Дар як сатр
» » Беҳтаринҳо қадрдонӣ шуданд

Беҳтаринҳо қадрдонӣ шуданд

11-09-2018, 09:00

Тавре ки ба ҳамагон равшан аст, амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 27 апрели соли 2018 "Дар бораи гузаронидани озмуни вилоятӣ, бахшида ба ҷашни 27-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба муайян намудани беҳтарин шаҳру ноҳия, шаҳраку деҳот, маҳалла ва деҳа” дарҷ гардида буд.

 

Дар ин замина қарори раиси вилояти Хатлон низ аз 13 майи соли 2018 таҳти №125 ба тасвиб расида, озмуни вилоятӣ дар шаҳру ноҳияҳо гузаронида шуд. Дар арафаи ҷашни Истиқлолияти давлатӣ озмуни мазкур ҷамъбаст гардида, ба ғолибон туҳфаҳои раиси вилоят тақдим гардид.

Раиси вилоят Давлатшоҳ Гулмаҳмадзода зимни супурдани туҳфаҳо ба ғолибони озмуни вилоятӣ таъкид дошт, ки  ҳадафи баргузории озмуни вилоятӣ, пеш аз ҳама, амалӣ намудани дастури Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошад.  Мақсад вусъат бахшидани корҳои ободонӣ, бунёдкориву созандагӣ, мусоидат ба рушди иқтисодиву иҷтимоӣ, таъсиси ҷойҳои нави корӣ дар шаҳру ноҳияҳо, шаҳраку деҳот, деҳаҳо, маҳаллаҳо, ташвиқу тарғиб ва дастрас намудани таҷрибаи пешқадам, муҳим аз ҳама, гиромидошти арзишҳои Истиқлолияти давлатӣ, ваҳдати миллӣ, таҳкими ҳувияти миллӣ, тарғиб ва оммавӣ гардидани суннатҳои беҳтарини миллӣ, баланд бардоштани ҳисси хештаншиносӣ, ватандӯстӣ, ободкорӣ, зебоипарастӣ, эҳтиром ба арзишҳои миллӣ, фарҳанг, илму маориф, тандурустӣ, муҳити зист ва ифтихор аз анъанаҳои миллӣ мебошад.

Раиси комиссияи озмуни вилоятӣ-муовини раиси вилоят Хидирзода Махфират Умар зимни суханронӣ ёдовар гардид, ки дар шаҳру ноҳияҳои вилоят 2,4 миллион нафар дар ин чорабинӣ ширкат варзида, аз 1570 деҳа 1369 деҳа, аз 22 ҷамоати шаҳрак 17 ҷамоати шаҳрак ва аз 133 ҷамоати деҳот 24 ҷамоати деҳот, аз 25 шаҳру ноҳия 4 шаҳру 21 ноҳия дар марҳалаи дуюми озмун дар баргузории озмуни вилоятӣ ширкат намудаанд. Тибқи ҷадвали тасдиқгардида марҳалаи якуми озмуни вилоятӣ то 20 июни соли ҷорӣ ҷамъбаст гардида, ба ғолибони мусобиқа диплом, ифтихорномаи ғолиби озмун, туҳфаҳои хотиравӣ, аз ҷумла мукофотпулиҳо дар ҳаҷми аз 2000 то 5000 муқаррар гардида буд.

Дар ин давра се ҷаласаи комиссияи вилоятӣ бо ширкати намояндагони шаҳру ноҳияҳо, раисон ва котибони комиссияи шаҳрӣ ва ноҳиявӣ гузаронида шуда, тибқи қоида ва ҷадвали тасдиқгардида марҳалаҳои 1 ва 2-юми он ҷамъбаст гардид. Комиссияи вилоятӣ маводҳои пешниҳодшударо таҳлил намуда, дар асоси талаботи  қарори раиси вилояти Хатлон оид ба  амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи гузаронидани озмуни вилоятӣ бахшида ба ҷашни 27-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон” ғолибон муайян гардиданд.

