Дар як сатр
» » РАФТОРИ ТЭТ ҲНИ-РО МАҲКУМ МЕКУНЕМ

РАФТОРИ ТЭТ ҲНИ-РО МАҲКУМ МЕКУНЕМ

11-09-2018, 14:21

Дар бораи сияҳкориҳо, сӯйистифода аз ислом ва дигар арзишҳои инсонӣ, ки роҳбарони ТЭТ ҲНИ анҷом додаанд ва ҳанӯз ҳам идома медиҳанд, кули мардуми Тоҷикистон аллакай маълумоти мукаммал доранд ва хулосаҳои даркорӣ баровардаанд.

Ҳатто онҳое, ки дар гузашта аз ин ҳизб пайравӣ мекарданд, ба гумроҳии худ иқрор шуда, имрӯз дигаронро ҳушдор медиҳанд, ки ба ин масири нобакуҷо ворид нагарданд.

Мутаассифона, роҳбарони ин ташкилоти террористию экстремистӣ ва хоҷагони онҳо аз хориҷи кишвар истода, тамоми саъю талошашонро барои ғуборолуд сохтани фазои осуда, халалдор кардани тинҷию ободии Тоҷикистон равона месозанд. Барои расидан ба ҳадаф раҳбари ТЭТ ҲНИ Муҳиддин Кабирӣ ҳатто набераи беморашро низ ба объекти «сиёсӣ» табдил дода, ягон инсони солимақл аз бемории шахси дигар, хосатан агар тифли маъсуме бошад, шод намешавад.

10 сентябр дар пойтахти Полша – шаҳриВаршава ҷаласадоир ба баррасии иҷроиуҳдадориҳооид ба андозагирии инсонӣ, ки ҳамасола Дафтари институти демократӣ ва ҳуқуқи инсони (ДИДҲИ) САҲА доир менамояд, баргузор шуд. Дар ин нишаст ҳам Кабирӣ ва пайравони бехирадаш мехоҳанд чун соли гузашта эътирозу хархаша кунанд, аммо САҲА ҳама гуна эътирозу митингро манъ кард.

Дар кори ин нишаст ҳайатиҶумҳурииТоҷикистонтаҳтироҳбариимуовини аввали Вазири корҳоихориҷиимамлакат Низомиддин Зоҳидӣ иштирок намуд. Н. Зоҳидӣ зимни суханронии худ муҳимиятисулҳ, субот ва ваҳдати миллии мардуми Тоҷикистонробарои рушди иқтисодиётимиллӣ ва таҳкими низоми давлатӣ, ки бар принсипҳои адолати иҷтимоӣ, таъмини ҳуқуқ ва озодии инсон ва шаҳрванд, волоияти қонун ва тартибот асос ёфтааст, таъкид намуд.

«Дар солҳои соҳибистиқлолӣ муқобилони сохти ҳуқуқӣ, демократӣ ва дунявии Тоҷикистон аз шумули унсурҳоиҷиноииэкстремистӣ, пеш аз ҳама, аъзои ТТЭ ҲНИ борҳо кӯшиш намуданд, ки вазъи кишварро носубот гардонанд. Вале мардуми Тоҷикистонба ТТЭ ҲНИ, пайравони он дар дохили кишвар ва пуштибононаш аз хориҷ муқобилияти муносиб нишон дод. Нокомии кӯшишҳоиносубот сохтани вазъ дар Тоҷикистон натиҷаи таъмини волоияти қонунва тартибот, ҳифзиҳуқуқ ва озодии инсон, манфиати давлат ва ҷомеа дар Тоҷикистон мебошад», — иброз дошт Н. Зоҳидзода.

