Дар як сатр
» » Эломияи истиқлолияти ҷумҳурии шӯравии сотсиалистии Тоҷикистон

Эломияи истиқлолияти ҷумҳурии шӯравии сотсиалистии Тоҷикистон

10-09-2018, 08:54

Истиқлолият дастоварди бузургест барои миллати тоҷик. Зеро соҳиби Истиқлолияти давлатӣ шудан орзуи деринаи мардум буд. Маҳз фарзандони ватандӯстӣ ин миллат баҳри ба даст овардани Истиқлолияти давлатӣ кӯшишҳои зиёдеро ба сомон расониданд. Нахуст 24 - уми августи соли 1990 «Эломияи Истиқлолияти Ҷумҳурии Шӯравии Сотсиалистии Тоҷикистон» қабул гардид, ки як қадаме буд, то ҷашни Истиқлолияти давлатӣ. Сипас, 9-уми сентябри соли 1991 Ҷумҳурии Тоҷикистон соҳибистиқлол гардид. Ин санаи таърихӣ тариқи васоити ахбори омма дар бораи «Эломияи Истиқлолияти Ҷумҳурии Шӯравии Сотсиалистии Тоҷикистон» (24.08.1990) ва «Изҳорот дар бораи Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» (9. 09.1991) пешниҳоди мардум гардида бошанд ҳам, кам нафароне медонанд, ки дар ин ҳуҷҷатҳои муҳим чӣ гуфта шудааст.

Хонандаи азиз! Ба ҳамин хотир, хостем ин ҳуҷҷати тақдирсозро пешниҳоди шумо намоем.

Шӯрои Олии Ҷумҳурии Шӯравии Сотсиалистии Тоҷикистон:

бо дарки амиқи масъулияти таърихӣ барои тақдири халқи тоҷик ва давлати миллии он,

бо назардошти ҳуқуқи дахлнопазири ҳар як халқ дар таъмини сарнавишти худ,

бо эътирофи он ки иттиҳоди озоду баробарҳуқуқи миллатҳои шӯравӣ дар ҳайати Иттифоқи Ҷамоҳири Шӯравии Сотсиалистии таҷдид ёфта, зомини тараққиёти ҳамаҷонибаи онҳо мебошад,

бо таъкиди эҳтиром ба шаъну эътибор ва ҳуқуқҳои намояндагони ҳамаи миллатҳои сокини ҶШС Тоҷикистон,

ба хотири таъмини ҳаққи зиндагии шоиста барои ҳар як инсон,

иродаи халқи ҶШС Тоҷикистонро ифода намуда, истиқлолияти Ҷумҳурии Шӯравии Сотсиалистии Тоҷикистонро ботантана эълон мекунад ва изҳор медорад, ки давлати демократии ҳуқуқбунёд барпо хоҳад кард.

1. Ҷумҳурии Шӯравии Сотсиалистии Тоҷикистон давлати сохибистиқлоли сермиллат мебошад.

Истиқлолияти давлатии ҶШС Тоҷикистон дар ягонагӣ ва ҳукмравоии ҳокимияти давлатӣ дар тамоми ҳудуди ҶШС Тоҷикистон ва соҳибихтиёрии он дар муносибатҳои хориҷӣ ифода меёбад.

2. Гражданинҳои ҶШС Тоҷикистон сарфи назар аз мансубияти миллӣ ҶШС Тоҷикистон-ро ташкил медиҳанд, ки он ифодакунандаи истиқлолият ва манбаи ягонаи давлатӣ дар ҷумҳурӣ мебошад. Халқ ҳокимияти давлатиро ҳам бевосита ва ҳам ба воситаи намояндаҳо дар асоси Конститутсияи ҶШС Тоҷикистон амалӣ мегардонад.

Ҳеҷ як ҳизби сиёсӣ, ташкилоти ҷамъиятӣ, динӣ, ҳаракати оммавӣ, гурӯҳи одамон ё шахси алоҳида аз номи халқи ҶШС Тоҷикистон баромад карда наметавонад. Фақат Шӯрои Олии ҶШС Тоҷикистон дорои чунин ҳуқуқ мебошад.

3. Ҳокимияти давлатӣ дар ҶШС  Тоҷикистон тавассути мақомоти қонунгузорӣ, иҷроия ва судӣ ба амал бароварда мешавад.

