Дар як сатр
» » Хатари ифротгароӣ имрӯз сангинтар аз солҳои 90-ум аст

Хатари ифротгароӣ имрӯз сангинтар аз солҳои 90-ум аст

6-05-2016, 15:28

Лоиҳаҳои иғвоандози давлатҳои аҷнабӣ идеологияи таҳрифшудаи нави диниро бо номи «салафия-ваҳҳобия» ба сари ҷавонону наврасони мо бор карда, аз рӯйи ангезаҳои мазҳабӣ ба бор овардани ҷанги нави шаҳрвандиро таҳмил карда истодаанд.

Хатари ифротгароӣ имрӯз сангинтар аз солҳои 90-ум аст

Ин нуктаи назар аз ҷониби коршиносон дар ҷараёни конфронси илмӣ-амалии «Терроризм – падидаи номатлуб», ки 4 май дар «Кохи Лоҳутӣ»-и шаҳри Қӯрғонтеппа баргузор шуд, матраҳ гардид. Ҳамоиши мазкур бо ибтикори Кумитаи оид ба корҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон ороста шуда, дар он муовини раиси вилояти Хатлон Махфират Хидирзода, раиси Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои динии ҷумҳурӣ Сулаймон Давлатзода, муовини якуми вазири корҳои дохилӣ Абдураҳмон Аламшозода, раиси Шӯрои уламои Тоҷикистон Саидмукаррам Абдуқодирзода, намояндагони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, олимон, коршиносон аз Маркази таҳқиқоти стратегӣ, Маркази исломшиносии назди Президенти кишвар, Академияи ВКД, сархатибон ва имомхатибон масоҷиди ҷомею панҷвақтаи шаҳру навоҳии вилоят иштирок доштанд.

«Танҳо дар зарфи 4 моҳи соли 2016 дар қаламрави кишвар пайравии 293 нафар ба равияти тундгарои салафия муайян гардидааст, ки онҳо дар содир намудани 281 ҷиноят гумонбар дониста мешаванд. Нисбат ба 185 нафарашон парвандаҳои ҷиноятӣ кушода шудааст».

С. Давлатзода бо таъкид ба хавфу хатари фаъолияти ташкилотҳои экстремистӣ дар Тоҷикистон, ки зери ақоиди таҳрифшудаи дини мубини ислом мақсадҳои нопоки худро амалӣ карданӣ мешаванд, гуфт, ки ин хавфу хатар дар марҳилаи навин даҳҳо маротиба сангинтар аз солҳои 90-уми асри гузашта хоҳад буд. Ба андешаи раиси Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллӣ, ҷавононе, ки моили равияи иртиҷоии салафия ё дигар созмонҳои ифротӣ гардидаанд, аз мазмуну муҳтавои дини мубини ислом, хусусан мазҳаби оламшумули ҳанафия, ки 77%-и мусалмонони ҷаҳон аз он пайравӣ мекунанд, фарсахҳо дуранд. «Домуллоҳои муҳтарам, шумо бояд бо ҷавонон, махсусан онҳое, ки дар муҳоҷирати меҳнатӣ дар хориҷ аз кишвар будубош доранд, дар тамос бошед ва бикӯшед, ки ҳақиқати исломро барояшон шарҳ диҳед, то онҳо зери таъсири гурӯҳҳои иртиҷоӣ, ки таҳти ниқоб ба мағзшӯи ҷавонон машғуланд, қарор нагиранд», - афзуд С. Давлатзода.

А. Аламшозода, муовини якуми вазири корҳои дохилӣ, зимни ироаи маърӯзааш гуфт, ки идома ёфтани моилшавии ҷавонон ба ҷараёни ифротии салафия дар дохил ва хориҷи кишварро, ки дурустии идеологияи «Давлати исломӣ»-ро инкор намекунанд, яке аз хатарҳои муосир ба амнияти мамлакат номидан мумкин аст. Ба қавли муовини якуми вазир, танҳо дар зарфи 4 моҳи соли 2016 дар қаламрави кишвар пайравии 293 нафар ба равияти тундгарои салафия муайян гардидааст, ки онҳо дар содир намудани 281 ҷиноят гумонбар дониста мешаванд. Нисбат ба 185 нафарашон парвандаҳои ҷиноятӣ кушода шудааст.

А. Аламшозода ҳамчунин бо изҳори нигаронӣ аз он ки, тибқи маълумоти фаврӣ, феълан 457 нафар аз шаҳру навоҳии вилояти Хатлон дар задухӯрдҳои мусаллаҳона дар кишварҳои ҷангзада ҳастанд, афзуд, ки то имрӯз дар Сурия, Покистон ва Афғонистон 53 сокини Хатлонзамин кушта шудаанд. Вай ҳамчунин гуфт, ки дар миёни онҳое, ки ба Сурия мераванд, ҳамчунин шумораи ноболиғон низ кам нест.

