Дар як сатр
» » Собиқадори ҶБВ М. Ҳамроев: лейтенант ва профессор

Собиқадори ҶБВ М. Ҳамроев: лейтенант ва профессор

9-05-2016, 13:01

Собиқадори ҶБВ М. Ҳамроев: лейтенант ва профессор

Нуҳуми майи соли 1945 дар таърихи мардуми сулҳпарвару озодихоҳи тоҷик ҳамчун натиҷаи корнамоиҳои беназир ҳам дар ҷабҳаи набард ва ҳам дар ақибгоҳ арзёбӣ мегардад. Зеро хурду бузурги кишвар ба хотири ҳифзи Ватан ва таъмини ҳарчи зудтари пирӯзӣ дар ҷанг қаҳрамониҳои бемислу монандеро нишон доданд. Корнамоиву диловариҳои ҳамватанони мо дар таърихи Ҷанги Бузурги Ватанӣ бо ҳарфҳои заррин сабт гардидаанд. Яке аз чунин родмардони тоҷик Муҳаммадӣ Ҳамроев, ки ахиран ба синни мубораки 91 расидааст.

Муҳаммадӣ Ҳамроев 10 сентябри соли 1925 дар ноҳияи Орҷоникидзеобод (Ҳозира Ваҳдат)-и ҶШС Тоҷикистон зода шудааст. Волидонаш барзгар будаанд. Соли 1933 ба мактаби миёна рафтааст. Соли 1936 ба шаҳри Орҷоникидзе рафта, то моҳи июни соли 1941 дар омӯзишгоҳи омӯзгорӣ таҳсил кардааст. Як соли оянда дар мактаби ҳафтсолаи ноҳияи Қизил Мазор ба ҳайси омӯзгор кор кардааст.

Собиқадори ҶБВ М. Ҳамроев: лейтенант ва профессорМуҳаммадӣ Ҳамроевро соли 1942 барои таҳсил дар омӯзишгоҳи ҳарбии шаҳри Катта-Қӯрғони ҶШС Ӯзбекистон роҳӣ мекунанд. Соли 1943 ин ҷавони 18-соларо аллакай командири взвод таъин намуданд. Моҳи ноябри соли 1943 Ҳамроев бо ихтиёри худ ба Украина, ба фронт рафта, он ҷо низ раҳбарии взвод дар полки тирандози 344-умро ба дӯш дошт. Соли 1945, дар ҷараёни набард бо душман аз пояш сахт захмӣ шуд, аммо то поёни ҷанг ва ба даст овардани Ғалаба, лейтенант Муҳаммадӣ Ҳамроев дар фронт буд.

- Сабақҳои талхе, ки ин ҷанги хонумонсӯз ба сари тамоми инсоният оварда буд, ҳаргиз фаромӯш нахоҳанд шуд, - мегӯяд М. Ҳамроев. - Ҳамаи ин моро водор месозад, ки сулҳу оромиро ҳифз намоем, ба қадри он расем ва насли ҷавонро дар руҳияи сулҳу субот, ватанпарастиву башардӯстӣ тарбия намоем.

Вай дар идома афзуд: «Ҳар як рӯзи пурфоҷиаи ҷанг барои халқҳои Шӯравӣ, аз ҷумла мардуми Тоҷикистон як имтиҳони ҷиддӣ ва сабақи таърихӣ гардида буд». Имрӯз баъди гузашти чандин даҳсолаҳо мо метавонем бо ифтихор изҳор намоем, ки халқи тоҷик якҷо бо халқу миллатҳои гуногун бар зидди мусибату машаққатҳои бениҳоят вазнини ҷанг истодагарӣ карда, аз имтиҳони ҷиддии таърих гузашт ва дар таъмини ғалабаи бузург бар фашизм саҳми муносиб гузошт».