4. ҶШС Тоҷикистон дар ҳудуди худ ҳамаи масъалаҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва маъданиро, ғайр аз масъалаҳои, ки ихтиёран ба салоҳияти Иттифоқи ҶШС дода мешаванд, мустақилона ҳал мекунанд.

5. Дар  ҳудуди ҶШС Тоҷикистон ҳукумравоии Конститутсияи ҶШС Тоҷикистон ва қонунҳои ҶШС Тоҷикистон муқаррар мешаванд: Шӯрои Олии ҶШС Тоҷикистон амали ҳуҷҷатҳои Иттифоқи Ҷамоҳири Шӯравии Сотсиалистиро, ки бо ҳуқуқҳои дахлнопазири   ҶШС Тоҷикистон мухолифатанд, боз медорад. Ихтилофоти байни ҶШС Тоҷикистон ва Иттифоқи ҶШС дар бобати қонунӣ будан ё набудани ҳуҷҷатҳо мувофиқи тартиби муқарраршуда ҳал карда мешавад.

Ҳамаи гражданинҳои ҶШС Тоҷикистон, шахсоне, ки мансубияти гаржданӣ надоранд, ташкилотҳои давлатӣ, ҷамъиятӣ ва динӣ, фаъ-олияти худро мувофиқи Конститутсияи ҶШС  Тоҷикистон ва қонунҳои ҶШС Тоҷикистон ба роҳ мемонанд ва онҳоро қонун ҳимоя мекунанд.

Назорати олӣ ба иҷрои дақиқ ва ягонаи қонунҳо дар ҳудуди ҷумҳурӣ аз тарафи прокурори ҶШС Тоҷикистон, ки Шӯрои Олии ҶШС Тоҷикистон таъин мекунад, сурат мегирад. Прокурори ҶШС Тоҷикистон дар назди Шӯрои Олии Тоҷикистон масъул аст ва ба он ҳисобот медиҳад.

6. ҶШС Тоҷикистон ҳуқуқҳои дахлнопазири Иттифоқи Ҷамоҳири Шӯравии Сотсиалистӣ ва ҷумҳурияти Иттифоқиро эътироф ва эҳтиром менамояд; муносибатҳои худро бо онҳо дар асоси шартномаю муоҳидаҳо ба роҳ мемонад; дар ҷамоҳири дигари иттифоқӣ намояндагони ваколатдор дошта метавонад.

7. ҶШС Тоҷикистон ҳуқуқ дорад мувофиқи тартиботе, ки шартномаи иттифоқӣ муайян мекунад ва мутобиқи қонунҳое, ки дар асоси он тартиб дода мешаванд, аз ҳайати ИҶШС озодона хориҷ гардад.

8. Дар ҶШС Тоҷикистон ҳамаи партияҳои сиёсӣ, ташкилотҳои ҷамъиятӣ ва ҳаракатҳои оммавӣ, ки дар доираи Конститутсияи ҶШС Тоҷикистон амал мекунанд, ҳуқуқи баробар доранд; ба онҳо барои иштирок дар идораи давлат ва корҳои ҷамъиятӣ шароит муҳайё карда мешавад.

9. Дар худуди ҶШС Тоҷикистон, гаржданияти ҷумҳурӣ муқаррар карда мешавад.   Ҳар як гражданини ҶШС Тоҷикистон дар айни замон гражданини ИҶШС мебошад.

10. ҶШС Тоҷикистон ба ҳамаи гражданинҳо ва шахсоне, ки мансубияти гражданӣ надоранд, аммо дар ҳудуди ҷумҳурӣ зиндагӣ мекунанд, сарфи назар аз аслу насаб аҳволи иҷтимоӣ, вазъи дороӣ, мансубияти нажодӣ ва миллӣ, забон, ҷинс, ақидаи сиёсӣ,  эътиқоди динӣ, навъу хусусияти кор, ҷойи истиқомат ва ҳолатҳои дигар тамоми ҳуқуқу озодиҳоеро кафолат медиҳад, ки Конститутсияи ҶШС Тоҷикистон, Конститутсияи Иттифоқи Ҷамоҳири Шӯравии Сотсиалистӣ ва меъёрҳои маъмули ҳуқуқи байналхалқӣ пешбинӣ менамоянд.

