Дар як сатр
» » Мубориза бар зидди коррупсия кори дастаҷамъист

Мубориза бар зидди коррупсия кори дастаҷамъист

12-05-2016, 16:34

Мубориза бар зидди коррупсия кори дастаҷамъист

11 майи соли ҷорӣ дар “Кохи Ватан”-и шаҳри Қӯрғонтеппа бо иштироки хизматчиёни давлатӣ ба хотири баррасӣ ва тафсири Стратегияи мубориза бар зидди коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоише доир гардид. Дар ин ҷаласа Нигора Муқимӣ, муовини директори Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, доир ба таҳлили хавфҳои коррупсия, сабабҳои ба коррупсия мусоидаткунанда, роҳҳои пешгирӣ ва муқовимат ба ин зуҳуроти номатлуб суханронӣ кард.

Мубориза бар зидди коррупсия кори дастаҷамъист
- Коррупсия «вабо»-и аср маънидод мешавад, - зикр кард Н. Муқимӣ. - Дар робита ба пешгирии ин вабои аср давлату ҲукуматиТоҷикистон чораҳои муассир меандешад. Чунончи, Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 21-уми июли соли 1999 «Дар бораи тадбирҳои иловагии пурзӯр намудани мубориза бар зидди ҷинояткорӣ дар соҳаи иқтисод ва коррупсия (ришвахӯрӣ)» ва Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мубориза бар зидди коррупсия» маҳз ба хотири мубориза бо коррупсия қабул шудаанд. Стратегияи зиддикоррупсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2013-2020 санади барномавии дурнамои миёнамуҳлати сиёсати миллии зиддикоррупсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти муқовимат ба коррупсия ба ҳисоб рафта, баҳри паст кардани шиддат ва сатҳи коррупсия дар кишвар равона гардидааст.

Зимни ҷаласа таъкид шуд, ки дар ҷаҳони имрӯза яке аз монеаҳои асосӣ дар роҳи амалӣ гардонидани ҳуқуқу озодиҳои инсон коррупсия мебошад. Бинобар ин, самаранокии муқовимат бо коррупсия аз иштироки фаъоли тамоми шохаҳои ҳокимияти давлатӣ ва ҷомеаи шаҳрвандӣ дар раванди амалигардонии он вобастагии зич ва ногусастанӣ дорад.

Мубориза бар зидди коррупсия кори дастаҷамъист
Дар ин ҷамъомад инчунин Солеҳа Қосимова, муовини раиси шаҳри Қӯрғонтеппа ва дигар иштирокчиён перомуни хатарҳои коррупсия ба рушди ҷомеаи мардумсолорӣ ибрози андеша намуданд.

Комрони БАХТИЁР,
«Хатлон»



Шарҳи хонандагон +

Матолиби дигар:

Ифшои 17 млн. сомонӣ зарари молиявӣ аз ҷониби Агентии коррупсионӣ

Ифшои 17 млн. сомонӣ зарари молиявӣ аз ҷониби Агентии коррупсионӣ

Хабарҳо, Ҳуқуқу амният, НОСИРҶОН МАЪМУРЗОДА
Боздошти С. Бекназаров дар Ёвон

Боздошти С. Бекназаров дар Ёвон

Хабарҳо, Ҳуқуқу амният, НОСИРҶОН МАЪМУРЗОДА
Президент: «Коррупсия кирдори хатарноки зиддидавлатист»

Президент: «Коррупсия кирдори хатарноки зиддидавлатист»

Сиёсат, Хабарҳо, Ҳуқуқу амният
Ифшои 91 ҷинояти вобаста ба замин

Ифшои 91 ҷинояти вобаста ба замин

Хабарҳо, Ҳуқуқу амният, НОСИРҶОН МАЪМУРЗОДА
Ғолиби озмуни ҷумҳуриявӣ шудани се нашрияи вилоят

Ғолиби озмуни ҷумҳуриявӣ шудани се нашрияи вилоят

Хабарҳо