Дар як сатр
» » Ифтитоҳи мактаби миёнаи таҳсилоти умумии №28-и дар шаҳри Нораки вилояти Хатлон

Ифтитоҳи мактаби миёнаи таҳсилоти умумии №28-и дар шаҳри Нораки вилояти Хатлон

27-04-2016, 11:10

Ифтитоҳи мактаби миёнаи таҳсилоти умумии №28-и дар шаҳри Нораки вилояти Хатлон

Имрӯз Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Норак мактаби миёнаи таҳсилоти умумии рақами 28-ро дар вазъияти тантанавӣ ифтитоҳ кард.

Ёдовар мешавем, ки зимни сафари корӣ ба шаҳри Норак 13 августи соли 2013-ум Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар кӯчаи Рӯдакӣ барои оғози корҳои сохтмонӣ дар мактаби миёнаи таҳсилоти умумии рақами 28 санги асос гузошта буд.

Мактаби мазкур бо ҷалби сармояи хориҷӣ бо маблағи 40 миллион сомонӣ аз ҳисоби кумаки бебозгашти Ҷумҳурии Мардумии Чин бунёд шудааст. Корҳои сохтмонӣ аз тарафи пудратчӣ - ширкати Ентсзиени Чин аз 6 июни соли 2014 оғоз гардида, 6 декабри соли 2015 ба анҷом расид.

Мактаби миёнаи таҳсилоти умумии рақами 28 сеошёна буда, барои 1220 хонанда дар ду баст пешбинӣ шудааст. Муассисаи таълимӣ аз 22 синфхона, 8 кабинети фаннӣ, аз ҷумла технологияи иттилоотӣ, лингофонӣ, химия, физика, математика, биология, толорҳои суруду мусиқӣ ва китобхонӣ, толори варзишӣ, маҷмааи майдончаҳои варзишии футбол бо 700 ҷойи нишаст, теннис, 2 майдони волейбол, баскетбол, ошхона бо 120 ҷойи нишаст, китобхона ва бунгоҳи тиббӣ иборат мебошад.

Баъди ифтитоҳи мактаб дар синфхонаҳои барҳаво Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон бо хонандагони хуштолеъ, ки бо шарофати Пешвои миллат соҳиби чунин як бинои боҳашамату зебои мактаб гардиданд, сӯҳбати самимӣ доир кард. Сарвари давлат хонандагонро ба хониши хубу аъло, омӯзиши илмҳои муосир, технологияи компютерӣ ва забонҳои хориҷӣ ҳидоят кард.

Хонандагон дар навбати худ ваъда доданд, ки дар ҷавоб ба ҳамаи ғамхориҳо бо баҳои хубу аъло мехонанд.

Мактаб инчунин дорои системаи алоҳидаи барқу гармидиҳӣ, аз сӯхтор нигоҳдоранда, хати алоқа ва дастгоҳи махсуси идоравӣ мебошад. Таҷҳизоти кабинетҳои фаннӣ ва ошхона аз ҳисоби маблағҳои Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Норак харидорӣ шудааст ва ба талабот ҷавобгӯ аст.

Баъди ба истифода додани мактаб 80 нафар омӯзгор ва кормандони гуногуни техникӣ бо кор таъмин гардиданд. Тариқи озмун омӯзгорони ботаҷриба ва дорои маълумоти олӣ ба кор қабул карда мешаванд.

Баъди шиносоӣ бо шароити таълим дар муассисаи наву замонавии мактаби миёнаи таҳсилоти умумии рақами 28 дар ҳамин ҷо Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо устодони мактаб ва фаъолони шаҳр сӯҳбати самимӣ доир кард.

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар назди иштирокчиёни мулоқот дар бораи тадбирҳои созандаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баҳри беҳдошти сатҳи зиндагии аҳолӣ андешаронӣ намуд.

Нахуст Президенти мамлакат ҳозиринро бо ифтитоҳи мактаби нав табрику таҳният гуфта, бунёди мактаб ва дигар иншооти имрӯз дар шаҳри Норак мавриди баҳрабардорӣ қарор додаро тӯҳфаи арзандаи Роҳбарияти давлату Ҳукумат ба мардуми меҳнатқарини шаҳри Норак дар соли таҷлили 25 - солагаии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон маънидод кард.

Ифтитоҳи мактаби миёнаи таҳсилоти умумии №28-и дар шаҳри Нораки вилояти Хатлон

Зимни баромади худ сокинони шаҳр, намояндагони касбу кори гуногун ба Пешвои миллат, роҳбари хирадманду ояндасоз муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои ҳамаи ташаббусу ғамхориҳо изҳори сипосу миннатдорӣ карданд.


Шарҳи хонандагон +

Матолиби дигар:

Ба истифода додани дастгоҳи тақсимкунандаи пӯшидаи элигазии-500кВ-и НБО-и Н ...

Ба истифода додани дастгоҳи тақсимкунандаи пӯшидаи элигазии-500кВ-и НБО-и Н ...

Хабарҳо, Иқтисоду тиҷорат
Ифтитоҳи гимназияи давлатии №1 дар маҳаллаи «Сари гузар»-и Ҷамоати деҳоти Д ...

Ифтитоҳи гимназияи давлатии №1 дар маҳаллаи «Сари гузар»-и Ҷамоати деҳоти Д ...

Хабарҳо, Маориф ва илм
Оғози фаъолияти мактаби №10 дар деҳаи Чашмаи шаҳри Норак бо иштироки Пешвои ...

Оғози фаъолияти мактаби №10 дар деҳаи Чашмаи шаҳри Норак бо иштироки Пешвои ...

Хабарҳо, Маориф ва илм
Оғози фаъолияти боғчаи кӯдаконаи «Ситора» дар ноҳияи Ёвони вилояти Хатлон

Оғози фаъолияти боғчаи кӯдаконаи «Ситора» дар ноҳияи Ёвони вилояти Хатлон

Хабарҳо, Маориф ва илм
Оғози сафари кории Пешвои миллат ба ноҳияи Ёвон

Оғози сафари кории Пешвои миллат ба ноҳияи Ёвон

Хабарҳо, Ҳаёти иҷтимоӣ, Маориф ва илм