ҶШС Тоҷикистон дар ҳаққи гражданинҳои худ, ки дар хориҷи ҷумҳурӣ қарор доранд, ғамхорӣ мекунад ва барои ҳимояю муҳофизати манфиатҳои онҳо тадбирҳо меандешад.

11. Ҳудуди ҶШС Тоҷикистон дахлнопазир аст ва бе ризоияти халқи он наметавонад тағйир дода шавад.

12. ҶШС Тоҷикистон барои соҳибият, истифода ва ихтиёрдории  сарвати миллии ҷумҳурӣ ҳуқуқи том дорад. Замин, сарватҳои зеризаминӣ ва дигар захираҳои табиии ҷумҳурӣ сирф моликияти ҶШС  Тоҷикистон мебошад.

13. ҶШС  Тоҷикистон бонкҳои махсус таъсис карда, сиёсати молия, қарз ва нархро мустақилона муқаррар менамояд.

14. ҶШС Тоҷикистон эҳёи миллию мадании халқи тоҷик, анъана ва русумоти неки таърихии таъмин намуда, инчунин ба ҳамаи миллатҳои сокини ҷумҳурӣ, ҳуқуқҳои гражданӣ, сиёсӣ, иқтисодӣ ва инкишофи озодонаи миллию маданиро замонат медиҳад.

15.ҶШС Тоҷикистон бо давлатҳои хориҷӣ бевосита робита намуда, бо онҳо шартномаҳои иқитисодӣ, маданӣ ва илмию техникӣ мебандад, мубодилаи намояндагони дипломатӣ, консулгарӣ ва тиҷоратиро ба роҳ монда, дар сурати зарурат дар фаъолияти созмонҳои байналхалқӣ ширкат меварзад.

16. ҶШС Тоҷикистон тарафдори принсипҳо ва меъёрҳои аз тарафи умум эътирофшудаи ҳуқуқи байналхалқӣ, ҷонибдори бо роҳи сиёсӣ ҳал кардани тамоми ихтилофот буда, ҳуқуқ, озодӣ ва соҳибихтиёрии ҳамаи халқҳо ва мамлакатҳоро эҳтиром мекунад, барои дӯстӣ, бародарӣ ва пешрафти минбаъда дар тамоми ҷаҳон саъй менамояд.

17. Ҳар сол 14 октябрро ҳамчун Рӯзи таъсиси Ҷумҳурии Шӯравии Сотсиалистии Тоҷикистон ҷашн гирифта, рӯзи истироҳат эълон карда шавад.

18. Нишони миллӣ, байрақ ва суруди миллӣ рамзи истиқлолияти ҶШС Тоҷикистон буда, муқаддасанд ва дахлнопазирии онҳоро қонун ҳимоя менамод.

19. Эъломияи мазкур барои таҳияи Конс-титутсияи нави ҶШС Тоҷикистон ва бастани шартномаи иттифоқӣ асос мебошад.

 

Эъломия 24 августи соли 1990 дар сессияи дуюми  Шӯрои Олии ҶШС Тоҷикистон даъвати дувоздаҳум қабул шудааст.

№165 (3215),31 августи соли 1990



Шарҳи хонандагон +

Матолиби дигар:

Изҳорот дар бораи истиқолияти давлатии ҷумҳурии Тоҷикистон

Ҳаёти иҷтимоӣ
Конститутсия - роҳнамои имрўзу фардои давлату миллат

Конститутсия - роҳнамои имрўзу фардои давлату миллат

Хабарҳо, Ҳуқуқу амният, КОМРОНИ БАХТИЁР
Раъйпурсӣ дар асоси кадом принсипҳо сурат мегирад?

Раъйпурсӣ дар асоси кадом принсипҳо сурат мегирад?

Хабарҳо, Ҳаёти иҷтимоӣ, НОСИРҶОН МАЪМУРЗОДА
Тағйиру иловаҳо ба Конститутсия зарурати ҷомеаи Тоҷикистон аст

Тағйиру иловаҳо ба Конститутсия зарурати ҷомеаи Тоҷикистон аст

Хабарҳо, Ҳуқуқу амният, Номаҳои Шумо
Сарқонун кафолат медиҳад...

Сарқонун кафолат медиҳад...

Хабарҳо, Ҳуқуқу амният, Номаҳои Шумо