Дар як сатр
» » Изҳороти собиқадорони Хатлон

Изҳороти собиқадорони Хатлон

11-09-2018, 16:27

Мо аъзои Шӯрои собиқадорони ҷангу меҳнати вилояти Хатлон ва Шӯрои Кӯҳансолони ҳаракати ҷамъиятии Ваҳдати миллӣ ва Эҳёи Тоҷикистон дар вилояти Хатлон тавре аз расонаҳо огоҳ шудем чор созмони ба қавле оппозитсионӣ –ҳизби террористии наҳзати ислом ва се ташкилоте, ки худи наҳзатион ба таври сунъӣ сохтаанд - Ҷунбиши ислоҳот ва рушд, Анҷумани озодандешони тоҷик ва анҷумани муҳоҷирони Осиёи Марказӣ ба таври масхараомез байни худ «Созишнома» имзо кардаанд ва иттиҳоде бо номи «Паймони миллии Тоҷикистон» таъсис додаанд.

Воқеан хандадор ва шармовар аст ин паймонро «миллӣ» унвон кардан, зеро наҳзатиёни хиёнатпеша, ки тамоми афроди солимақл аз онҳо рӯй гардонд, радди маърака шуданд ва ба ҷуз хоҷагони хориҷиашон барои ҷомеъаи солим нодаркор гаштаанд, худашонро аввал пора-пора карданд ва баъд боз байни пораҳои худ «паймон» бастанд. Аҷаб мантиқе! Муҳиддин Кабири, Алим Шерзамонов, Шарофудин Гадоев ва Илҳом Ёқубов, ки гӯё чор гурӯҳи алоҳидаи «мухолифин»-ро намояндагӣ карданд, ҳамагӣ узви мафияи террористии наҳзат ҳастанд. Ба ин беругиву рӯсиёҳӣ, ки бе ягон зарра хиҷолат ҳар чори ин нафарон саҳнаи имзои созишномаро бози мекунанд, ангушти ҳайрат газидан мумкин. Ин намоиши тақалубӣ нишон дод, ки ҳизбӣ наҳзатро ҳатто ҳизб ҳам гуфтан мумкин нест. Онҳо гурӯҳе иборат аз чор қалоби мардумфиреб ҳастанд. Мо собиқадорон, ки дар дунёи сиёсат гармиву сардиҳои зиёдро дидем, ба ҷавонон ҳушдор медиҳем, ки аз ин қаллобон барҳазар бошанд, фирефтаи доми онҳо нагарданд ва ба ҷойи таваҷҷӯҳ ба сирксозиҳои ин қаллобон бештар ба рушду ободии Ватан таваҷҷӯҳ намоянд. Ин бадхоҳон аллакай лухтаки дасти бегонагон гаштаанд ва режисёри ин саҳнаи онҳо хоҷагони хориҷиашон ҳастанд. Мақсади ягонаашон бошад ноором кадани фазои сиёсии Тоҷикистон.

Аммо ин бадхоҳон ҳеҷ гоҳ наметавонанд ба он мақсадҳои нопоке, ки дар солҳои 90-ум расида буданд, дигарбора расанд. Чашми мардум кушода шудааст ва онҳо некро аз бад, сиёҳро аз сафед фарқ мекунанд. Барои мардум дигар манфиатҳои миллӣ ва сулҳу оромӣ болотар аз ҳангомаҳои ин бадхоҳон аст.

Бо эҳтиром,

Саидқул Шомалангзода

Амон Боев

Ҳасан Раҳмонов

Абдували Шодиев

Давлат Ҳомидов

Ҳикматуло Султонов

Мирзо Бекматов

Ва дар маҷмуъ 60 имзо




Шарҳи хонандагон +

Матолиби дигар:

Шикасти навбатии Кабирӣ дар Дортмунд

Шикасти навбатии Кабирӣ дар Дортмунд

Хабарҳо, Сиёсат

Хиёнаткорон бояд ҷазо гиранд

Номаҳои Шумо

Даъвати рӯйирости хоини миллат барои гузариш ба мазҳаби шиа

Сиёсат
Чанд ғулом наметавонанд  «анҷумани озодандешон» таъсис намоянд: ё чӣ гуна н ...

Чанд ғулом наметавонанд «анҷумани озодандешон» таъсис намоянд: ё чӣ гуна н ...

Сиёсат
Туманова ва Мирбобоев ба суҳбати шаҳритусиҳо омаданд

Туманова ва Мирбобоев ба суҳбати шаҳритусиҳо омаданд

Хабарҳо, НОСИРҶОН МАЪМУРЗОДА