Дар як сатр
» » Оғози фаъолияти боғчаи кӯдаконаи «Ситора» дар ноҳияи Ёвони вилояти Хатлон

Оғози фаъолияти боғчаи кӯдаконаи «Ситора» дар ноҳияи Ёвони вилояти Хатлон

22-04-2016, 15:21

Оғози фаъолияти боғчаи кӯдаконаи «Ситора» дар ноҳияи Ёвони вилояти Хатлон

Дар паҳлӯи Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 16, Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар маросими оғози фаъолияти боғчаи кӯдаконаи «Ситора» иштирок кард. Кушодашавии ин боғчаи замонавӣ барои сокинони деҳаи Даҳанаи ҷамоати деҳоти «Даҳана»-и ноҳияи Ёвон имкони бештари ҷалби хурдсолон ба тарбияву таълимро фароҳам овард.

Кӯдакистон дорои шаст ҷой барои хурдсолон буда, бо технологияҳои ҳозиразамон муҷаҳҳаз гардонида шудааст. Дар ин муассиса 18 нафар бо ҷойи кори доимӣ таъмин гардиданд, ки аз онҳо 6 нафар мураббӣ ба хурдсолон таълим медиҳанд. Инчунин табибони соҳибтаҷриба баҳри хидмати сифатнок ба кӯдакон ҷалб гаштаанд. Дар муассисаи томактабии мазкур 10 утоқ, аз ҷумла толори таълимӣ, варзишиву мусиқӣ, як утоқи тиббӣ, ошхона ва майдонча барои бозии кӯдакон ба фаъолият шурӯъ кард.

Оғози фаъолияти боғчаи кӯдаконаи «Ситора» дар ноҳияи Ёвони вилояти Хатлон

Кӯдакистони мазкур дар заминаи бинои қаблии Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 16 бо гузаронидани таъмиру тармим аз тарафи ҳукумати ноҳияи Ёвон ба маблағи 320 ҳазор сомонӣ ва 300 ҳазор сомонӣ аз ҳисоби соҳибкори маҳаллӣ Баҳриддин Ҷӯрахонов азнавсозӣ шудааст. Бинои мазкур дар тӯли се моҳ ба Боғчаи кӯдакона мутобиқ гардида, бо ашёи зарурӣ ҷиҳозонида шудааст.

Оғози фаъолияти боғчаи кӯдаконаи «Ситора» дар ноҳияи Ёвони вилояти Хатлон

Барои болидаруҳии хурдсолони ин даргоҳ аз Сарвари давлат ба ин боғча асбобҳои мусиқӣ, оинаи нилгуни калонҳаҷм туҳфа кард.

Мавриди зикр аст, ки дар Боғчаи мазкур кӯдакон аз оилаҳои коргар, серфарзанд ва модарони бемор қабул карда шуда, ба таълим фаро гирифта мешаванд. Кӯдакон дар баробари таълиму тарбия ҳамзамон дар се вақт бо хуроки гарму хуштамъ дар ошхонаи ин муассиса, ки ба таври замонавӣ сохта шудааст, таъмин мегарданд.

Боғчаи кӯдакона дар доираи Барномаи рушди муассисаҳои томактабӣ барои солҳои 2012-2016 бунёд гардидааст. Мавриди зикр аст, ки то ба имрӯз дар ҳудуди ноҳияи Ёвон 7 муассисаи томактабӣ фаъолият карда истодааст, ки фарзандони сокинони ноҳияро ба таълиму тарбия фаро мегиранд.

Зимни шиносоӣ бо шароити таълиму тарбия ва истироҳати кӯдакон Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ба кори сохтмончиён баҳои арзанда дод, ин иқдоми соҳибкорони ватаниро амали хубе, барои ободкорию созандагӣ, ба тарбия фаро гирифтани насли наврас ва таъсиси ҷойҳои нави корӣ маънидод кард.

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид дошт, ки барои баланд бардоштани сатҳи донишу маърифати кӯдакон ҳанӯз аз синни хурдӣ бояд чунин муассисаҳои замонавии томактабӣ бештар таъсис дода шаванд.

Ба ивази ин дастгириҳои Сарвари давлат ва таваҷҷуҳи хоса ба соҳаи мактабу маориф, кормандони Боғчаи Ситора ва волидони кӯдакони хуштолеъ изҳори сипосу миннатдорӣ намуданд.


Шарҳи хонандагон +

Матолиби дигар:

Суханронии Президенти кишвар дар маросими ифтитоҳи мактаби навбунёд дар ноҳ ...

Суханронии Президенти кишвар дар маросими ифтитоҳи мактаби навбунёд дар ноҳ ...

Хабарҳо, Маориф ва илм
Оғози сафари кории Пешвои миллат ба ноҳияи Ёвон

Оғози сафари кории Пешвои миллат ба ноҳияи Ёвон

Хабарҳо, Ҳаёти иҷтимоӣ, Маориф ва илм
Саҳми соҳибкорон дар рушди муассисаҳои томактабӣ

Саҳми соҳибкорон дар рушди муассисаҳои томактабӣ

Хабарҳо, Маориф ва илм, НОСИРҶОН МАЪМУРЗОДА
Ҳамадонӣ: Ихтисоси 1,8 миллион сомонӣ барои таъмири мактабҳо

Ҳамадонӣ: Ихтисоси 1,8 миллион сомонӣ барои таъмири мактабҳо

Хабарҳо, Маориф ва илм, ҲАНГОМА ПАҲЛАВОНОВА
Ихтисоси 3 миллиард сомонӣ барои рушди маорифи кишвар

Ихтисоси 3 миллиард сомонӣ барои рушди маорифи кишвар

Хабарҳо, Маориф ва илм, ҲАНГОМА ПАҲЛАВОНОВА