Дар як сатр
» » Достони чор бародари ҳамяроқ

Достони чор бародари ҳамяроқ

9-05-2016, 13:40

Достони чор бародари ҳамяроқ


Ҷанги Бузурги Ватании солҳои 1941-1945 дар таърихи инсоният ҳамчун ҷанги хунин ва фоҷиабор маҳсуб меёбад. Фашистони гитлерӣ аҳдшиканона, бе эълони ҷанг, ба хоки Иттиҳоди Шӯравӣ ворид шуданд. Ҷанг аз рӯзҳои аввал ба сари мардум мусибати калон овард. Одамон куштаю ба шиканҷаи гӯшношунид гирифтор шуданд, шаҳру деҳот дар коми оташ сӯхта валангор мегаштанд, ҷанг рӯз ба рӯз доман паҳн менамуд.

Хабари шуми ҷанг ба тамоми гӯшаю канори ҷумҳуриҳои собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ, аз ҷумла ба кишвари офтобию орому осудаи Тоҷикистон низ расид. Фарзандони баору номус ва далеру шуҷоъ ба ҳифзи хоки муқаддаси Ватани азиз бархостанд. Ҷавонмардони хатлонӣ низ дар канор намонда, бо майлу хоҳиши худ ба арсаи ҷанг рафтанд.

Дар байни ҳазорҳо нафар сарбозон аз оилаи бобои Абдушукур чор писар барои саркӯб кардани фашистон ба комиссарияти ҳарбии зодгоҳашон, ноҳияи ҳамонвақтаи Даҳанакиик рафта, номнавис шуданд. Бобои Абдушукур фарзандони ҷигарбандаш Намоз, Сангимурод, Нурмуҳаммад ва Тошмуродро ба фронт гуселонида, «Бо ғалаба сиҳату саломат ба хона баргардед!» - гӯён дуои некашон дод. Ҳамон рӯз хурду бузурги деҳаи наздикӯҳии Қарасирт ба хонаи бобои Абдушукур омада, бародарони ҳамяроқро ба фронт гуселониданд.

… Дар шаҳрҳои гуногуни Русия ҷанги шадид мерафт. Бо амри тақдир онҳо аз ҳамдигар ҷудо шуда, дар хатҳои гуногуни фронт бар зидди душман меҷангиданд. Бародари калонӣ Намоз дар фронти сеюми Украина дар набардҳо қаҳрамонӣ нишон медод. Вале дар яке аз чунин набардҳо ҳангоми амалиёти разведкавӣ аз тири душман ҳалок гардид.

Бародари хурдӣ Тошмурод Шукуров дар полки 47-уми тирандозии Курск командири гурӯҳ буд. 26 июли соли 1943 дар камонаи Курск муҳорибаи шадид оғоз гардид. Муҳориба се рӯз тӯл кашид. Қувваҳо нобаробар буд, аммо ба ин нигоҳ накарда сарбозони Шӯравӣ бартарӣ нишон доданд ва душман талафоти калон дида ақибнишинӣ кард. Як лаҳзаи ҳотирмони ҷангии Тошмурод Шукуровро ёдовар мешавем. Дар қатори 700 нафар ҷанговарони шуҷоъ барои кӯмак расондан ба қисми ҳарбии назди баҳри Балтика баталйони десантии махсуси лижаронҳо ташкил ёфт, ки Тошмурод ба он шомил буд. Моҳи январи соли 1944 онҳо аз дарёи Мозер гузашта, дар муддати 2 соат истеҳкоми душманро пурра рахна намуданд.

Тошмурод Шукуров рӯзи Ғалабаро дар шаҳри Рига пешвоз гирифт. Ӯ аз моҳи январи соли 1942 то марти соли 1947 дар полки 1-уми Байрақи Сурхдори назди Балтика ҷангидааст. Соли 1947 аз хизмати ҳарбӣ бо сари баланд ва ордену медалҳои ҷангӣ ба ватан баргашт ва ба меҳнати озод машғул шуд. Ӯ ҳамеша шукри Ватан, шукри истиқлолият менамуд. Дуогӯи Сарвари давлат буд. Ҳамасола аз кӯмакҳои Президенти кишвар, Асосгузори сулҳу ваҳдат-Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бархӯрдор буд. Орзу дошт накҳати баҳори имсоларо бичашад ва бо ҳамяроқонаш рӯзи ҷашни Ғалабаро бинад. Афсӯс, ки бобои Тошмурод Шукуров аввали моҳи марти соли ҷорӣ аз дунё даргузашт.

