Дар як сатр
» » Бо бунёди “Адолат-А” 300 ҷойи корӣ муҳайё мегардад

Бо бунёди “Адолат-А” 300 ҷойи корӣ муҳайё мегардад

22-04-2016, 11:28

Дар Ҷамоати деҳоти «Зафар»-и ноҳияи Фархор дар арафаи ҷашни 25-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон фабрикаи ресандагии ҶДММ «Адолат-А», бо иқтидори коркарди 4000 тонна нахи пахта дар як сол ба кор оғоз мекунад.
Бо бунёди “Адолат-А” 300 ҷойи корӣ муҳайё мегардад

Бино ба иттилои муовини раиси ноҳияи Фархор Раҳматхӯҷа Камолзода, сохтмони фабрикаи мазкур аз ҷониби соҳибкори ватанӣ Акбаршо Неъматов бо маблағи 27,5 миллион сомонӣ барои 300 ҷойи корӣ бино гашта истодааст.

- Бо ширкати SI.GA. TRADINJG SA-и давлати Италия бо маблағи 4,7 миллион сомонӣ барои харидории таҷҳизот ва 2,5 миллион сомонӣ барои харидории таҷҳизоти ҳавокашию ҳавотозакунӣ, инчунин, ба маблағи 5,2 миллион сомонӣ барои масолеҳи сохтмонӣ шартнома баста шуда буд, - мегӯяд Р. Камолзода, муовини раиси ноҳияи Фархор. - То ба имрӯз дар иншооти мазкур ба маблағи 21,4 миллион сомонӣ корҳои сохтмонӣ анҷом ёфтааст. Ҳамаи таҷҳизоти лозима барои корхона дастрас гардида, дар рӯзҳои наздик ташрифи мутахассисони Италияву Туркия барои насби таҷҳизот дар назар аст.

Ба гуфти Р. Камолзода то охири моҳи августи соли равон иншооти мазкур мавриди истифода қарор дода мешавад. Дар ноҳия ҳамчунин бунёдкорию созандагӣ бахшида ба ҷашни 25- солагии Истиқлолияти ҷумҳурӣ ва бунёди иншооти гуногун аз ҷониби ҳокимияти маҳаллӣ ва соҳибкорон ҷараён дорад.

Низомиддин ИСОЕВ,
«Хатлон»



Шарҳи хонандагон +

Матолиби дигар:

Бунёди корхонаҳои азими саноатӣ дар Хатлон ба муносибати 25-умин солгарди И ...

Бунёди корхонаҳои азими саноатӣ дар Хатлон ба муносибати 25-умин солгарди И ...

Иқтисоду тиҷорат, Хабарҳо, НОСИРҶОН МАЪМУРЗОДА
Кӯлоб. Бунёди 7 иншооти нав

Кӯлоб. Бунёди 7 иншооти нав

Иқтисоду тиҷорат, Хабарҳо
Кӯлоб. Сохтмони пул моҳи феврал анҷом меёбад

Кӯлоб. Сохтмони пул моҳи феврал анҷом меёбад

Хабарҳо, НАҶОТ САФАРЗОДА
Афзоиши тавлидоти саноатӣ дар Кӯлоб

Афзоиши тавлидоти саноатӣ дар Кӯлоб

Хабарҳо, НОСИРҶОН МАЪМУРЗОДА
Соли 2015 дар Хатлон корхонаҳои азими саноатӣ бунёд мешаванд

Соли 2015 дар Хатлон корхонаҳои азими саноатӣ бунёд мешаванд

Иқтисоду тиҷорат, Хабарҳо, НОСИРҶОН МАЪМУРЗОДА