Дар як сатр
» » Жожхоии навбатии Алим

Жожхоии навбатии Алим

13-09-2018, 15:23

Чанде пеш, аниқтараш 09-09-2018 дар саҳифаи интернетӣ суханронии Алим Шерзамонов, дабири анҷумани озодандешони Тоҷикистон дар ҷашни Истиқлолияти Тоҷикистон дар Варшава ба назар расид. Хондам ва боз хондам. Хондаму як байти айёми наврасӣ ҳангоми байтбарак гуфтаи Устод Садриддин Айнӣ ба ёдам расид, ки чунин буд:

Жожу можу жожу можу жожу мож,

Ин ҳама жож аст сар то пойи мож.

Ва худи Устод он вақт иқрор шуда буд, ки ин жожхоӣ сухани беҳуда ва аз ноилиҷӣ буд ба муқобили ҳариф ва барои мулзам кардани ӯ. Гуфтор ва суханронии Алими Шерзамон айнан ба ҳамин шеъргӯии Устод монанд аст. Фарқият ҳамин ки устод он вақт 10-12 сол доштанду Алими Шерзамон бошад, шояд ба сини пирӣ расида бошад.

Алим на аз таърих ва на аз сиёсат бархӯрдор асту на аз илми сарфу наҳву навиштор. Ҳангоми суханронӣ, агар ин суханронӣ бошад, забон аз- итоати тафаккур баромада, чи ҳазёне нагуфта. Сараввал, ба қавли худаш дар анҷумани собиқа, яъне соле пеш истиқлолро дар Тоҷикистон билкул рад намуда, ҳатто таъкид ҳам доштааст, ки «маро ба ин ҷашн табрик накунед». Ва имсол бошад, пушаймон гашта, афсӯс мехӯрад, ки ин корро кардааст. Магар ин аз тафаккуру андешаи пучи ин мард гувоҳӣ намедиҳад, ки соле баъд фаҳм кардааст, ки хато кардааст. Чаро ки дар Тоҷикистон Истиқлол будаасту мардуми Тоҷикистон ба истиқлол расидааст. Ӯро Истиқлолият, озодӣ, тинҷию оромии Тоҷикистон, халқи он ғуссамарг кардааст. Ва хоҳони он аст, ки истиқлолиятхоҳии мардум бояд солиён давом намояд. Ва худи ӯ мегӯяд: «… вале истиқлолхоҳӣ ва истиқлолёбӣ ин раванде аст, ки шояд чанд наслро фаро гирад». Шояд Алими Шерзамон истиқлолиятхоҳии мардуми афғонро дар назар дошта бошад, ки зиёда аз ним аср боз давом дорад. Ва рӯзе дар ин мулки ҷангзада садҳо нафар мардуми бегуноҳ ба шаҳодат мерасад. Шумо ҳам аққалан инро дарк намоед, ки ин истиқлолиятхоҳӣ не, ин танҳо мансабхоҳию қудратхоҳии баъзе аз нафарон аст, чун шумо, на чизи дигар. Шумо ва ҳам думравони шумо низ танҳо ва танҳо ҳамин орзуву андешаро доред. Мардум ва зиндагии ӯ барои шумо баринҳо заррае арзиш надорад. Агар чунин намебуд аз рӯзҳои нахустини даст додани истиқлолият тиру туфанг намебардоштед. Ва ин амал танҳо ба мақсади ғасб намудани ҳокимият буд, боқӣ ҳеҷ.

Ва баъдан аз ислоҳотталабони рус бо дарду алам ва ашкрезон ҳасрат кардед. Аз он шиква намудед, ки гуруҳҳои мансабталоши шуморо дастгирӣ накарданд. Агар онҳо ин корро мекарданд, сари қудрат меомадед. Набояд аз хотири Алими Шерзамон ва пайравонаш рафта бошад, ки ҳамон ислоҳотталабон аксаран ҳамроҳи шумо буданд, ба ким куҷоҳое ҳамроҳатон сафар ҳам карда буданд, меҳмондорӣ ҳам шуда буданд. Вале онҳо чун дарк намуданд, ки мақсади шумо ва ҳамфирқаҳоятон ғаразноку хазонрез аст, дарҳол аз шумо даст кашиданд. Ва роҳи пешгирифтаи ҳукуматро дуруст шумурданд.

