Дар як сатр
» » Ҳамадонӣ. Бунёди иншооти ҷашнӣ

Ҳамадонӣ. Бунёди иншооти ҷашнӣ

7-09-2018, 09:08

Дар доираи таҷлили ҷашни 27-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтани боз 5 иншооти ҷашнӣ дар ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ дар назар аст.
 
Зимни тасдиқи ин хабар Илёсиддин Набиев, мудири шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи дастгоҳи раиси ноҳия, ба рӯзномаи "Хатлон” гуфт, ки яке аз иншооти ҷашнӣ ин бунёди шуъбаи таваллудхона дар деҳаи Меҳнатобод мебошад. Бинои мазкур аз ҳисоби соҳибкори маҳаллӣ А. Ҷобиров бо маблағи 260 ҳазор сомонӣ бунёд гардидааст.
- Дар рӯзҳои ҷашни Истиқлолияти давлатӣ ҳамчунин қарор аст, ки толори варзишӣ дар назди мактаби варзишии ноҳия, аз ҳисоби маблағҳои буҷети маҳаллӣ бо маблағи 1 миллион сомонӣ ба истифода дода хоҳад шуд, - иброз дошт И. Набиев.
Ба иттилои манбаъ, дар деҳаи Меҳрвари ноҳия бошад, синфхонаҳои иловагӣ дар назди муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №30 иборат аз ду ошёна, 12 синфхона барои 300 ҷойи хониш дар як баст дар арафаи истиқлолият ба истифода супорида мешавад. Бинои мазкур дар ҳаҷми 1,6 миллион сомонӣ сохта шудааст.
Ҳамчунин, бинои маъмурии шабакаҳои барқи ноҳия бо маблағи 1 миллону 320 ҳазор сомонӣ бун-ёд гардидааст, аз ҷумлаи иншоотҳои ҷашнӣ дар ноҳия буда, бо маблағгузории ҶСК Шабакаҳои барқи минтақаи Кӯлоб сохта шудааст.
- Ба муносибати ҷашни Истиқлолияти давлатӣ дар ноҳия Парчами давлатӣ бо баландии 27 метр ва Нишони давлатӣ бо баландии 15 метр дар назди бинои мақомоти иқроияи ҳокимияти давлатии ноҳия бо маблағи 106 ҳазор сомонӣ бунёд мегардад, - зикр намуд И. Набиев.
Боиси зикр аст, ки дар ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ дар доираи омодагиҳо ба таҷлили ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ сохтмони 136 адад бинову иншоот, бунёди пулҳо, роҳҳои автомобилгард, корхонаҳои саноатӣ дар назар аст, ки аз ин шумора 47 адад бинову иншоот дар самти маориф, 22 адад дар соҳаи тандурустӣ, 41 адад дар самти фарҳанг, хизматрасониву варзиш, 26 корхонаи саноатии хурду миёна мебошад.
 
Ф. БОБОЕВ, "Хатлон



Шарҳи хонандагон +

Матолиби дигар:

Ташаббуси соҳибкорони Кӯшониён

Хабарҳо

Дар Вахш бунёди 17 иншоот пешбинӣ мешавад

Хабарҳо
Бунёди боз чор иншооти ҷашнӣ дар Балҷувон

Бунёди боз чор иншооти ҷашнӣ дар Балҷувон

Хабарҳо, Ҳаёти иҷтимоӣ
Темурмалик. 8,4 миллион сомонӣ барои бунёди Қасри фарҳанг

Темурмалик. 8,4 миллион сомонӣ барои бунёди Қасри фарҳанг

Хабарҳо, Фарҳанг ва адабиёт, ҲАНГОМА ПАҲЛАВОНОВА
Бо бунёди “Адолат-А” 300 ҷойи корӣ муҳайё мегардад

Бо бунёди “Адолат-А” 300 ҷойи корӣ муҳайё мегардад

Иқтисоду тиҷорат, Хабарҳо, НИЗОМИДДИН ИСОЕВ