Собиқадори ҶБВ М. Ҳамроев: лейтенант ва профессор

…Пас аз бозгашт ба Ватан Муҳаммадӣ Ҳамроев чанд сол сарварии яке аз мактабҳои ҳамагониро ба зимма дошт. Аммо эҳсоси кандуков, меҳру рағбаташ ба илм ӯро ба Донишкадаи омӯзгории шаҳри Сталинобод бурд. Соли 1951 онро бомуваффақият хатм намуд ва бо ин ҳам қонеъ нашуда, то соли 1955 дар аспирантураи ҳамин донишкада таҳсил кард. Солҳои баъдӣ дар донишгоҳҳои Термезу Сталинободу Тошканд ва Қӯрғонтеппа ба шогирдон дарс мегуфт. Рисолаҳои номзадӣ ва докториашро ҳанӯз дар солҳои 60-70-уми асри гузашта ҳимоя карда, ба ҳайси профессори донишгоҳ фаъолият доштааст.

Собиқадори ҶБВ М. Ҳамроев: лейтенант ва профессорҲоло Муҳаммадӣ Ҳамроев дар иҳотаи 5 фарзанду набераҳо давлати пирӣ меронад ва ба онҳою шогирдони сершумори худ аз рӯзҳои сахти ҷанги солҳои 1941-1945 ҳикоят карда, онҳоро ба гиромидошти сулҳу ваҳдат ва якпорчагии кишвари азизамон ҳидоят мекунад.

Воқеан, Роҳбари давлат Эмомалӣ Раҳмон барҳақ аст, ки гуфтааст: «Корномаву диловарии фарзандони баору номуси он солҳо намунаи ибрати наслҳои зиёди имрӯзаву оянда хоҳад буд. Омӯзиши таҷрибаи зиндагӣ, маслиҳату машваратҳои муфид, кору пайкор ва зиндагиву фаъолияти собиқадорони ҷангу меҳнат ба наслҳои имрӯзу фардои халқи тоҷик барои эъмори давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва пешрафта ҳамеша дастури зиндагиву фаъолият мебошад».

Дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ қариб 300 ҳазор нафар фарзандони бонангу номус ва шарафманди Тоҷикистон ба ҷабҳа рафта, аз онҳо 100 ҳазор нафарашон дар арсаи ҷанг қаҳрамонона шаҳид гаштанд. Бо гузашти солҳо арзиши муборизаҳои абармардони ҷабҳаи ҷанг дар қалбҳои мо боз ҳам равшантар ва барои наслҳои ҷавон сабақи зиндагӣ мегардад.

Дар арафаи Рӯзи Ғалаба – 9 май – коромӯзони нашрияи «Хатлон» ба аёдати иштирокчии ҶБВ, доктори илмҳои таърих, професcор Муҳаммадӣ Ҳамроев рафтанд ва ин тасвирбаёнро таҳия карданд.





Шарҳи хонандагон +

Матолиби дигар:

Азми таҷлили 100-солагии аввалин қаҳрамони СССР аз Тоҷикистон дар вилояти Х ...

Азми таҷлили 100-солагии аввалин қаҳрамони СССР аз Тоҷикистон дар вилояти Х ...

Хабарҳо, Ҳаёти иҷтимоӣ, Фарҳанг ва адабиёт
Д. Гулмаҳмадзода: «Халқи тоҷик дар таъмини Ғалабаи Бузург бар фашизм саҳми  ...

Д. Гулмаҳмадзода: «Халқи тоҷик дар таъмини Ғалабаи Бузург бар фашизм саҳми ...

Хабарҳо, Ҳокимияти давлатӣ, Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ, Ҳуқуқу амният
Шоҳиди ду ҷанг: ба қадри сулҳ бояд расид!

Шоҳиди ду ҷанг: ба қадри сулҳ бояд расид!

Ҳаёти иҷтимоӣ, Хабарҳо, Ҳуқуқу амният, КОМРОНИ БАХТИЁР
Балҷувон. Осорхонаи нав бо нигораҳо аз замони ҶБВ

Балҷувон. Осорхонаи нав бо нигораҳо аз замони ҶБВ

Фарҳанг ва адабиёт, Хабарҳо, ҲАНГОМА ПАҲЛАВОНОВА
Саҳми тоҷикистониҳо дар ғалаба бузург аст

Саҳми тоҷикистониҳо дар ғалаба бузург аст

Ҳаёти иҷтимоӣ, Ҳуқуқу амният