Давоми суханронӣ Алими Шерзамон Ҳизби наҳзату ришдоронро сафед карданӣ шуда, мегӯяд, ки «Дар воқеаҳои Гурҷистону Укроин на наҳзат буду на риш. Дидем, ки ба чӣ анҷомид». Ва боз як бори дигар беандешона ҳарф задан. Ҷое надидаем, ки риш ҷангу одамкушӣ карда бошад. Ҳама корро соҳиби риш мекунад. Ва баъдан ҳамчунин ҳизб низ. Ва он номи террорист мегирад аз касофати аъзои одамкушаш. Чуноне Ҳизби наҳзати ислом. Ва ин ҷои инкор надорад.

Ҳарчанд аз солҳои навадум муддати чанд гузашта бошад, ҳам касе онро аз ёд набаровардааст. Ва боз ҳодисаи соли 2015 аз тарафи зархарид-Ҳоҷӣ Ҳалим Назарзода бори дигар он рӯзҳоро ба хотири мардум овард, ки: Эй мардум, дар ғафлат набошед, ҳоло ҳам ин мансабталошону ҷоҳхоҳон ором нагирифтаанд. Паси ҳар хасу хасрӯбае панаҳ бурдаву пайти муносиб меҷӯянд, то аз нав сар бардоранду бар тани ин ҷомеаи амну осоиш, зиндагии гуворои мардум неш зананд, хуни фарзанди тоҷикро бирезанду оби чашми модаронро равон кунанд.

Чуноне мегӯянд:

Неши ақраб на аз раҳи кин аст,

Муқтазои табиаташ ин аст.

Ва эй Алими Шерзамон, ва гуруҳи «озодандешон», саъйи беҳуда мекунеду ранҷи беҳуда мебаред. Мардуми Тоҷикистон ин иддаои шуморо нағз дарк мекунад. Ва ин масали зерини бузургонро мемонад:

Гурге дар баландие баррачаеро мебинад. Вале имкони гирифтани онро надорад. Роҳи ҳилларо пеш гирифта мегӯяд:

-Ба поён, назди ман фаро, ин ҷо алафи зиёд аст.

Баррача мақсади гургро пай бурда , мегӯяд:

- Рав, ту ғами маро не, ғами шикаматро мехӯрӣ.

Гуфтору насиҳати Алии Шерзамон ба ғамхории ҳамин гург хеле шабоҳат дорад. Ва мардум инро хуб дарк намудааст ба ягон носеҳу маслиҳатгари беруна эҳтиёҷ надорад. Мардуми Тоҷикистон роҳи худро муайян кардаву Худо хоҳад, бо ин роҳ пеш мераванд.

Гурӯҳи рӯзноманигорон аз ноҳияи Восеъ:

Х. Назриев,

Р. Тоҳиров,

Н. Сафаров,

Ҳ. Саидов,

Ҳ. Сафаров,

Ш. Раҷабова,

С. Одинаев,

Р. Солеҳов,

Б. Мусоев,

Қ. Турсунов

ва дигарон


Шарҳи хонандагон +

Матолиби дигар:

Изҳороти собиқадорони Хатлон

Хабарҳо

Хиёнаткорон бояд ҷазо гиранд

Номаҳои Шумо

Даъвати рӯйирости хоини миллат барои гузариш ба мазҳаби шиа

Сиёсат
Хонаро ба номи ман мекунӣ!

Хонаро ба номи ман мекунӣ!

Хабарҳо, Ҳаёти иҷтимоӣ, Ҳуқуқу амният, КОМРОНИ БАХТИЁР
Мулло Абдураҳим: «То вақте ки ҲНИТ ташкил нашуд, ҷанги шаҳрвандӣ сар назад»

Мулло Абдураҳим: «То вақте ки ҲНИТ ташкил нашуд, ҷанги шаҳрвандӣ сар назад»

Сиёсат, Ҳуқуқу амният