Дар як сатр
» » Хизматрасонии ройгони тиббӣ ба 11147 нафар дар як рӯз

Хизматрасонии ройгони тиббӣ ба 11147 нафар дар як рӯз

7-05-2016, 12:01

Хизматрасонии ройгони тиббӣ ба 11147 нафар дар як рӯзДар Маркази саломатии шаҳри Қӯрғонтеппа бо иштироки роҳбарони муассисаҳои тиббии ҷумҳуриявӣ, устодони баландпояи муассисаҳои олии таълими тиббии ҷумҳуриявӣ ва бо иштироки муовини вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ Наврӯз Ҷаъфаров чорабинии марказонидашудаи тиббию машваратӣ гузаронида шуд.

Дар чорабинии мазкур аз тарафи мутахассисон бо ду дастгоҳи барқи дил, ду дастгоҳи даруннигорӣ, ҳафт дастгоҳи ултрасадо ва як мошини сайёри флюрографии қафаси сина барои гузаронидани муоинаи тиббии ройгон хизмат расонида шуд.

Дар ин рӯз барои 11147 нафар шаҳрвандони вилоят, аз ҷумла ба 7 нафар ҷарроҳиҳои гуногун, хизмати ройгони тиббӣ расонида шуд.

Дар рафти чорабинӣ барои огоҳӣ ва баланд бардоштани фарҳанги тиббии ҷомеа гӯшаҳои гиёҳдармонӣ ва иттилоотӣ (лавҳаю овезаҳо, варақаҳо) оид ба тарзи ҳаёти солим ва пешгирии бемориҳо ба шаҳрвандон тақдим карда шуд.

Ин маърака бо мақсади пешгирии беморшавии аҳолӣ ва баланд бардоштани маърифати тиббии ҷомеа, дар доираи татбиқи ҳадафҳои бунёдии “Дурнамои пешгирӣ ва назорати бемориҳои ғайрисироятӣ ва осеббардорӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2013-2023” доир гардид.


Шарҳи хонандагон +
Имбицильно считать

----------
активатор windows 7 64 bit скачать бесплатно
4 январ 2017 13:07

Матолиби дигар:

«Корвони саломатӣ» дар шаҳри Кӯлоб

«Корвони саломатӣ» дар шаҳри Кӯлоб

Хабарҳо, Тандурустӣ ва экология, КОМРОНИ БАХТИЁР
Ҷиликӯл. Муоинаи ройгони тиббии 1,5 ҳазор нафар

Ҷиликӯл. Муоинаи ройгони тиббии 1,5 ҳазор нафар

Хабарҳо, Тандурустӣ ва экология, ҲАНГОМА ПАҲЛАВОНОВА
Қӯрғонтеппа. Ташхиси ройгони тиббии 3700 нафар

Қӯрғонтеппа. Ташхиси ройгони тиббии 3700 нафар

Хабарҳо, Тандурустӣ ва экология, ҲАНГОМА ПАҲЛАВОНОВА
Татбиқи лоиҳаи нави тиббӣ дар Хатлон

Татбиқи лоиҳаи нави тиббӣ дар Хатлон

Хабарҳо, Тандурустӣ ва экология, ҲАНГОМА ПАҲЛАВОНОВА
Тибби оилавӣ рушд меёбад

Тибби оилавӣ рушд меёбад

Тандурустӣ ва экология