайян шуд

6-01-2015, 21:40

Се самти асосии фаъолияти Шӯро муайян шудҶаласаи шашуми Шӯрои машваратии назди раиси вилояти Хатлон оид ба беҳсозии фазои соҳибкорӣ ва сармоягузорӣ дар шаҳри Қӯрғонтеппа барпо гардид.

Дар ҷараёни ин нишаст масоили вобаста ба иҷрои тавсияҳои Шӯрои машваратӣ ва пешниҳодоти гурӯҳи кории Шӯро дар мавзӯи «Дастрасӣ ба захираҳои молиявӣ барои соҳибкории истеҳсолӣ», ки дар натиҷаи назарпурсӣ ва таҳлили пешниҳоду тавсияҳои доираҳои тиҷоратии Хатлон омода шудааст, мавриди баррасӣ қарор гирифт.

Ба иттилои Зафар Ализода, роҳбари котиботи Шӯрои машваратӣ, ибтикори мазкур дар пайи ҷаласаи 13-уми Шӯрои машваратии назди Президенти кишвар оид ба беҳсозии фазои сармоягузорӣ, ҳамчунин бо назардошти муроҷиати раҳбарони хоҷагиҳои деҳқонию соҳибкорони минтақа матраҳ шудааст.

- Зимни ҷаласаи Шӯрои машваратӣ се самти асосии фаъолият - андозбандӣ ва ҳисоботдиҳандагии бахши истеҳсолӣ, таъмини дастрасӣ ба замин ва танзими муносибатҳои заминистифодабарандагон, инчунин таъмини дастрасӣ ба манбаъҳои сармоягузорӣ барои истеҳсолкунандаҳои ватанӣ – муайян карда шуд, - зикр кард З. Ализода.

Дар асоси муроҷиати роҳбарияти Шӯро, бо дастгирии фаннии лоиҳаи «Мусоидат ба савдо»-и Барномаи рушди СММ, гурӯҳи корие вазъи дастрасӣ ба захираҳои молиявӣ барои соҳибкории истеҳсолӣ дар вилояти Хатлонро мавриди омӯзиш қарор дода, тавсияҳои худро барои беҳсозии ин вазъ ба Шӯро пешниҳод кард. Пас аз баррасӣ ин пешниҳоду тавсияҳо ба мақомоти дахлдор ирсол мешаванд, то ҳангоми ҳамкорӣ бо доираҳои соҳибкорон ба инобат бигиранд.

Бо дарназардошти тағйиру иловаҳои пешниҳодшуда аз ҷониби аъзои Шӯрои машваратӣ, нақшаи кории Шӯро барои нимаи якуми соли 2015 таҳия ва тасдиқ карда шуд.


Шарҳи хонандагон +

Матолиби дигар:

Дар рушди ҷомеаи шаҳрвандӣ саҳмгузор бошем

Дар рушди ҷомеаи шаҳрвандӣ саҳмгузор бошем

Хабарҳо, Ҳуқуқу амният, АСАЛМО САФАРОВА
Нахустин нишасти Шӯрои ҷамъиятӣ оид ба ислоҳоти милитсия

Нахустин нишасти Шӯрои ҷамъиятӣ оид ба ислоҳоти милитсия

Хабарҳо, Ҳуқуқу амният, АСАЛМО САФАРОВА
Машварати кории назди Сарвазир

Машварати кории назди Сарвазир

Хабарҳо, НОСИРҶОН МАЪМУРЗОДА
Президент: Ба рушди баробари минтақаҳои кишвар аҳамияти хоса дода шавад

Президент: Ба рушди баробари минтақаҳои кишвар аҳамияти хоса дода шавад

Иқтисоду тиҷорат, Хабарҳо, НОСИРҶОН МАЪМУРЗОДА
«Барномаи рушди савдои вилояти Хатлон» таҳия мешавад

«Барномаи рушди савдои вилояти Хатлон» таҳия мешавад

Иқтисоду тиҷорат, Хабарҳо