Дар як сатр
» » Тоҷик бо нури истиқлол шуд овозадор

Тоҷик бо нури истиқлол шуд овозадор

8-09-2018, 09:15

Хусрав МИРАЛИЕВ,
прокурори ноҳияи Кӯшониён, мушовири  адлияи дараҷаи 1

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар яке аз баромадҳояшон чунин иброз доштанд: «Соҳиби давлати мустақил шудан ва ихтиёри давлатдориро ба дасти худ гирифтан барои тоҷикон рӯйдоди воқеан сарнавиштсоз мебошад. Зеро миллате, ки тақдири имрӯзу фардои давлат ва сарзамини худро дар ихтиёр дорад, аз саодати бузурге бархӯрдор аст».
Бале, ҳақ бар ҷониби Пешвои  миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аст, ки Ҷумҳурии Тоҷикистони азизи мо истиқлолияти комили давлатиро соҳиб гардид.
Тоҷикам бо нури Истиқлол
 шуд овозадор,
Шодмонӣ мекунам бо номи
 некаш ифтихор.
Файзи Истиқлол ӯро кард
 машҳури ҷаҳон,
Мекунам хизмат ба ӯ бо
 ҷону дил фарзандвор.
Паёми озодӣ ва муста-қилият, ки 27 сол пеш аз ин дар фазои мамлакатамон танинандоз гардида, аз қиёми як миллати сарфароз ҷаҳониёнро огаҳ кард. Мардуми сайёра ин башоратро, ки офтоби эҳё аз ҳарфаш тулӯъ мекард, бо хушнудӣ истиқбол гирифтанд. Албатта, истиқлол, ки ҳеҷ ганҷе дар ҷаҳон ҳамрангаш нест, барои мо ба осонӣ ба даст наомадааст ва моро лозим аст, ки ба кадри ин неъмати арзишманд расему чун гаҳвараки чашм онро нигоҳ дорем.
Истиклолият барои мо рамзи олии ватану ватандорӣ, бузургтарин неъмати давлатсозию давлатдории мустақил, кору пайкори пайгиронаи созандагӣ, азму талошҳои фидокоронаи расидан ба истиқлолияти сиёсӣ, иқтисодӣ ва фарҳангӣ буда, меъёрҳои ҷомеаи шаҳрвандиро таҳким бахшид ва дар як вақт ҳаёти озодонаи ҳар як фард ва олитарин дараҷаи бахту саодати воқеии миллатро таъмин намуд. 
Қобили ёдоварист, ки Истиқлолият барои мо нишони барҷастаи пойдории давлат, баҳои симои миллат, рамзи асолату ҳувият, мазҳари идеалу ормонҳои таърихӣ, шиносномаи байналмилалӣ ва шарафу эътибори ба ҷаҳони мутамаддин пайвастани кишвари соҳибистиқлоли Тоҷикистон мебошад.
Тоҷикон  аз қадимулайём  миллати озодпарасту  озоди-хоҳ  буданд. Солҳои  сол дар дил  орзуи  озодиро мепарвариданд.  Бо  амри тақдир  ва  бар асари  таҳаввулоти    фарогири сиёсиву  иҷтимоии  ибтидои   солҳои  90- уми  асри гузашта  халқи  тоҷик баъди  ҳазор  сол аз  нав  ба  эҳё  ва эъмори  давлати  миллии худ  ноил  гардид. 
Истиқлолият  дар таърихи  ҳазорсолаи  халқи тоҷик воқеаи  хеле  бузург буд. 24-уми августи соли 1990 Иҷлосияи дуюми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи Истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эъломия қабул кард. Моддаи аввали эъломия эълон кард: «Ҷумҳурии Тоҷикистон давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягона мебошад».
9 сентябри соли 1991 бори нахуст Рӯзи истиқлолият таҷлил карда шуд. Вале  Тоҷикистон аз нахустин  рӯзҳои  истиқлолияти худ  дар  раванди барқарорсозӣ  ва  ташаккули пояҳои  давлату  давлатдории нав,  таъмини  амнияту оромии  ҷомеа,  суботи сиёсиву  иҷтимоии  кишвар ба мушкилоту  монеаҳои сангин    рӯ ба рӯ  гардид.  
Пас  аз  ба даст  овардани  истиқлолият Тоҷикистон    ба  гузаронидани ислоҳоти  иқтисодӣ  шурӯъ намуд.  Пеш  аз  ҳама  дар  ҷумҳурӣ  заминаи ҳуқуқии  ислоҳоти иқтисодӣ  дида  баромада шуд.  Дар  ин бора қабули  конунҳо  оид ба  моликият,  кооперативҳо, соҳибкорӣ,  дар  бораи андози  даромад,  буҷети давлатӣ,  пардохти  истифодаи замин  ва  ғайраҳо шаҳодат  медиҳанд.  
Бо  ташаббуси Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  ба сохт-мони  НБО  «Сангтӯда-1», «Сангтӯда-2»,  «Помир-1», «Роғун»,  роҳи  оҳани Бохтар-Кӯлоб, нақби Анзоб шурӯъ  карда шуд,  ки  пурра иҷро  гардидани  онҳо  Ҷумҳурии  соҳибистиқлоли Тоҷикистонро  дар қатори давлатҳои  мутараққӣ хоҳад  гузошт.   
