Дар як сатр
» » Изҳорот дар бораи истиқолияти давлатии ҷумҳурии Тоҷикистон

Изҳорот дар бораи истиқолияти давлатии ҷумҳурии Тоҷикистон

11-09-2018, 08:59

Тағйироти инқилобиро дар ИҶШС ба назар гирифта ва кӯшиши ҷумҳуриҳои сохибихтиёри ба он дохилшаванда оиди аз нав барқарор намудани муносибатҳои байниҳамдигарро эҳтиром намуда,

ба назардошти ҳуқуқи халқҳо ва худмуайянкунӣ ва бо дарки масъулияти сарнавишти халқҳои сокини Тоҷикистон,

пайравии худро ба Эъломияи умумихалқии ҳуқуқи башар, дигар нормаҳои эътирофшудаи ҳуқуқи байналхалқӣ ва Эъломияи ҳуқуқ ва озодиҳои инсон, ки аз тарафи Съезди V ғайринавбатии депутатҳои халқи ИҶШС қабул гардидааст, тасдиқ намуда,

баҳри таъсиси давлати демок-ратии ҳуқуқбунёд, ки сатҳи сазовори зиндагиро таъмин намуда, ҳимояи шараф ва эътибори ҳар як шаҳрвандро таъмин мекунад, кӯшиш намуда,

мувофиқи Эъломияи истиқ-лолияти ҶШС Тоҷикистон, ки 24-уми августи соли 1990 қабул шуда буд, Шӯрои Олӣ Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро эълон мекунад.

Ҷумҳурии Тоҷикистон  ба тарафдории бастани Шарт-нома дар бораи Иттиҳоди давлатҳои соҳибихтиёр, созишномаи иқтисоди байнидавлатҳои мустақилу соҳибихтиёр ба шартҳои баробарҳуқуқию манфиатдории тарафайн бо интихоби озоди шаклҳои иштироки худ дар Шартнома ва созишномаҳо баромад намуда, тарафдори ташкили системаи мудофиаи коллективӣ ва амнияти давлатҳои Иттиҳоди соҳибихтиёр мебошад.

Дар муносибатҳои байналхал-қӣ Ҷумҳурии Тоҷикистон ба сифати субъекти мустақили ҳуқуқи балналхалқӣ баромад намуда, дар фаъолияташ барои ноил шудан ба сулҳи пойдор, нобуд кардани аслиҳаи ядроӣ ва дигар аслиҳаи қатли ом, роҳ надодан ба истифодаи қувва дар халли баҳсҳо ва ихтилофотҳои байнидавлатҳои соҳибихтиёр саъй намуда, ҳамкориро дар байни онҳо дар ҳалли масъалаҳои ҳаматарафа (глобалӣ),  ки дар назди башарият истодаанд, тараққӣ медиҳад.

Ҷумҳурии Тоҷикистон омодагии худро барои бевосита имзо намудани созишномаҳо ва шартномаҳои баробарҳуқуқ ва манфиатноки дутарафаю бисёртарафаи ба ҳамаи шарикон бе ягон шарти пешакӣ, ки манфиатҳои давлати соҳибихтиёрро маҳдуд намекунад, изҳор медорад. 

 

Дар Сессияи ғайринавбатии Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикис-тон даъвати дувоздаҳум  қабул карда шуд.

9-уми сентябри соли 1991

 

Фароҳамсоз

Ф. БОБОЕВ, «Хатлон»



Шарҳи хонандагон +

Матолиби дигар:

Тоҷик бо нури истиқлол шуд овозадор

Тоҷик бо нури истиқлол шуд овозадор

Ҳуқуқу амният

Эломияи истиқлолияти ҷумҳурии шӯравии сотсиалистии Тоҷикистон

Ҳаёти иҷтимоӣ
Сокинони ноҳияи Ш.Шоҳин ватанпарвару заҳматдӯстанд

Сокинони ноҳияи Ш.Шоҳин ватанпарвару заҳматдӯстанд

Ҳаёти иҷтимоӣ
Тоҷикистон дар устувории суботу асосҳои демократӣ дар минтақа нақши бориз д ...

Тоҷикистон дар устувории суботу асосҳои демократӣ дар минтақа нақши бориз д ...

Сиёсат
Сарқонун кафолат медиҳад...

Сарқонун кафолат медиҳад...

Хабарҳо, Ҳуқуқу амният, Номаҳои Шумо