Зикр карда шуд, ки Тоҷикистонҳамешаҷонибдорииштироки фаъолонаи ҷомеаишаҳрвандӣ дар ҷаласаҳо оид ба андозагирии инсонӣ буд ва ҳаст, вале иштироки ҳизбҳова ҳаракатҳоисиёсиро, ки дар кишварҳоиСАҲАдар содир намудани ҷиноятҳоивазнин ва амалҳоитеррористӣ, инчунин тарғиби идеологияи хушунатомез ва бетаҳаммулиидинӣ айбдор мешаванд, ғайриқобилиқабулмешуморад. Ба сифати чунин ҳизбҳо ТТЭ ҲНИ, ки даст доштанаш дар фаъолияти террористӣ дар қаламрави Тоҷикистон бо далелҳо ва нишондодҳои зиёди раднопазир тасдиқ гардидааст, мисол оварда шуд.

Дар робита ба ин Н.Зоҳидӣ аз давлатҳои иштирокдор даъват ба амал овард, ки ба қоидаҳои мавҷуда ва тартиботи ДИДҲИдоир ба иштироки ҷомеаишаҳрвандӣ дар ҷаласаҳо оид ба андозагирии инсонӣ ислоҳот ворид карда шавад, то ки ба истифодаи майдони САҲА барои пешбурди мақсадҳоитахрибкоронаи унсурҳоиҷиноӣ роҳ дода нашавад.

Дар ҳамин ҳол, як гурӯҳи 270-нафараи донишҷӯёни тоҷик, ки дар Полша – яке аз кишварҳои калонтарини Аврупои Марказӣ – таҳсил мекунанд, рӯзи 10 сентябр бо пахши як изҳорот фаъолияти ноҷавонмардона ва амалҳои иғвоангези гурӯҳҳоизиддиконститутсионии Тоҷикистонро маҳкум намудаанд. Дар ин изҳорот аз ҷумла омадааст, ки фаъолияти фаъолону роҳбарониҳизбитеррористию экстремистии наҳзати исломиро, ки дар кишварҳои Аврупо худро паноҳандаисиёсӣ муаррифӣ карда, Ватани худ, миллати худ, халқихуд, қавмихуд, давлати худ ва тамоми арзишҳои ватандориро дар назди ҷомеаиАврупо сиёҳ мекунанд, ҳамзамон барои равнақи Точикистону ободию осиштагии сокинони кишвари азизамон бо ҳар роҳ монеа эҷод мекунанд, бо чашми худ дар Полша дида ва эҳсос карда, нангу номус, ифтихори ватандорӣ ва ҳуввияти миллии мо, донишҷӯёнитоҷикболо гирифт ва моро нагузошт, ки ба ояндаи Ватанамон бетарафӣ намоем.

«Зуҳуроти терроризму экстремизм, нооромӣ, бесуботӣ, иғвоангезӣ, ҷудоиандозӣ ва бенизомиро, ки роҳбарони ҳизби террористию экстремистии наҳзатиислом дар кишварҳоиАврупо пешаи худ қарордодаанд, маҳкумкарда, маҳзбарои рушди Ватанамон – Тоҷикистон талош меварзем», - зикр мешавад дар ин изҳорот.

Ҷойи таъкид аст, ки дар ҳақиқат, тамоми мардуми Тоҷикистон мухолифати худро ба ақидаҳо, фаъолият, идеологияи ин ташкилоти террористӣ нишон дода, онро маҳкум мекунанд. Мардуми шарифи Тоҷикистон пуштибони сулҳу ваҳдати миллӣ ва сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ҳастанд ва ба хотири расидан ба зиндагии шоиставу рушди босуботи Ватани маҳбуб дар канори Роҳбари давлат меистанд.



Шарҳи хонандагон +

Матолиби дигар:

“БО ДЕГ ШИНӢ — СИЁҲ ШАВӢ…” (Ҳамнишинӣ бо ҷинояткор ҷиноят аст)

Сиёсат

Изҳороти ғаразолудаи ифротгаро

Хабарҳо

Тоҷикистон. Ҷомеаи ҷаҳонӣ ТТЭ ҲНИ-ро ташкилоти террористӣ эътироф кардааст. ...

Хабарҳо
Изҳороти Шӯрои марказии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан»

Изҳороти Шӯрои марказии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан»

Хабарҳо, Сиёсат, Ҷавонон ва варзиш
Ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ салоҳияти мост

Ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ салоҳияти мост

Хабарҳо, Ҳуқуқу амният, Номаҳои Шумо