Вожаи «Истиқлолият» Ҳу-кумати Ҷумҳурии Тоҷикис-тонро водор намуд, ки дар муддати кӯтоҳ сохтори давлатро ба меъёрҳои дунявӣ созгор намояд. Тоҷикистонро шинохтани кишварҳои ҷаҳон далели равшани афкори хирадмандонаи роҳбарияти олии давлати тоҷикон мебошад.   
Тасдиқи рамзҳои давла-тӣ, асъори миллӣ, бунёди муассисаҳои фарҳангию тиҷоратӣ, сохтмонҳои азими кишвар боварии мардумро ба ояндаи дурахшон зиёд гардонд. Имрӯз ҳар як тоҷик аз он ифтихор менамояд, ки соҳиби ватани озод ва давлати мустақил аст.  
Хушбахтии мардуми тоҷик дар он аст, ки дар ҳама ҳолат сабру таҳаммулро пеша карда, ба марзу бум ва хоки кишвари дигар чашми тамаъ боз накардааст. Ин худ рамзи ҳимматбаландӣ ва бофарҳангии мардуми шарифи мост. Новобаста аз душвориҳои зиёд, неруи фарҳангии собиқа ба миллати тоҷик имкон дод, ки бинои давлати тозабунёди хешро бо эъҷози тафаккури офтобӣ бунёд созад.  Дар  ҳақиқат шукргузорӣ  аз он  мекунем, ки  моҳи  декабри соли  1991 вақте  ки  Иттиҳоди Шӯравӣ  аз  байн рафт,  Тоҷикистон  мисли  ҷумҳуриҳои  дигар озодии  воқеӣ  ба даст  овард.  
Ҷумҳурии  мо акнун бо  тамоми  мамлакатҳои ҷаҳон  мустақилона  робита барқарор  мекунад.  Тоҷикистонро беш  аз 160  давлати дунё  ба  расмият шинохтанд.  Тоҷикистони  азизи мо  узви  Созмони Миллали  Муттаҳид  гашт ва  ба  оилаи кишварҳои  озоди  ҷаҳон пазируфта  шуд, ки  ин яке  аз  дастовардҳои бузурги  халқи  тоҷик дар  тӯли  27 соли  истиқлолият  мебошад.
Зиёиён  ба хотири  эътибори  бештар пайдо  намудани  Тоҷикистон дар  арсаи  байналмилалӣ бештару зиёдтар пуштибонӣ аз фарҳанги волои худ карданд ва бо қаламу сухан, суруду ситоиш ҷомеаро ба сӯи маърифати баланд ҳидоят намуданд.  Маҳз  аҳли зиё бо  дониши  комил, зиракии  сиёсӣ ва эҳсоси  баланди ватандӯстӣ  монеаҳои  мавҷударо паси  сар  намуда, дар пешрафти рӯзафзуни кишвари  соҳибистиқлоламон  саҳми арзанда  гузоштанд.
Дар солҳои  истиқлолият  барои эҳё  намудан  ва инкишоф  додани  забони давлатиамон, ки забони  шевою  шоирона ва  ширину  шаҳдбори тоҷикӣ  мебошад,  ҷойгоҳи арзанда  ва  мақоми шоиста    муҳайё  сохтем.  
Истиқлолият рамзи  саодати  миллат ва  давлати  соҳибихтиёри миллӣ,  нишонаи  пойдориву бақои  он  мебошад. Зеро миллате соҳиби  ному иззат  шуда  метавонад, ки  истиқлоли  воқеӣ ва  давлати  озоду мустақили  хешро  дошта бошад.
Имрӯз қарзи ҳар шаҳр-ванди ҷумҳурӣ ин аст, ки дар баробари ба ҷо овардани шукронаи соҳибватанӣ ва ифтихор кардан аз Тоҷикистони соҳибистиқлол, тамоми кӯ-шишро ба хотири таҳкими ваҳдати миллӣ, сарҷамъии миллат ва ободии имрӯзу фардои  Ҷумҳурии Тоҷикистон сафарбар намояд. Бигзор Истиқлолият дар сарзамини биҳиштосоямон Тоҷиикстон ҳамеша танинандоз бошад.



Шарҳи хонандагон +

Матолиби дигар:

Насли ояндасозро тарбия менамоем

Насли ояндасозро тарбия менамоем

Маориф ва илм
Захираи хӯроки чорво 60% иҷро шуд

Захираи хӯроки чорво 60% иҷро шуд

Арсаи кишоварзӣ
А. Холиқзода: «бузургтарин неъмат барои ҳар як миллат  оромии ҷомеа аст»

А. Холиқзода: «бузургтарин неъмат барои ҳар як миллат оромии ҷомеа аст»

Ҳаёти иҷтимоӣ
Ҷомӣ. Ҷавонон касбу ҳунар меомӯзанд

Ҷомӣ. Ҷавонон касбу ҳунар меомӯзанд

ҲУНАРҲОИ МАРДУМӢ, Ҷавонон ва варзиш, НИЗОМИДДИН ИСОЕВ
Тасдиқи рамзи «соли рушди  Сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»

Тасдиқи рамзи «соли рушди Сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»

ҲУНАРҲОИ МАРДУМӢ, Ҳаёти иҷтимоӣ