Дар як сатр
» » Саҳа дидаю дониста ба нирӯҳои мухолифин минбар медиҳад

Саҳа дидаю дониста ба нирӯҳои мухолифин минбар медиҳад

12-09-2018, 14:23

Ба ҳама маълум аст, ки ду соли охир САҲА барқасдона дар як толор ба ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва нирӯҳои мухолифине, ки тарки ватан кардаанд нишаст баргузор мекунад. Дар ҳоле, ки ҳама дурӯягии М. Кабириро медонад. Ва ин нишаст ба минбари пурбаҳси масоили ҳуқуқи башар, аз ҷумла дар Тоҷикистон табдил шудааст.

Мардуми сарбаланди тоҷик аллакай дарк намудааст, ки тайи чанд моҳи охир дар сархати расонаҳои иттилоотӣ мақолаҳои ифшокунандаи симои аслии наҳзатиён ҷой гирифтааст. Собиқ роҳбари ҲНИТ М. Кабирӣ ва дигар аъзои ватангумкардаю ғуломи ҳалқабаргӯши хориҷиён шуда, давлату Ҳукумати Тоҷикистонро аз минбарҳои давлати хориҷӣ сиёҳ карданӣ мешаванд ва маводҳои васоити ахбори оммаи кишвари моро ғаразнок ва туҳмат мешуморанд.

Рӯзи 9 сентябри соли равон дар шаҳри Варшава, пойтахти Лаҳистон, Эъломияи «Паймони миллӣ»-ро намояндагони чаҳор созмони мухолифини дар хориҷа паноҳбурда – Анҷумани озодандешони тоҷик, Ҷунбиши ислоҳот ва рушд, Ассосиатсияи муҳоҷирини Осиёи Марказӣ ва Ҳизби дар Тоҷикистон мамнӯи наҳзати исломӣтаъсис дода имзо гузоштаанд.

Бо ҳадафи ширкат дар ин баҳсу баррасиҳо аз Тоҷикистон чанд узви Ҳукумат ва ду намояндаи ҷомеаи шаҳрвандӣ иширок намуданд. Яке аз ҳадафҳои ташкили Эътилоф сарҷамъии нирӯҳои мухолифин маънидод мешавад. М. Кабирӣ аз соли 2015 то кунун раҳбарияти ҳизби ҲНИТ дар хориҷа қарор дорад. Раҳбарони се созмони дигар низ аз Тоҷикистон берун шуда, дар хориҷа ҳастанд.

Назҳатиҳоро имрӯз халқ хуб дарк мекунад, кӣсозмонҳои террористиюэкстремисти ҳизби мамнуъ ва роҳбарони фирории онро ҷонибдорӣмекунанд ва хуб медонанд, ки имрӯз ин ташкилоти мамнуъ чӣ ҳасту роҳбари он Кабири кӣ ҳаст. Ин ифротгарои лаънаткардаи халқ бо кирдору рафтори хоинонаи худ имрӯз низ аз ниятҳои нопоки худ даст накашида, аз пайи тухмату бухтонҳои беасоси худ нисбати Тоҷикистон аз хоҷагони хоричии худ "туҳфаҳои гарон” мегирад.

Тавре имрӯзҳо ба назар мерасад, дар шабакаҳои иҷтимоӣ ва расонаҳои гуногуни хабарии хориҷӣ роҳбарони ташкилоти мамнуъ ва экстремистӣ-террористии Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон аз баргузории конфронс ва ё кадом як нишасти хурд, ки шояд аз чанд нафар аъзои гурезаи он иборат аст, хабар медиҳанду дар бораи ватан, миллат, мазҳаб, дин ва ғайраҳо сухан мекунанд ва хонандагонро ба гумроҳӣ бурданӣ мешаванд. Роҳбарону масъулони ин ҳизб ба хотири ба даст овардани пулҳои ночиз заминаи ихтилофи мазҳабиро ба вуҷуд оварданд, ки дар оянда метавонад, хатарҳои гушношудиндро дар минтақа роҳандозӣ кунад.

Хурду калони Тоҷикистон хуб медонанд, ки наҳзатиҳо ин арзишҳои муқаддас, яъне ватану миллатро кайҳо фурӯхта, зери пой кардаанд. Аммо роҳбарониҲНИ на танҳо миллату ватан, балки мазҳаби аҷдодии худроҳам фурӯхта, мазҳаби бегонаро қабул кардаанд.

Ҳоло роҳбари фирорииҲНИ М. Кабирӣ дар хориҷа дар паноҳи хоҷагони худқарор дораду боҳар роҳмехоҳадҲукумати Тоҷикистонро бадном намояд.Онҳамоишҳое, ки имрӯзҳо дар хориҷ аз кишвар, аз ҷумла дар шаҳри Варшава баргузор гардид, давоми ҳамон дасисабозиҳои эшон аст. Аз нақша ва ҳадафҳои ғаразноки онҳо тамоми мардуми Тоҷикистон огоҳ буда, ба онҳо нафрат мехонанд. Рафтор ва кирдори онҳо хилофи таълимоти дини мубини ислом буда, омили бадномкунандаи муқаддасоти диннӣ мубини ислом дар арсаи байналмилалӣ гардидааст.

Имрӯзҳо ҳамагон симои разилонаи намояндагони ҲНИТ- ро, ки ҳамчун хоинони давлату миллат дар зери ҳимояи хориҷиҳо паноҳ мебаранд, мешиносанд. Кабирии хоин мардумро зидди ҳамдигар то ба ҳол шуронида истодаанд. Аммо дигар дер асту миллат ҳушёр!

Комрони БАХТИЁР,
"Хатлон”


Шарҳи хонандагон +

Матолиби дигар:

Шикасти навбатии Кабирӣ дар Дортмунд

Шикасти навбатии Кабирӣ дар Дортмунд

Хабарҳо, Сиёсат

Хиёнаткорон бояд ҷазо гиранд

Номаҳои Шумо

Даъвати рӯйирости хоини миллат барои гузариш ба мазҳаби шиа

Сиёсат
Мардуми тоҷик мазҳабфурӯшонро ҳаргиз намебахшанд

Мардуми тоҷик мазҳабфурӯшонро ҳаргиз намебахшанд

Хабарҳо, Сиёсат
Чаро роҳбарони ҲНИТ мазҳаби ҳанафиро фурӯхта, мазҳаби бегонаро қабул кардаа ...

Чаро роҳбарони ҲНИТ мазҳаби ҳанафиро фурӯхта, мазҳаби бегонаро қабул кардаа ...

Хабарҳо, Таҳқиқи журналистӣ, Номаҳои Шумо