Ҳамин тавр, ҷойи аввал миёни шаҳрҳо шаҳри Бохтар (мукофот 10000 сомонӣ), ноҳияҳои беҳтарин ноҳияи Данғара (мукофот 10000 сомонӣ), "Ҷамоати шаҳраки беҳтарин” Ҷамоати шаҳраки "Ҳулбук”-и ноҳияи Восеъ, (5000 сомонӣ), "Ҷамоати деҳоти беҳтарин” Ҷамоати деҳоти "Пушинг”-и ноҳияи Данғара (5000 сомонӣ), "Деҳаи беҳтарин” деҳаи "Наврӯз”-и ноҳияи Ҷ. Балхӣ (3500 сомонӣ), "Маҳаллаи беҳтарин” маҳаллаи Ибни Сино аз ноҳияи Кӯшониён (3500 сомонӣ),  сарфароз гардиданд.

Шаҳри Кӯлоб ғолиби ҷойи 2-юм бо мукофотпулии 7000 сомонӣ, ноҳияи Ёвон ғолиби ҷойи дуюм бо мукофоти 7000 сомонӣ, Ҷамоати шаҳраки "Қубодиён”-и ноҳияи Қубодиён 3000 сомонӣ, Ҷамоати деҳоти "Қаҳрамон”-и ноҳияи Ҳамадонӣ 3000 сомонӣ, деҳаи Сангтӯдаи Ҷамоати деҳоти "Сангтӯда”-и ноҳияи Данғара 2500 сомонӣ, маҳаллаи Нурулло Ҳувайдуллоеви шаҳри Бохтар бо мукофоти 2500 сомонӣ сарфароз гардиданд.

Шаҳри Левакант ғолиби ҷойи сеюм бо мукофотпулии 5000 сомонӣ, ноҳияи Ҷ. Балхӣ ғолиби ҷойи сеюм бо мукофоти 5000 сомонӣ, Ҷамоати шаҳраки "Шаҳритӯс”-и ноҳияи Шаҳритӯс бо мукофотпулии 2500 сомонӣ, Ҷамоати деҳоти "Ваҳдат”-и ноҳияи Вахш 2500 сомонӣ, деҳаи Зарбдори Ҷамоати деҳоти "Зарбдор”-и шаҳри Кӯлоб 2000 сомонӣ, «Маҳаллаи-1»-и ноҳияи Фархор 2500 сомонӣ сарфароз гардиданд.

Ҳамчунин барои ширкати фаъ-олона дар озмуни вилоятӣ ба муносибати 27- солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ноҳияҳои Хуросон, Муъминобод, Ш. Шоҳин, Балҷувон, Темурмалик ва Ҷамоати шаҳраки ба номи А. Ҷомии ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ, Ҷамоати деҳоти "Зиракӣ”-и шаҳри Кӯлоб, Ҷамоати деҳоти "Наврӯз”-и ноҳияи Н. Хусрав, Ҷамоати деҳоти "Деҳқонобод”-и ноҳияи Дӯстӣ, Ҷамоати деҳоти «Қумсангир»-и ноҳияи Ҷайҳун бо Ифтихорномаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон сарфароз гардиданд.

Туҳфаҳоро раиси вилоят Давлатшоҳ Гулмаҳмадзода ба ғолибон супурда, барояшон бурдбориҳои нав ба нави меҳнатӣ  орзу намуд.
Баҳром МИРОВ,
ВАХШОНА,
«Хатлон»



Шарҳи хонандагон +

Матолиби дигар:

Дар Вахш бунёди 17 иншоот пешбинӣ мешавад

Хабарҳо

Ҷайҳун. Саҳми мардум дар корҳои бунёдкориву созандагӣ зиёд мегардад

Хабарҳо
Озмуни вилоятӣ, ки 5000 сомонӣ ҷоиза дорад, 4-уми май ҷамъбаст мешавад

Озмуни вилоятӣ, ки 5000 сомонӣ ҷоиза дорад, 4-уми май ҷамъбаст мешавад

Фарҳанг ва адабиёт, Хабарҳо, ҲАНГОМА ПАҲЛАВОНОВА
Ғолибони мусобиқаи ҷумҳуриявӣ аз дасти Пешвои миллат ҷоиза мегиранд

Ғолибони мусобиқаи ҷумҳуриявӣ аз дасти Пешвои миллат ҷоиза мегиранд

Ҳаёти иҷтимоӣ, Хабарҳо, НОСИРҶОН МАЪМУРЗОДА
Ҷ. Румӣ. Кадбонуи беҳтарин муайян шуд

Ҷ. Румӣ. Кадбонуи беҳтарин муайян шуд

Фарҳанг ва адабиёт, Хабарҳо