Дар як сатр
» » Иштирокчии ду набард - Қурбоналӣ Азимов

Иштирокчии ду набард - Қурбоналӣ Азимов

9-05-2016, 14:09

Иштирокчии ду набард - Қурбоналӣ Азимов


Қурбоналӣ Азимов 15 феврали соли 1922 дар деҳаи Алошари Ҷамоати деҳоти Сангдараи ноҳияи Ховалинг дар оилаи деҳқон ба дунё омадааст. Азбаски зеҳни хубу аз шарикдарсон бартарии зиёд дошт, ӯро баъди хатми синфи 6-ум муаллим таъин карданд. Қурбоналии ҷавон аз соли 1938 то соли 1942 ба фарзандони мардуми деҳа дарс мегуфт. Пас аз як соли ҷанг, яъне соли 1942 ихтиёран ба фронт рафта, дар муҳорибаҳо баҳри озод кардани шаҳрҳои Курск, Брянск, Киев, Харков, Полша, Монголия ва дигар шаҳрҳо дар ҳайати полки 17-уми десантӣ иштирок карда, далерию мардонагӣ нишон додааст.

Ҷанговари шуҷоъ Қурбоналӣ Азимов хотираҳои давраи ҷангиашро пеши назар оварда, то замони зинда буданаш ба ҳар нафаре, ки бо ӯ ҳамсуҳбат мешуд, нақл мекард. «Ҷанг ҷанг аст ва аз он танҳо шахсе мегурезад, ки нангу номус надорад». Ватан дар кафи даст буд, хатари зиёд дар пеш, вале ҷавонмардони шуҷоъ далерию мардонагӣ нишон дода, онро аз душманони хунхор - фашистони немис ҳифз намуда, ғалаба ба даст оварданд.

- Ҳеҷ аз хотир намеравад ҳангоми озод кардани шаҳри Новгород. Сарбозони қисми мо ҷангида ба кӯҳ баромаданд. Дар пастӣ душман мисли муру малах менамуд ва ҷойи қафогардӣ ҳам набуд.
Дар яке аз рӯзҳои сарди зимистон, аниқтараш 3-юми январи соли 1944 муҳорибаи сахте ба амал омад. Хушбахтона, ғалаба карда ҳатто 4 немисро ба асирӣ гирифтем. Ман он рӯз ҷароҳат бардоштам ва ин маротибаи дуюм буд, ки захмдор шудам. Бори аввал 3 сентябри соли 1943 баъди озод кардани Киев рух дод. Баъди табобат моҳи ноябри соли 1944 ба фронт фиристода шудам. Аз он ҷо маро ба курси афсарӣ ба шаҳри Уляновск равон карданду соли 1945 пас аз хатми курс дар взводи танкӣ роҳбар шудам. Дар натиҷаи муҳориба дар атрофи Украина қисми мо аз дигарҳо пеш рафт. Ба немисҳо наздик шуда, ба ҳуҷум гузаштем ва ҳуҷуми фашистонро боздоштем, - мегуфт Қурбоналӣ Азимов.

Ин марди шуҷоъ воқеаҳои мудҳиши зиёди ҷангро дида, моҳи ноябри соли 1946 хизматро тамом карда, ба ноҳияи Фархор баргашт. Худи ҳамон сол дар ноҳия пешаи муаллимиро давом медиҳад. Солҳои 1959-1963 дар вазифаи директори мактаби №4-и ҳамин ноҳия кор кардааст. Баробари кору фаъолият соли 1949-1952 шуъбаи ғоибонаи Донишгоҳи омӯзгории шаҳри Кӯлоб ва соли 1956-1959 Донишгоҳи омӯзгории собиқ вилояти Ленинободро хатм кард ва то соли 1988 то ба синни нафақа баромадан муаллим шуда кор кардааст. Мутаассифона, ӯ соли 2015 аз олам чашм пӯшид.

Хизматҳои ҷангию меҳнатии Қурбоналӣ Азимов бо орденҳои «Ҷанги Бузурги Ватанӣ», «Ситораи сурх», «Аълочии маорифи Тоҷикистон» ва 13 медал барои шуҷоату мардонагӣ, ифтихорномаҳои зиёд қадр карда шудаанд.

Нуралӣ Ҳақназар,
ноҳияи Фархор



Шарҳи хонандагон +

Матолиби дигар:

Достони чор бародари ҳамяроқ

Достони чор бародари ҳамяроқ

Хабарҳо, Ҳаёти иҷтимоӣ, Номаҳои Шумо
Собиқадори ҶБВ М. Ҳамроев: лейтенант ва профессор

Собиқадори ҶБВ М. Ҳамроев: лейтенант ва профессор

Хабарҳо, Ҳаёти иҷтимоӣ, Матолиби чандрасонаӣ
Азми таҷлили 100-солагии аввалин қаҳрамони СССР аз Тоҷикистон дар вилояти Х ...

Азми таҷлили 100-солагии аввалин қаҳрамони СССР аз Тоҷикистон дар вилояти Х ...

Хабарҳо, Ҳаёти иҷтимоӣ, Фарҳанг ва адабиёт
Саҳми тоҷикистониҳо дар ғалаба бузург аст

Саҳми тоҷикистониҳо дар ғалаба бузург аст

Ҳаёти иҷтимоӣ, Ҳуқуқу амният
Восеъ. Тасмими бунёди боғи намунавӣ дар 10 га

Восеъ. Тасмими бунёди боғи намунавӣ дар 10 га

Хабарҳо, Арсаи кишоварзӣ, ҲАНГОМА ПАҲЛАВОНОВА