Дар як сатр
» » Пешвои миллат: «насли дорои эҳсоси баланди ватандӯстиву ватанпарастиро тарбия намоем»

Пешвои миллат: «насли дорои эҳсоси баланди ватандӯстиву ватанпарастиро тарбия намоем»

7-09-2018, 08:55

СУХАНРОНИИ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН, ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН, ДАР МАРОСИМИ ИФТИТОҲИ

МУАССИСАИ ТАҲСИЛОТИ МИЁНАИ УМУМИИ РАҚАМИ 80 ДАР НОҲИЯИ ЁВОН, 6 сентябри соли 2018

 

Муҳтарам аҳли маорифи ноҳияи Ёвон!

Шогирдони азиз ва ҳозирини гиромӣ!

Имрӯз дар ноҳияи Ёвон дар арафаи ҷашни муқаддасу бузурги миллиамон – истиқлолияти давлатӣ боз як муассисаи замонавии таълимӣ - мактаби таҳсилоти миёнаи умумии рақами 80 ифтитоҳ гардид.

Кулли сокинони сарбаланду ободкори ноҳияи Ёвон ва ҳамаи шумо, ҳозирини арҷмандро ба ифтихори ҷашни соҳибдавлативу соҳибватанӣ ва ба фаъолият оғоз кардани ин боргоҳи маърифат самимона табрик мегӯям.

Мо бояд ҳамеша дар хотир дошта бошем, ки истиқлолият на танҳо ифтихор кардан аз соҳибдавлативу соҳибихтиёрӣ аст, балки заҳмат кашидан ба хотири таҳкими ин дастоварди беназири таърихӣ ва пешрафти имрӯзу фардои Ватани маҳбубамон мебошад.

Яъне истиқлолият ҳар яки моро водор месозад, ки барои ҳифзу пойдории ин неъмати бебаҳои зиндагиамон, боз ҳам ободу пешрафта гардонидани Тоҷикистони биҳиштосоямон ва муҳайё сохтани зиндагии шоиста барои сокинони кишвари азизамон содиқона заҳмат кашем. Мо, ҳамчунин, дар ин ҷода бояд сарҷамъу муттаҳид бошем ва дар ҳифзи манфиатҳои милливу давлатӣ ва амнияти ҷомеа зиракиву ҳушёриро аз даст надиҳем.

Имрӯз ман ифтихор мекунам, ки кулли мардуми шарифи Тоҷикистон ин дастоварди бузургтарини халқамон - истиқлолияту озодӣ, сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ ва ваҳдати миллиро гиромӣ медоранд ва аз сиёсати пешгирифтаи давлату Ҳукумати мамлакат самимона ҷонибдорӣ менамоянд.

Моҳи декабри соли 2017 фармони Президент «Дар бораи ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба тасвиб расид, ки ҳадаф аз қабули он вусъат додани раванди созандагиву бунёдкорӣ дар саросари кишвар мебошад.

Хушбахтона, имрӯз мушоҳида мегардад, ки ин иқдом мардуми Тоҷикистонро ба корҳои ободкориву созандагӣ ва дигар амалҳои хайр сафарбар намудааст. Ҳоло ҳамаи гӯшаву канораҳои Ватани азизамон ба корзори заҳмати созандагиву ободгарона табдил ёфта, ҷомеаи моро боз ҳам сарҷамъу муттаҳид кардааст.

Тайи солҳои охир дар ноҳияи Ёвон низ корҳои ободониву созандагӣ вусъат пайдо карда, дар баробари мақомоти давлатӣ, инчунин, соҳибкорони маҳаллӣ барои ободии ҳар як кӯчаву маҳалли зист ва шаҳраку деҳоти он камари ҳиммат баста, дар ин кори хайр саҳми ватандӯстонаи худро гузошта истодаанд.

Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 80, ки имрӯз ба истифода супорида шуд, дар доираи омодагӣ ба истиқболи ҷашни истиқлолияти давлатӣ аз ҷониби соҳибкори маҳаллӣ, роҳбари корхонаи «Моҳир семент» Баҳриддин Ҷӯрахонов бун-ёд гардидааст.

Муассисаи таълимӣ, ки сохтмони он соли 2016 оғоз ёфта буд, барои 1500 нафар хонанда пешбинӣ гардида, дар муддати дуюним сол бо харҷи 24 миллион сомонӣ ба анҷом расонида шудааст. Мактаби навбунёд дар сатҳи баланди меъморӣ қомат афрохта, бо тамоми шароити муосири таълиму тарбия ва таҷҳизоти замонавӣ таъмин мебошад.

