Дар як сатр
» » Истиқлолият неъмати бебаҳост

Истиқлолият неъмати бебаҳост

8-09-2018, 11:09

Дар литсейи касбӣ-саноатии шаҳри Левакант бахшида ба 27-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти унвони «Истиқлолият неъмати бебаҳост» мизи мудаввар баргузор гардид.
Дар чорабинӣ аъзои Шӯрои собиқадорони ҷангу меҳнат, намояндагони КИ ҲХДТ дар шаҳр, бахши кор бо ҷавонон ва варзиш, китобхонаи марказии шаҳр, аъзои маҳфили адабии "Гулбазм” ва касбомӯзону устодони ин муассисаи таълимӣ ширкат намуданд.
Аҳли нишаст аз бузургиву аҳамияти таърихии истиқлолият, муборизаву ҷоннисориҳои мардуми тоҷик баҳри расидан ба ин рӯзи нек, хизматҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар роҳи   расидан ба сулҳу суботи комил ва мақоми устувор касб намудани Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳаёти сиёсиву иқтисодии ҷаҳон мавриди гуфтугӯ қарор доданд.
Ҳамчунин, шеърҳо дар васфи истиқлолият, ватан ва ваҳдату ягонагӣ сурудаи аъзои маҳфили "Гулбазм” Раҳматулло Исматӣ ба чорабинӣ ҳусни дигар бахшид.
Ашк ЮСУФӢ,
Далер ИБОДУЛЛОЗОДА,
шаҳри Левакант



Шарҳи хонандагон +

Матолиби дигар:

Истиқлолият оғози марҳалаи навини давлатдории миллист

Истиқлолият оғози марҳалаи навини давлатдории миллист

Ҳокимияти давлатӣ
«Ҳадяи яздон»

«Ҳадяи яздон»

Фарҳанг ва адабиёт

Баргузории маҳфили «оилаҳои ибратомӯз»

Хабарҳо

Нақши Пешвои миллат дар устувории ваҳдату ягонагӣ

Номаҳои Шумо
Абдуалим Исмоилзода: «Эмомалӣ Раҳмон замоне роҳбариро ба дўш гирифт, ки мар ...

Абдуалим Исмоилзода: «Эмомалӣ Раҳмон замоне роҳбариро ба дўш гирифт, ки мар ...

Хабарҳо, Ҳокимияти давлатӣ, ФАРОМӮЗ БОБОЕВ