Бародари дуюмӣ Сангимурод Шукуров низ дар фронтҳои гуногун ҷангида, охирҳои соли 1944 аз даст ва китфи росташ тир хӯрда, ҷароҳат бардошт. Пас аз муолиҷа дар госпитали сарҳади Ленинград ба ватан баргашт. Ӯ солҳои тӯлонӣ сарварии бригадаи пахтакориро дар деҳаи «Оқҷар»-и ноҳияи Ҷиликӯл (ҳозира Дӯстӣ) ба уҳда дошт. Сангимурод ин деҳаи ноободро, ки наистон буд, бо ҳамдеҳагонаш обод намуд. Бригадаи ӯ ҳамасола дар майдони 100 гектар пахта кишт намуда, ҳосили рекордӣ мегирифт ва аз тарафи котиби аввали ҳамонвақтаи Ҳизби коммунисти ҷумҳурӣ Ҷаббор Расулов қадрдонӣ гардидааст.

Сангимурод Шукуров дар солҳои ҷанги шаҳрвандӣ мардумро ба таҳаммулпазирӣ даъват менамуд ва ҳамчун оқсақоли деҳа дар байни онҳо обрӯи баланд дошт. Дар байни хонандагону омӯзгорони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии № 32, 33, 38-и Ҷамоати деҳоти «Навзамин» то дар қайди ҳаёт буданаш вохӯриҳои муфид баргузор менамуд. Бобои Сангимурод тирамоҳи соли 2006 дар синни 90-солагӣ аз дунё даргузашт.

Бародари сеюмӣ Нурмуҳаммад дар набардҳои шадиди ҷангӣ иштирок намудааст. Ӯ дар озод намудани шаҳрҳои Киев, Смоленск, Севастопол, Харков, Витебск ва Полша саҳм гузоштааст. Махсусан корнамоии ӯ дар озод намудани шаҳри Брянск беҳамто буд. Дар яке аз муҳорибаҳо 24 январи соли 1943 захм бардошта, чанде дар госпитали ҳарбӣ табобат гирифта, боз ба хатти фронт фиристода шуд.

Фарзанди бузурги бобои Нурмуҳаммад акои Абдураҳим аз ҳаёти ҷангии падари бузургвораш хотираҳои зиёдеро ба мо қисса намуд. Номбардори падар акаи Абдураҳим дорандаи Ордени «Шараф» дараҷаи 3-юм буда, ҳоло давлати пирӣ меронад.

Солҳо мегузаранд, аммо қаҳрамонии ин абармардон дар саҳифаи таърих ва хотираи насли ҷавон боқӣ мемонад. Мо имрӯз бояд ба қадри онҳое, ки баҳри ҳимояи Ватан синаи худро сипар намудаанд, бирасем, хотираи онҳоро пос дорем, ёди онҳоро зинда дорем.

Чӣ тавре ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Ҷаноби Олӣ Эмомалӣ Раҳмон ҳамеша таъкид месозад: «Расидан ба қадри ҷоннисорию заҳмати насли калонсол ва кӯмаку ғамхорӣ дар ҳаққи иштирокчиён ва собиқадорони ҷангу меҳнат қарзи инсо¬нии ҳар як шаҳрванди баору номус аст».

ДАР АКСҲО: бародарон Тошмурод (аз чап) ва Сангимурод Шукуровҳо.


Музаффар Муродов


Шарҳи хонандагон +

Матолиби дигар:

Собиқадори ҶБВ М. Ҳамроев: лейтенант ва профессор

Собиқадори ҶБВ М. Ҳамроев: лейтенант ва профессор

Хабарҳо, Ҳаёти иҷтимоӣ, Матолиби чандрасонаӣ
Азми таҷлили 100-солагии аввалин қаҳрамони СССР аз Тоҷикистон дар вилояти Х ...

Азми таҷлили 100-солагии аввалин қаҳрамони СССР аз Тоҷикистон дар вилояти Х ...

Хабарҳо, Ҳаёти иҷтимоӣ, Фарҳанг ва адабиёт
Д. Гулмаҳмадзода: «Халқи тоҷик дар таъмини Ғалабаи Бузург бар фашизм саҳми  ...

Д. Гулмаҳмадзода: «Халқи тоҷик дар таъмини Ғалабаи Бузург бар фашизм саҳми ...

Хабарҳо, Ҳокимияти давлатӣ, Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ, Ҳуқуқу амният
Шоҳиди ду ҷанг: ба қадри сулҳ бояд расид!

Шоҳиди ду ҷанг: ба қадри сулҳ бояд расид!

Ҳаёти иҷтимоӣ, Хабарҳо, Ҳуқуқу амният, КОМРОНИ БАХТИЁР
Саҳми тоҷикистониҳо дар ғалаба бузург аст

Саҳми тоҷикистониҳо дар ғалаба бузург аст

Ҳаёти иҷтимоӣ, Ҳуқуқу амният