Дар як сатр
» » Дар пойгаи мототсиклронӣ кӣ пирӯз омад?

Дар пойгаи мототсиклронӣ кӣ пирӯз омад?

25-04-2016, 13:55

Дар пойгаи мототсиклронӣ кӣ пирӯз омад?Мусобиқаи пойгаи мототсиклронӣ барои дарёфти «Ҷоми сайёр»-и Кумитаи вилоятии Ташкилоти ҷамъиятии мададгори мудофиаи вилояти Хатлон бо иштироки доираи васеи мухлисону дўстдорони ин намуди ҷаззобу шавқангези варзиш 24 апрел доир гардид.

Дар мусобиқаи мазкур, ки дар машқгоҳи Ташкилоти ҷамъиятии мададгори мудофиа, воқеъ дар шаҳри Сарбанд, баргузор шуд, созмонҳои мададгори мудофиаи вилояти Суғд, шаҳрҳои Қӯрғонтеппа, Душанбе, Турсунзода, Ваҳдат, Кӯлоб ва ноҳияҳои Ёвон ва Абдураҳмони Ҷомӣ иштироки дастаҳои мунтахаби худро таъмин намуданд. Нахуст даври санҷишӣ ва баъдан сабқат барои фатҳи марра байни мототсиклҳои ҳаҷми муҳаррикашон 125, 250, 350 ва 500 метри мукааб сурат гирифт.

Мақсади чорабинӣ тарбияи ҳарбӣ-ватандӯстӣ ва ҷалби бештари ҷавонони кишвар ба варзиш, ки қосиди сулҳ ва аз воситаҳои асосии тандурустии шаҳрвандон ва солимгардонии ҷомеа ба шумор меравад, буд.

Таъкид гардид, ки бо соҳибистиқлол гардидани кишварамон баробари дигар соҳаҳо ба рушду инкишофи намудҳои гуногуни варзиш, аз ҷумла навъҳои ҳарбӣ техникии он низ имкониятҳои мусоид фароҳам омад. Агар мо дастовардҳои дар зарфи 25 соли даврони истиқлолият соҳибгаштаи варзишгарони ҷумҳуриро нисбат ба 25 соли охири замони Шӯравӣ муқоиса кунем, баръало равшан мегардад, ки варзишгарони тоҷик хеле пеш рафта, борҳо дар мусобиқаҳои байналхалқӣ ва ҷаҳонӣ шарафи варзиши кишварамонро ҳифз намудаанд.

Дар ҷамъбасти натиҷаҳои ниҳоии мусобиқа аз рӯйи ҳисоби умумидаставӣ дастаи Кумитаи шаҳрии Ташкилоти ҷамъиятии мададгори мудофиаи шаҳри Сарбанд мақоми аввал, дастаи Кумитаи вилоятии Ташкилоти ҷамъиятии мададгори мудофиаи вилояти Суғд мақоми дуюм ва дастаи Ташкилоти ҷамъиятии мададгори мудофиаи шаҳри Турсунзода мақоми сеюмро ишғол намуданд.


Шарҳи хонандагон +

Матолиби дигар:

24-умин солгарди таъсиси ТҶММ

24-умин солгарди таъсиси ТҶММ

Хабарҳо, Ҳуқуқу амният, НОСИРҶОН МАЪМУРЗОДА
Талоши «Равшан» барои ҷойи 3-юм

Талоши «Равшан» барои ҷойи 3-юм

Хабарҳо, Ҷавонон ва варзиш, НОСИРҶОН МАЪМУРЗОДА
Кӣ ба мадади «Мададгори мудофиа» мерасад?

Кӣ ба мадади «Мададгори мудофиа» мерасад?

Хабарҳо, Ҷавонон ва варзиш, АМОН МАҲКАМОВ
«Фидокор» робитаро бо ҷомеа густариш медиҳад

«Фидокор» робитаро бо ҷомеа густариш медиҳад

Хабарҳо, АСАЛМО САФАРОВА
Барои ҷиҳозонидани як синфхонаи омодагии ҳарбӣ 8 ҳазор сомонӣ зарур будааст

Барои ҷиҳозонидани як синфхонаи омодагии ҳарбӣ 8 ҳазор сомонӣ зарур будааст

Хабарҳо, АМОН МАҲКАМОВ