Дар як сатр
» » Нашри «Санъати мусиқии Кӯлоб» бо се забон

Нашри «Санъати мусиқии Кӯлоб» бо се забон

6-05-2016, 15:04

Нашри «Санъати мусиқии Кӯлоб» бо се забон«Санъати мусиқии Кӯлоб» - чунин номгузорӣ шудааст китоби тозанашри Раҳим Раҳмонӣ, омӯзгори Коллеҷи санъати шаҳри Кӯлоб, узви Иттифоқи композиторони Тоҷикистон, ки бо се забон: тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ нашр гардидааст.

Муаллифи китоб сурудҳои халқии қадимии мардуми минтақаи Кӯлобро, ки то имрӯз мафҳуз мондаанд, гирд оварда, ба нота ворид намудааст.

Китоби «Санъати мусиқии Кӯлоб» аз сурудҳои лирикиву фалак, тақвимию тӯёна, лапару бадеҳа гаҳворабандон иборат буда, дар ҳафт боб тақсимбандӣ гардидааст.

Раҳим Раҳмонӣ дар ин маврид изҳор дошт, ки мақсадаш аз нашри китоби мазкур эҳё ва ташвиқу тарғиби сурудҳои халқии минтақаи Кӯлоб аст, ки дар онҳо мақсаду маром ва орзую омоли мардум таҷассум гардида, як ҷузъи санъати қадимии халқи тоҷик маҳсуб мешаванд.

Муаллифи китоб мақсад дорад, ки дар оянда ҳар боби ин китобро дар шакли китоби алоҳида ба нашр расонад.


Шарҳи хонандагон +

Матолиби дигар:

«Донишномаи фарҳанги мардуми тоҷик» ба нашр расид

«Донишномаи фарҳанги мардуми тоҷик» ба нашр расид

Хабарҳо, Маориф ва илм, КОМРОНИ БАХТИЁР
Кӯдакону наврасони мактаби санъат хушнавозанд

Кӯдакону наврасони мактаби санъат хушнавозанд

Фарҳанг ва адабиёт, Хабарҳо, АМОН МАҲКАМОВ
Армуғони ҷашнӣ: Нашри «Фолклори бачагонаи тоҷик»

Армуғони ҷашнӣ: Нашри «Фолклори бачагонаи тоҷик»

Фарҳанг ва адабиёт, Хабарҳо, Маориф ва илм, ҲАНГОМА ПАҲЛАВОНОВА
Нашри нахустин китоб ба забони тоҷикӣ дар таърихи роҳи оҳани Тоҷикистон

Нашри нахустин китоб ба забони тоҷикӣ дар таърихи роҳи оҳани Тоҷикистон

Фарҳанг ва адабиёт, Хабарҳо, ҲАНГОМА ПАҲЛАВОНОВА
Нашри мақолаи Президенти кишвар дар китоби «Сайри маънӣ»

Нашри мақолаи Президенти кишвар дар китоби «Сайри маънӣ»

Фарҳанг ва адабиёт, Хабарҳо, ҲАНГОМА ПАҲЛАВОНОВА