Бо истифода аз фурсат, ба ин соҳибкори бонангу номус ва ҳамаи меъморону сохтмончиёне, ки дар ин кори хайр саҳм гирифтаанд, миннатдорӣ баён мекунам.

Қобили зикр аст, ки дар ноҳияи Ёвон соли ҷорӣ бо ташаббуси соҳибкорону шахсони саховатпеша ва кумитаҳои падару модарон сохтмони 60 синфхонаи иловагӣ ба нақша гирифта шуда буд. То имрӯз 15 синфхона ва як китобхона мавриди истифода қарор гирифта, ҳоло сохтмони 45 синфхонаи иловагӣ ва як толори варзишӣ бомаром идома дорад.

Бояд гуфт, ки дар замони истиқлолият бо дастгирии Ҳукумати мамлакат дар ноҳияи Ёвон аз ҳисоби ҳамаи сарчашмаҳои маблағгузорӣ 66 бинои нави таълимӣ барои 48 ҳазор нафар хонанда сохта, ба истифода дода шудааст.

Илова бар ин, дар доираи Барномаи давлатии рушди муассисаҳои соҳаи маорифи вилояти Хатлон барои солҳои 2017-2021, яъне дар давоми панҷ сол сохтмони боз панҷ муассисаи нави таълимӣ, шуъбаи маорифи ноҳия, марказҳои таҳсилоти иловагӣ, дарёфт ва рушди истеъдодҳо ва 12 бинои иловагӣ дар назди муассисаҳои таълимӣ пешбинӣ гардидааст.

Вазорати маориф ва илм вазифадор аст, ки якҷо бо мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва бо ҷалби сармояи дохиливу хориҷӣ иҷрои саривақтии барномаи зикршударо таъмин намояд.

Бо мақсади таъмини ояндаи босаодати кишвар ва рушди бомароми ҷомеа мо минбаъд низ ба соҳаи маориф ҳамчун самти муҳимтарини сиёсати иҷтимоӣ таваҷҷуҳи аввалиндараҷа зоҳир мекунем ва онро пайваста дастгирӣ менамоем.

Дар баробари ин, бовар дорам, ки кормандони соҳаи маориф ҳамчун қишри огоҳу донишманд ва пешсафи ҷомеа минбаъд низ рисолати муқаддаси хешро дар роҳи тарбияи насли ояндасози миллат содиқона иҷро мекунанд.

Бинобар ин, аҳли маорифи ноҳия, аз ҷумла омӯзгорону устодони мактаби навбун-ёди имрӯзаро зарур аст, ки дар ҳамкорӣ бо падару модарон ҷиҳати боз ҳам беҳтар намудани сифати таълиму тарбия ва ба камол расонидани кадрҳои лаёқатманд кӯшиши бештар кунанд.

Итминони комил дорам, ки аҳли маорифи ноҳияи Ёвон минбаъд низ барои ободии Ватан ва пешрафти ҷомеа содиқона заҳмат мекашанд, шогирдони арзанда, худшиносу худогоҳ, созандаву бунёдкор ва муҳимтар аз ҳама, насли дорои эҳсоси баланди ватандӯстиву ватанпарастиро тарбия менамоянд.

Шумо – фарзандони азиз, шогирдони ин мактаби замонавиро даъват менамоям, ки бо баҳои хубу аъло таҳсил намоед ва дар оянда ҳамчун фарзандони сарбаланди кишвар барои ободии сарзамини аҷдодӣ содиқона хизмат кунед.

Бори дигар сокинони заҳматпешаву ҳимматбаланд ва меҳмондӯсти ноҳияи Ёвон, инчунин, кулли устодону шогирдони мактаби навбунёдро ба ифтихори ҷашни истиқлолу озодии Ватан ва ифтитоҳи боргоҳи маърифат табрик гуфта, бароятон саодати рӯзгор, хонаи обод ва тамоми хушиҳои зиндагиро орзу менамоям.

Саломату сарбаланд бошед!



Шарҳи хонандагон +
Здравствуйте!

Допинг по честному!

Анаболические стероиды наложенным платежом.
Оплата при получении на почте.