Хатари ифротгароӣ имрӯз сангинтар аз солҳои 90-ум аст


«Миллати хирадманд ҳамонест, ки аз сарнавишти дигарон ибрат бигирад ва бар неъматҳо шукрона кунад. Сулҳу салоҳе, ки дорем, амну осоише, ки дар ватани мо ҳукмфармост, неъмати илоҳист. Ҳамаи ин воқеияту рӯйдодҳои мудҳиш, терроризму экстремизм ҳеҷ умумияте бо дин, бавижа дини мубини ислом надошта, бо истифода аз номи ислом ба хотири ҳадафҳои сиёҳу ғаразноки сиёсӣ содир карда мешаванд...»


Саидмукаррам Абдулқодирзода, раиси Шӯрои уламои Тоҷикистон, иштироки ҷавонони кишварро дар ҷангҳои Сурия мухолиф ба арзишҳои исломӣ номида, гуфт, ки бардошти онон аз «ҷиҳод» ғалат аст. «Дар он давлатҳо, ки аз номи ислом сӯйистифода шуда, бар сари мардуми бегуноҳ тир мекушоянд, зиёда аз ним миллион нафар кушта шудааст. Аксари онҳо мусалмонанд. Магар мусалмон мусалмон мекушад?! Ин ҷиҳод нест, балки фитнаю найранги хоҷагони хориҷиест, ки фаъолияти ин гурӯҳҳои тундравро идора мекунанд. Онҳо, фаразан, як миллион доллар медиҳанд, аммо триллионҳо доллар бо худ мебаранд. Исломро мехоҳанд чун дини ифротӣ, бадхоҳ, чун дини золиму террористӣ муаррифӣ кунанд. Миллати хирадманд ҳамонест, ки аз сарнавишти дигарон ибрат бигирад ва бар неъматҳо шукрона кунад. Сулҳу салоҳе, ки дорем, амну осоише, ки дар ватани мо ҳукмфармост, неъмати илоҳист. Ҳамаи ин воқеияту рӯйдодҳои мудҳиш, терроризму экстремизм ҳеҷ умумияте бо дин, бавижа дини мубини ислом надошта, бо истифода аз номи ислом ба хотири ҳадафҳои сиёҳу ғаразноки сиёсӣ содир карда мешаванд», - афзуд С. Абдуқодирзода.

Дар ин ҳамоиш таъкид шуд, ки бояд рӯҳониён ва одамони обруманди деҳаю маҳаллаҳо, раисони ҷамоат, пирони рӯзгордида, бонувони фаъол низ дар маъракаи солимгардонии андешаву афкори насли ҷавон ва ташаккули ақидаҳои башардӯстонаю меҳанпарастӣ саҳми бориз дошта бошанд. Аммо бо таассуф қайд гардид, ки гоҳе, баръакс, мубаллиғони ҳаракати иртиҷоии салафия ба он ҳад аз шеваҳои муассир кор мегиранд, ки имомхатибони масҷидҳо низ таҳти таъсири онҳо қарор мегиранд. Ба иттилои масъулони ВКД, 12 нафар имомон ва муовинони онҳо, ки шомили ҷараёни салафия гаштаанд, муайян ва боздошт гардидаанду ҳоло дар ҳабс қарор доранд.

Хатари ифротгароӣ имрӯз сангинтар аз солҳои 90-ум аст


Нотиқони дигар низ терроризм ва экстремизмро вабои аср ва хатари глобалии ҷиддӣ хонда, перомуни роҳҳои ҷилавгирӣ аз пайомадҳои манфии он барои давлат ва ҷомеаи Тоҷикистон мубодилаи афкор намуданд.

Носирҷон МАЪМУРЗОДА


Шарҳи хонандагон +

Матолиби дигар:

Қӯрғонтеппа. Конфронси илмӣ-амалӣ дар мавзӯи «Муқовимат ба терроризм: дасто ...

Қӯрғонтеппа. Конфронси илмӣ-амалӣ дар мавзӯи «Муқовимат ба терроризм: дасто ...

Хабарҳо, Ҳуқуқу амният, Ҷавонон ва варзиш, НОСИРҶОН МАЪМУРЗОДА
Фатвои Шӯрои уламо: Тарғиби ақидаи Салафия тарғиби терроризм аст

Фатвои Шӯрои уламо: Тарғиби ақидаи Салафия тарғиби терроризм аст

Сиёсат, Хабарҳо, Ҳуқуқу амният
Гурӯҳҳои тундрав аз номи ислом сӯйистифода мекунанд

Гурӯҳҳои тундрав аз номи ислом сӯйистифода мекунанд

Хабарҳо, Ҳуқуқу амният, Номаҳои Шумо
Ҳушдори мақомот: То имрӯз беш аз 30 ҷавони хатлонӣ дар Сурия кушта шудааст

Ҳушдори мақомот: То имрӯз беш аз 30 ҷавони хатлонӣ дар Сурия кушта шудааст

Сиёсат, Хабарҳо, Ҳуқуқу амният, НОСИРҶОН МАЪМУРЗОДА
Ифротгароӣ, таассуб ва мағзшӯии ҷавонон. Чӣ бояд кард?

Ифротгароӣ, таассуб ва мағзшӯии ҷавонон. Чӣ бояд кард?

Таҳқиқи журналистӣ, НОСИРҶОН МАЪМУРЗОДА