Дар як сатр
» » Ҳамоиши беҳамиятон

Ҳамоиши беҳамиятон

13-09-2018, 17:29

Бо шарофати ба даст овардани Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон давлати мо дар миқёси ҷаҳонӣ оҳиста-оҳиста мавкеи худро мустаҳкам намуда, пешниҳодҳои Сарвари давлати мо ҳамоҳангӣ пайдо намуда боиси дастгирии ҷомеаи ҷаҳонӣ гардид ва мо тоҷикон шукронаи онро дорем, ки дар лаҳзаҳои ҳассосу аз байн рафтани давлат ба мо сарвареро ирсол намуд, ки ҷони худро сипар намуда барои тинҷиву оромии ин давлати гирифтори ба ҷанги шаҳрвандии аз берун таҳрезишударо ором созад. Вале ин тинҷиву оромӣ, пешравию тараққиёти давлати мо ба баъзе ашхосони ватанфурӯши беватан маъқул набуда бо ҳар роҳу восита мехоҳанд, ки ватани моро ноором созанд. Воқеаҳои мудҳиши дар ноҳияи Данғара бо сайёҳони хориҷӣ боз як бори дигар нишон дод, ки ин тоифа ноодамон обрӯи ватани азизи моро дар миқёси ҷаҳонӣ резонанд, Бехабар аз он, ки ин кирдорҳои разилонаи онҳо ба ҳама маълум асту ба онҳо ҳеҷ кас боварӣ надорад. Инчунин тариқи синамо ду филми мустанадии «Решаҳои ноаён», «Бозгашт аз ҷаҳаннам» нишон дод, ки чӣ гуна Муҳиддин Кабирӣ ва ҳаммаслакони ӯ барои пора-пора сохтан ва аз байн бурдани давлати мо ба чӣ разилиҳо даст задаанд ва зада истодаанд.Ба гуфти Чингиз Айтматов ин «манқуртон» ба ғайр аз супоришҳои хоҷагони хориҷии худ дигар ягон чизро дидан намехоҳанд ва худро ба ҳар дару девор зада мусичаи бегуноҳ метарошанд.

Рӯзи 10 сентябр дар пойтахти Полша шаҳри Варшава ҷаласаи САҲА оид ба ҳуқуқи башар ва интихоботи демократӣ шурӯъ ба кор кард.Намояндаи САҲА Стив Свердлов иброз намуд:"Мо хеле шодем, ки Ҳукумати Тоҷикистон соли ҷорӣ ниҳоят тасмим гирифт, ки дар ин нишаст иштирок намояд. Дар асл ҳадафи ин ҳамоиш муколамаи гурӯҳҳои мухталифи сиёсӣ – намояндагони давлат, мухолифон, ҷомеаи шаҳрвандӣ ва дигар аст. Ҳадафи асосӣ – диалог ё муколама аст, то ки ҳама ҷонибҳо тавонанд фикру андешаҳои худро ба ҳамдигар баён кунанд ва ҳарфи дигарҳоро бишнаванд. Мо дар Human Rights Watch бисёр умедворем, ки битавонем бо ҳайати Тоҷикистон як музокираи ҷудогона барпо кунем ва сиёсати дарҳои бози ҳукумати Тоҷикистон барои ҳама татбиқ мешавад, на фақат барои мо”. Ҷаласаи арзёбии ҳуқуқи башари САҲА, ки рузи 10 сентябр дар шаҳри Варшава ба кор шуруъ кард, дар баробари фаъолони мухолифини дар хориҷи кишвар, аз ҷумла аъзои ҳизби дар Тоҷикистон мамнуӣ наҳзати исломӣ, чанд мақоми баландпояи кишварро аз Душанбе ба ҳам овард.Дар толори маҷлисгоҳи САҲА ду рӯз инҷониб баррасии вазъи ҳуқуқи башар ва озодии баён дар кишварҳои узви ин созмон, аз ҷумла Тоҷикистон ҷараён гирифт. Дар поёни рӯзи дуюми ҷаласаи ҳуқуқи башари САҲА дар Варшава миёни баъзе аъзоёни ҳукуматӣ ва мухолифин муноқиша рух дод. Ин муноқиша ба кадом хотир буд.Вақте, ки ин ин ватанфурушу мазҳабфурушон диданд, ки аз ҷониби собиқ ҳаммаслаки онҳо Аёмиддин Сатторов сиру асрори онҳо фош шуда истодаасту дигар ба сафсатаи онҳо касе бовар намекунад, онҳо чунин иғво даст заданд. Ин мазҳабфурӯшон диданд, ки САҲА аз асли воқеа, дилу нияти нопоки мухолифин огоҳ гардида бо давлати мо наздикӣ пайдо намуда истодаанд, ба чунин разилӣ даст задаанд. Аёмиддин Сатторов дар ҳайати ҳукуматӣ аз Тоҷикистон барои ширкат дар ҷаласаи САҲА омада дар ин ҳамоиш суханронӣ намуда иброз кард, ки дигар узви ҲНИ нест ва ин ҳизбро дар талоши бесубот кардани кишвар гунаҳгор мешуморад. Баъди чунин шармандагиҳову беобурушавӣ дар ҳамоиши ин ташкилот намояндагони мухолифин ба ғайр аз даст иғво задан дигар чорае надоштанд. Ин ҳамоиш симои аслии ин хоинони миллатро нишон дод.

Нарсов Исломиддин, мудири шуъбаи маорифи ноҳияи Ёвон



Шарҳи хонандагон +

Матолиби дигар:

Саҳа дидаю дониста ба нирӯҳои мухолифин минбар медиҳад

Хабарҳо
РАФТОРИ ТЭТ ҲНИ-РО МАҲКУМ МЕКУНЕМ

РАФТОРИ ТЭТ ҲНИ-РО МАҲКУМ МЕКУНЕМ

Хабарҳо

“БО ДЕГ ШИНӢ — СИЁҲ ШАВӢ…” (Ҳамнишинӣ бо ҷинояткор ҷиноят аст)

Сиёсат
ФАВРӢ!!!! МУРОҶИАТНОМАИ АЁМИДДИН САТТОРОВ БА САҲА!

ФАВРӢ!!!! МУРОҶИАТНОМАИ АЁМИДДИН САТТОРОВ БА САҲА!

Хабарҳо

Тоҷикистон. Ҷомеаи ҷаҳонӣ ТТЭ ҲНИ-ро ташкилоти террористӣ эътироф кардааст. ...

Хабарҳо