Дар як сатр
» » Давраи ободонӣ ва бунёдкориву созандагӣ

Давраи ободонӣ ва бунёдкориву созандагӣ

8-09-2018, 09:06

КӮЛОБ. Дар арафаи ҷашни 27-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон кӯдакони омӯзгорону кормандони Донишгоҳи давлатии шаҳри Кӯлоб ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ туҳфаи хубе гирифтанд.
Дар назди донишгоҳ боғчаи бачагона сохта, ба истифода дода шуд, ки дар он беш аз 200 нафар кӯдакон ба тарбия ва таълим фаро гирифта мешаванд. Дар назар аст, ки дар сурати имконият пайдо шудан, ҳамчунин фарзандони сокинони гирду атрофи донишгоҳ ба боғчаи мазкур қабул карда мешаванд.
 
ШАМСИДДИН ШОҲИН. Дар ноҳия ободонию бунёдкорӣ ба ифтихори ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон босуръат идома дорад. 
Мувофиқи нақшаи тартибдода дар ин ҷо сохтмони иншоотҳои зиёде дар назар аст. Бо дастгирии мақомотҳои болоӣ ва соҳибкорони маҳаллӣ аллакай чанд иншоот сохта, дар арафаи ҷашни истиқлолият ба истифода дода шуд.
Майдончаи варзишӣ дар маркази ноҳия бо саҳмгирии соҳибкор Мирмад Зарифов, биноҳои Маркази шуғли аҳолии ноҳия, мактаби таҳсилоти миёнаи умумии №20 дар деҳаи Шоҳони Ҷамоати деҳоти «Даштиҷум» аз зумраи чунин иншоотҳоест, ки мавриди истифодабарӣ қарор дода шуданд.  Сохтмони иншоотҳои ҷашнӣ дар ноҳия босуръат идома дорад.
 
ФАРХОР. Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия дар дастаҷамъӣ бо соҳибкорони маҳаллӣ ба масъалаи сохтмону бунёдкорӣ, корҳои созандагӣ таваҷҷуҳи хоса зоҳир менамоянд.
Дар ин ҷо аллакай якчанд иншооти хизматрасонӣ, табобатӣ, фарҳангиву соҳаи маориф сохта, мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шуданд. Сохтмону ба истифода додани се маркази саломатӣ дар деҳаҳои Арчаи Ҷамоати деҳоти «Деҳқонариқ», Навободи Ҷамоати деҳоти «Дарқад», Шаҳртеппаи Ҷамоати деҳоти «Ватан», 2 синфхонаи иловагӣ дар мактаби таҳсилоти миёнаи умумии №60 аз ҷумлаи онҳост.
Таъмиру азнавсозии маҷлисгоҳи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия бошад, бо суръат давом дошта, рӯзҳои наздик ба анҷом расонида мешавад.
 
ВОСЕЪ. Ба шарофати Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон корҳои созандагию бунёдкорӣ дар ноҳия хеле авҷ гирифт.
 Тайи солҳои соҳибистиқлолӣ иншоотҳои зиёди иҷтимоию хизматрасонӣ, мактабу боғчаҳои бачагона, биноҳои маъмурӣ сохта, ба истифода дода шуданд. Аз ҷумла, танҳо дар арафаи ҷашни Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳия корхонаи асфалтбарорӣ мавриди истифода ва баҳрабардорӣ қарор дода шуд, ки акнун сохт-мончиёнро ба чунин корхонаҳои беруна эҳтиёҷ намондааст. Аллакай тавассути маҳсулоти ин корхона чанд километр роҳҳо асфалтпӯш карда шуданд. 
Ҳамчунин, дар деҳаи Ғофилободи Ҷамоати деҳоти ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ, деҳаи Ҷаврези Ҷамоати деҳоти ба номи Абдӣ Авазов, бунгоҳҳои тиббӣ ва майдончаи варзишӣ дар деҳаи Гулистони Ҷамоати деҳоти «Гулистон»  ба истифода дода шуданд. Дар маҳаллаҳои Сулҳобод, Тугарак, Навободи Ҷамоати деҳоти «Тугарак» низ кашидани қубурҳои обгузар ба анҷом расида, рӯзҳои наздик мардуми ин деҳаҳо бо оби тозаи ошомиданӣ таъмин карда мешаванд.
 
БАЛҶУВОН. Бо дастгирии Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар маркази ноҳия бинои «Маркази ҷавонон» сохта, ба истифода дода шуд.
Ҷавонони ноҳия имкон ётанд, ки дар ин ҷо ҳунарҳои дӯзандагӣ, қаннодӣ, ҳамчунин кор бо компютер, таъмири телефонҳои мобилӣ ва аксбардориро омӯзанд. Дар Марказ инчунин омӯзиши забонҳои русию англисӣ ба роҳ монда мешавад, ки барои ин кор омӯзгорони варзида ҷалб карда шудаанд.
Бахши ҷавонони ноҳия ва ихтиёриёни ҷалбгардида низ аз утоқҳои кории ин Марказ истифода хоҳанд бурд.
Сохтмони варзишгоҳ-майдони варзишии пӯшида дар маркази ноҳия низ босуръат давом дорад. Дар баробари ба истифода додани ин варзишгоҳ ҷавонон имконият пайдо мекунанд, ки тамоми фаслҳои сол дар ин ҷо машқу тамрин намоянд.
 
ХОВАЛИНГ. Хонандагони деҳаи Сиёҳ-фарки Ҷамоати деҳоти «Шугнов» дар арафаи ҷашни Истиқлолият соли нави хонишро дар бинои нави таълимии бо васоити таълимӣ муҷаҳҳаз шурӯъ намуданд.
Хонандагон аз ғамхориҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон миннатдор буда, дар ҷамъомади Рӯзи дониш изҳор доштанд, ки бо баҳои хубу аъло хонда, ворисони арзандаи сарзамини аҷдодиашон мешаванд ва ба нафъи халқу ватан хизмати арзанда менамоянд.
Биноҳои мактаби таҳсилоти миёнаи умумии деҳаҳои Гулзор ва Шехони Ҷамоати деҳоти «Ҷомбахт» бошад, аз таъмири асосӣ пурра бароварда, бо тамоми шароити таълим муҷаҳҳаз гардонида шуданд.
Дар ин раванд дар деҳаи Гулзори Ҷамоати деҳоти «Ҷомбахт» ҳамчунин бинои маркази саломатӣ сохта, ба истифода дода шуд, ки барои сокинони маҳаллаи мазкур шароити хуби нигоҳдошти саломатиро фароҳам намуд. Сохтмони дигар иншоотҳои ҷашнӣ бо маром идома дорад. Дар назар аст, ки дар ноҳия то ҷашни 30-солагии Истиқололияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон зиёда аз 400 иншооти хурду бузурги гуногун сохта, ба истифода дода мешаванд.
Наҷот Сафарзода,
«Хатлон»


Шарҳи хонандагон +

Матолиби дигар:

Ҳамадонӣ. Бунёди иншооти ҷашнӣ

Хабарҳо

Ташаббуси соҳибкорони Кӯшониён

Хабарҳо

Дар Вахш бунёди 17 иншоот пешбинӣ мешавад

Хабарҳо

Ҷайҳун. Саҳми мардум дар корҳои бунёдкориву созандагӣ зиёд мегардад

Хабарҳо
Бунёди боз чор иншооти ҷашнӣ дар Балҷувон

Бунёди боз чор иншооти ҷашнӣ дар Балҷувон

Хабарҳо, Ҳаёти иҷтимоӣ