Sustanon 250 - http://doping-shop.com/item/74

Testosterona propionat - http://doping-shop.com/item/68

Deca durabolin - http://doping-shop.com/item/67

Метан - http://doping-shop.com/item/50


Все препараты проверенные и рабочие!

Наш сайт: http://doping-shop.com
Связь с нами: http://doping-shop.com/feedback
16 сентябр 2018 11:25
Доброго времени суток!

Предлагаем рассылку по контакт-формам сайтов организаций Российской Федерации.
Разошлём через контактные-формы сайтов фирм по любым странам мира на любых языках.

http://kontakt-forma.cn

Ваше предложение приходит на контактный электронный адрес учреждения 100 процентов в папку входящие!

Предприятия и организации РФ - 3012045 предприятий - 5000 руб за 1 миллион.
Выборки по городам, сферам деятельности и отраслям по Российской Федерации и СНГ - от 3000-5000 руб.
Москва и Московская область 627545 организаций - 5000 руб.
Санкт-Петербург и Ленинградская область 374471 предприятий - 5000 рублей.
Новые организации Российской Федерации зарегистрированные в 2016-2018 году - 5000 рублей.
Украина 605745 доменов - 5000 рублей.
Все русскоговорящие страны минусРФ 15 стран 1526797 доменных имён - 10000 руб.
Вся Европа 44 страны 60726150 доменов - 60000 руб.
Весь Европейский союз 28 стран 56752547 сайтов- 55000 рублей.
Вся Азия 48 стран 14662004 сайтов - 15000 руб.
Вся Африка 50 стран 1594390 доменов - 10000 рублей.
Вся Северная и Центральная Америка 35 стран 7441637 доменных имён - 15000 руб.
Вся Южная Америка 14 стран 5826884 доменных имён - 10000 руб.
Тест:
10000 сообщений по России на ваш E-mail - 1000 рублей.
десять тысяч сообщений по зарубежным зонам на ваш электронный ящик - 20 долларов.
От вас требуется почтовый ящик, заголовок и текст письма.

Базы:
Предприятия из сервисов Yandex и Google карт собранные по Общероссийскому классификатору объектов административно-территориального деления: 966 городов, 42187/108072 крупных/мелких населённых пунктов России.
Организации Российской Федерации из: Yell, Double GIS, Рос-биз, Актинфо, Алинформ, Бтк-онлайн,Bigphonebook, МБТГ, Где то место, Gdebiz, E-adres, B2B-russia, Заказ РФ, Sam5, Фолиант, Yarmap, Топплан, Тел09, Справочник-09, ЕГТС, SPR, Интервеб.спб, Московфирма, EGRUL, Дата.мос, Мосгид, Мск.справкер и другие.
Базы WHOIS доменных имён всех стран мира.
Вы можете приобрести наши базы отдельно от рассылки по запросу.

P.S.
Пжл. не отвечайте на это письмо со своего почтового ящика, так как оно создано в автоматическом режиме и не дойдёт до нас!
Используйте для связи контакт-форму с сайта http://kontakt-forma.cn
18 сентябр 2018 20:19

Матолиби дигар:

Суханронӣ дар маросими ифтитоҳи муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 8  ...

Суханронӣ дар маросими ифтитоҳи муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 8 ...

Хабарҳо, Ҳокимияти давлатӣ, Маориф ва илм
Суханронӣ дар маросими ифтитоҳи муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 9  ...

Суханронӣ дар маросими ифтитоҳи муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 9 ...

Хабарҳо, Ҳокимияти давлатӣ, Маориф ва илм
Пешвои миллат: «Бунёди муассисаҳои таълимӣ ва фароҳам овардани шароити зару ...

Пешвои миллат: «Бунёди муассисаҳои таълимӣ ва фароҳам овардани шароити зару ...

Хабарҳо, Иқтисоду тиҷорат, Маориф ва илм
Суханронии Президенти кишвар дар маросими ифтитоҳи мактаби навбунёд дар ноҳ ...

Суханронии Президенти кишвар дар маросими ифтитоҳи мактаби навбунёд дар ноҳ ...

Хабарҳо, Маориф ва илм
Оғози сафари кории Пешвои миллат ба ноҳияи Ёвон

Оғози сафари кории Пешвои миллат ба ноҳияи Ёвон

Хабарҳо, Ҳаёти иҷтимоӣ, Маориф ва илм