Дар як сатр
» » Истиқлолият оғози марҳалаи навини давлатдории миллист

Истиқлолият оғози марҳалаи навини давлатдории миллист

9-09-2018, 09:00

(гузориш аз тантанаи идона ба ифтихори бузургтарин ҷашни миллӣ)

Маркази вилоят-шаҳри Бохтар қабои идона ба бар намуда, дар ҳар қадам шиору навиштаҳои тараннумгари Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ваҳдати миллӣ, бунёдкориву созандагӣ ба ҳусни шаҳр ҳусни тоза зам намудааст. Хурду бузург бо чеҳраҳои хушҳол рӯ ҷониби варзишгоҳи "Пахтакор” - макони баргузории тантанаҳои идона оварда буданд. Дар шаҳру ноҳияҳои вилоят ба ифтихори ҷашни Истиқлолият даҳҳо иншоотҳои хизматрасонӣ қомат афрохтанд.

Рӯзи 8 сентябр бо ширкати Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода ва раиси вилоят Давлатшоҳ Гулмаҳмадзода дар маҳаллаи Ғайрати шаҳри Бохтар Боғчаи кӯдаконаи хуштарҳу замонавӣ дар вазъияти тантанавӣ ба фаъолият оғоз намуд. Дар ин муассисаи томактабӣ барои кӯдакон ҳамаи шароитҳо муҳайё буда, минбаъд модарон бе ягон мушкилӣ метавонанд, ба кор машғул гарданд, зеро мураббияҳои ғамхору кордон фарзандонашонро парасторӣ менамоянд.

Ҳамчунин маркази ташхисиву табобатии навбунёди «Акси шифо» низ дар маркази вилоят қомат афрохт, ки дар маросими тантанавии кушодашавии ин муассиса раиси вилоят ва Сарвазири мамлакат ширкат доштанд.

Меҳмонон ва раиси вилоят, узви Маҷлиси миллии  Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Давлатшоҳ Гулмаҳмадзода, пас аз супурдани мукофотҳои давлатӣ ба намояндагони соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқи вилоят ба варзишгоҳ ворид гардиданд.

Ҷамъомадро раиси вилоят Давлатшоҳ Гулмаҳмадзода ҳусни ифтитоҳ бахшида, аз дастовардҳои даврони соҳибистиқлолии ватан ва заҳматкашони вилояти Хатлон ёдовар гардид. Тавре ки номбурда таъкид дошт, истиқлолият барои мо рамзи олии ватану ватандорӣ, бузургтарин неъмати давлатсозиву давлатдории мустақил, кору андешаҳои созанда, азму иродаи фидокоронаи расидан ба ормонҳои миллиро омӯзонда, меъёрҳои ҷомеаи шаҳрвандиро таҳким бахшид.

Имрӯз мардуми шарафманди Хатлон дар қатори дигар сокинони ватани биҳиштосои азизамон ҷашни бузург ва таърихии миллат- 27-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро бо ҳисси баланди ифтихор аз ватан ва шукӯҳу шаҳомати хоса таҷлил намуда истодаанд. Чуноне ки раиси вилоят ироа дошт, барои кулли сокинони кишвари мо Истиқлолият нишонаи барҷастаи пойдории давлат, бақои миллат, рамзи асолату ҳуввият, мазҳари идеалу ормонҳои таърихӣ, шиносномаи байналмилалӣ ва шарафу эътибори ба ҷаҳони мутамаддин пайвастани давлати соҳибистиқлоли Тоҷикистон мебошад.

Ҳамин тавр, роҳбари вилоят доир ба дастовардҳои вилояти Хатлон дар даврони соҳибистиқлолӣ сухан ронда, таъкид дошт, ки сокинони вилояти Хатлон низ ба арзишҳои истиқлолият ва озодӣ арҷ гузошта, баҳри ноил гардидан ба дастовардҳои нав ба нави меҳнатӣ талош меварзанд. Зеро маҳз озодӣ ва истиқлолият меҳвари аслии пешрафт, бунёдкориву созандагиҳо гардидааст. Имрӯз ватани азизи моро соҳибистиқлолӣ дар арсаи ҷаҳон муаррифӣ намуда, сиёсати созандаву пешниҳодҳои инсондӯстонаи Роҳбари давлат, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  соҳибмартабаю ба ҷаҳониён муаррифӣ намуд.

Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода зимни суханронӣ сокинони калонтарини вилоят - Хатлонро ба ҷашни пуршукӯҳ 27-умин солгарди Истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз номи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон табрик намуда, ёдрас гардид, ки мардуми бонангу номус, сарбаланду ватандӯст, қадру қимат ва арзиши истиқлолияти бадастовардаро муқаддас дониста, барои ноил гардидан ба ҳадафҳои олии Роҳбари давлат-таъмини зиндагии шоиста барои ҳар як фарди тоҷику тоҷикистонӣ талош меварзанд.

Сарвазири мамлакат аз дастовардҳои истиқлолият ёдовар гардида, доир ба заҳмати мардуми сарбаланди хатлонзамин барои ноил гардидан ба дастовардҳои меҳнатӣ муҳим аз ҳама баҳри амалӣ гаштани ҳадафҳои стратегии давлат- раҳоӣ аз бунбасти коммуникатсионӣ, таъмини амнияти озуқаворӣ ва  расидан ба истиқлолияти энергетикӣ изҳори сипос намуд.

Номбурда таъкид дошт, ки ҳифзи  арзишҳои   ниёгон, дӯст  доштани ҳар як зарра хоки ватан ва чун гавҳараки чашм азиз донис-тани истиқлолияту ваҳдати миллӣ вазифаи ҳар як фарди ватандӯст ба шумор меравад, барои расидан ба имрӯз Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон заҳматҳои зиёде кашидааст. Пешниҳодҳои инсондӯстонаи Роҳбари давлат на танҳо ба манфиати мардуми Ҷумҳурии Тоҷикистон, балки  ба тамоми оламиён нигаронида шудааст. Аз ин рӯ, Роҳбари давлат ва мамлакати моро ҷаҳониён эътироф намудаанд ва мактаби бузурги сиёсати давлатдории Роҳбари муаззами мо мавриди омӯзиши оламиён қарор гирифтааст.

Ҳамин тавр, Сарвазири мамлакат дар интиҳои суханронии хеш иштирокчиёни ҷамъомади тантанавӣ ва дар симои онҳо тамоми сокинони вилоятро ба санаи таърихӣ 27-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон табрик намуда, таъкид дошт, ки  барои боз ҳам ноил гардидан ба дастовардҳои нав ба нави меҳнатӣ дар вилояти Хатлон заминаҳои мусоид мавҷуд аст ва  то 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон боз садҳо иншоотҳои хизматрасонӣ, тиббию таълимӣ ва корхонаҳои саноатӣ бунёд меёбанду ҷойҳои нави корӣ муҳайё мегардад.

Сипас, намоиши театрикунонидашудаи  ҳунармандони вилояти  Хатлон таҳти унвони "Васфи истиқлол” пешкаши иштирокчиёни ҷамъомад гардид. Барномаи мазкур тараннумгари соҳибистиқлолии ватан, дӯстиву бародарӣ, ваҳдати миллӣ, бунёдкориву созандагиҳо буд. Ҳунар-мандони шинохтаи ҷумҳурӣ низ дар ин чорабинӣ ширкат варзида, бо ҳунари волои хеш хотири иштирокдорони тантанаи истиқлолиятро шод намуданд.

Дар тантанаҳои ҷашни истиқ-лолият намояндагони Ҷумҳурии Ӯзбекистон низ ширкат доштанд.

 

ВАХШОНА,

«Хатлон»

Аксбардор Толиб Толибзода



Шарҳи хонандагон +

Матолиби дигар:

Истиқлолият беҳтарин неъмати давлатсозиву давлатдории мустақил мебошад

Истиқлолият беҳтарин неъмати давлатсозиву давлатдории мустақил мебошад

Ҳокимияти давлатӣ

Шукри истиқлол мекунем

Ҳуқуқу амният
Мактаби нав - ҳадя ба толибилмон

Мактаби нав - ҳадя ба толибилмон

Маориф ва илм, АСАЛМО САФАРОВА
Ҳадафи ҳукумат вусъат бахшидан ба корҳои ободониву созандагӣ аст

Ҳадафи ҳукумат вусъат бахшидан ба корҳои ободониву созандагӣ аст

Ҳокимияти давлатӣ
Истиқлолият барои мо рамзи олии ватану ватандорӣ, бузургтарин неъмати давла ...

Истиқлолият барои мо рамзи олии ватану ватандорӣ, бузургтарин неъмати давла ...

Хабарҳо, Ҳокимияти давлатӣ