Дар як сатр
» » Ба кадом раҳбари мақомоти Хатлон савол доред?

Ба кадом раҳбари мақомоти Хатлон савол доред?

5-01-2015, 20:43

Ба кадом раҳбари мақомоти Хатлон савол доред?7-уми январ мавсими нишастҳои матбуотии масъулони ташкилоту муассисаҳои вилоятӣ ва раисони шаҳру навоҳии вилояти Хатлон шурӯъ мешавад.

Якумин нишасти матбуотии соли 2015-ро дар вилоят Иброҳим Азизов, раиси Шӯрои иттифоқҳои касабаи вилояти Хатлон, барпо мекунад. Рӯзи 7-уми январ ҳамчунин масъулони намояндагии «Тоҷиксуғурта», «Тоҷикстандарт» дар вилояти Хатлон ва Фурудгоҳи байналмилалии Қӯрғонтеппа ба саволи хабарнигорон посух хоҳанд гуфт.

8-уми январ нишасти хабарии Прокуратураи вилоят, Прокуратураи ҳарбии гарнизони Қӯрғонтеппа, идораи кишоварзӣ ва Раёсати адлияи Хатлон барпо мегардад.

Тибқи нақшаи тасдиқшуда аз ҷониби раиси вилояти Хатлон Д. Гулмаҳмадзода, нишастҳои матбуотии масъулони ташкилотҳои вилоятӣ то 20-уми январ идома карда, пасон, аз 21 то 27-уми январ раисони шаҳру навоҳии Хатлон бо баргузории нишастҳои хабарӣ дар бораи фаъолияти яксолаи худ ба ВАО гузориш медиҳанд.

Ёдрас мекунем, нишастҳои матбуотии масъулони идораҳои давлатӣ дар асоси Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 15 сентябри соли 2011, № 1729 ҳар шаш моҳ баргузор мешаванд.

Шаҳрвандон, хонандаҳои арҷманди рӯзномаи «Хатлон» агар ба масъулони идораҳои давлатӣ ва раисони шаҳру навоҳӣ суоле доранд, метавонанд ба идораи нашрия тавассути почтаи электронии khatlonruznoma@gmail.com, khatlon.tj@mail.ru ё телефони (8322) 2-89-16 фиристанд.


Шарҳи хонандагон +

Матолиби дигар:

Шумораи аъзои иттифоқи касаба дучанд шуд

Шумораи аъзои иттифоқи касаба дучанд шуд

Ҳаёти иҷтимоӣ, Хабарҳо, НИЗОМИДДИН ИСОЕВ
Беш аз 1130 матлаби «Хатлон» дар як сол!

Беш аз 1130 матлаби «Хатлон» дар як сол!

Фарҳанг ва адабиёт, Хабарҳо, КОМРОНИ БАХТИЁР
Баррасии Паёми Сардори давлат дар тамоми шаҳру навоҳии Хатлон

Баррасии Паёми Сардори давлат дар тамоми шаҳру навоҳии Хатлон

Хабарҳо, ҲАНГОМА ПАҲЛАВОНОВА
Д. Гулмаҳмадзода: Алайҳи тундгароию терроризм муборизаи муштарак бояд бурд

Д. Гулмаҳмадзода: Алайҳи тундгароию терроризм муборизаи муштарак бояд бурд

Сиёсат, Хабарҳо, НОСИРҶОН МАЪМУРЗОДА
74,5%-и даъватшавандаҳо ба хизмати аскарӣ довталабона ҳозир шуданд

74,5%-и даъватшавандаҳо ба хизмати аскарӣ довталабона ҳозир шуданд

Хабарҳо, Ҳуқуқу амният, Ҷавонон ва варзиш, НОСИРҶОН МАЪМУРЗОДА