Дар як сатр
» » Ман туро дӯст медорам, Бохтар!

Ман туро дӯст медорам, Бохтар!

9-09-2018, 09:20

Ба муносибати 27-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Бохтар аз тарафи ширкати мобилии "МегаФон Тоҷикистон” лавҳа бо навиштаҷоти "Ман туро дӯст медорам, Бохтар!” мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт.

 

Боиси хушбахтӣ ва сарфарозист, ки дар оғози таҷлили яке аз санаҳои муҳим дар таърихи давлатдории Ҷумҳурии Тоҷикистон, яъне ҷашни Истиқлолияти давлатӣ бо дастгирии ширкати "МегаФон Тоҷикистон” барои боз ҳам зебову дилоро гардидани шаҳри Бохтар навиштаҷоти "Ман туро дӯст медорам, Бохтар!” мавриди истифода қарор дода шуд, - гуфт Музаффар Ғафуров, намояндаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Бохтар.

Истиқлолияти давлатӣ, ки бо кӯшишу ҷонбозиҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба даст омадааст, моро мебояд, ба қадри ин неъмати бебаҳо бирасем ва шукрона аз тинҷиву суботи сартосарӣ намоем, - зикр намуд Абдулмаҷид Саидҳасанов, раиси ширкати мобилии "МегаФон Тоҷикистон” дар вилояти Хатлон.

- Дар назди «Теппаи Қӯрғон»-и шаҳри Бохтар лавҳаи "Ман туро дӯст медорам, Бохтар!”-ро васл намудем. Ин лавҳа аз ҷониби ширкати "МегаФон Тоҷикистон” ҳамчун туҳфа ба сокинони шаҳр дар арафаи таҷлили 27-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон тақдим карда мешавад. Боварӣ дорем, ки ин лавҳа рамзи меҳру муҳаббати мардум ба шаҳру мамлакати азизамон мегардад, - афзуд А. Саидҳасанов.

Ф. ДАВЛАТ,

"Хатлон”




Шарҳи хонандагон +

Матолиби дигар:

Амалҳои инсондӯстона дар шаҳри Бохтар

Хабарҳо
МегаФон-Тоҷикистон»: «Бехатарӣ аз ту оғоз меёбад»

МегаФон-Тоҷикистон»: «Бехатарӣ аз ту оғоз меёбад»

Хабарҳо
МегаФон-Тоҷикистон»: «Бехатарӣ аз ту оғоз меёбад»

МегаФон-Тоҷикистон»: «Бехатарӣ аз ту оғоз меёбад»

Хабарҳо
Аксияи «Ало, салом модар, ман туро дӯст медорам!»

Аксияи «Ало, салом модар, ман туро дӯст медорам!»

Хабарҳо, Ҷавонон ва варзиш, КОМРОНИ БАХТИЁР
Бохтар. Бунёди 30 корхонаи нав дар соли 2015

Бохтар. Бунёди 30 корхонаи нав дар соли 2015

Иқтисоду тиҷорат, Хабарҳо, НОСИРҶОН МАЪМУРЗОДА