Дар як сатр
» » Модарони ғамхор, вале исрофкорем…

Модарони ғамхор, вале исрофкорем…

22-04-2016, 11:22

«Зане, ки харҷаш аз ҳама камтар аст, баракаташ аз ҳама зиёд…»
Паёмбар Муҳаммад (с)

Тибқи маълумоти расмӣ, соли гузашта дар ҳудуди вилояти Хатлон зиёда аз 55 ҳазор тӯю маърака гузаронида шуда, хароҷот ба як маърака ба ҳисоби миёна 2736 сомониро ташкил дод. Аммо ҳолдонҳо мегӯянд, ки танҳо барои ба хонаи домод бо ҷиҳози арӯсӣ гусел намудани духтар маблағи хеле бештар аз 2736 сомониро сарф мекунанд…

Модарони ғамхор, вале исрофкорем…

Ҳама расму ойин ва маросимҳо дар давраҳои гуногуни таърих шакл гирифтаанд ва маҷмӯан, пояи фарҳанги миллиро асос гузоштаанд. Аммо гузашти вақт нишон дод, ки на ҳама маросимҳо ва урфу одатҳо дархӯри мардум ва ҷомеа будаанд. Мо солҳост, ки «ифтихор мекунем» аз ин ҳама сарфу харҷи барзиёдамон.

Мутаассифона, то ҳол пушаймон нестем аз бераҳмиамон нисбати хеш. Оё мо қаблан намедонистем, ки хароҷоти зиёд дар маъракаҳои пурдабдаба хилофи ҳама арзишҳои динию инсонист? Медонистем, аммо ба хотири худнамоӣ, тақлидкорӣ ва ё «таънасор» нашудан ин гуна маъракаҳоро анҷом медодем. Чӣ унвону обрӯ гирифтем?! Танҳо худамонро зери қарз мондему халос.

Баъдтар фаҳмидем, ки баъзе аз маросимҳои мо олудаи хурофотанд. Албатта, пас аз қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон». Ҷойи афсӯс аст, мо баъди қабули қонун ва шарҳу тафсири асолати ислом ҳам сари он андеша намекунем, ки хароҷоти барзиёд дар маъракаҳо макрӯҳ асту бар зарари устувории оила. Умре заҳмат кашидаву роҳате надида, ҳама бисотеро, ки бо машаққати зиёд ба даст омадааст, дар як ё ду рӯз масраф кардан чӣ маънӣ дорад? То кай аз рӯйи масали «Як рӯз бошу хурӯс бош» амал мекунем?!

«Мардҳо аз духтар не, аз хароҷоти зиёди мо безоранд…»

Занро на тиллову зумурраду ақиқ, балки хоксорию хушодобию шармгинӣ ҳусн мебахшад.
Плутарх

Ҳавасу армонро ҳам мебояд «аз рӯйи инсоф шикаст». Мо - занҳо шикоят мекунем, ки мардон гоҳо аз тавлиди духтар нороҳат мешаванду бо мо муносибаташон тағйир меёбад. Аммо боре андеша намекунем, ки шояд аз дидани харҷҳои беинсофонаи мо пешопеш дар дили мардон ҳарос меафтад.

Модарони ғамхор, вале исрофкорем…Зеро имрӯз мардон ва мо - занҳо хуб медонем, ки барои як духтарро ба шавҳар додан, барои ҷиҳози гаҳвораи фарзанди ӯ ва барои тӯйи суннатии писари ӯ чӣ қадар маблағи бисёр лозим аст. Барои мо донистан муҳим нест, ки он маблағ бо кадом роҳ ва аз куҷо меояд. Муҳим он аст, ки бояд аз ҳамсоя ва хешу табори сарватмандамон кам наоем. Барои мо муҳим нест, ки мардони муҳоҷири мо дар ғурбат ба чӣ корҳо машғуланд, муҳим он аст, ки духтаронамонро хушдоманҳояшон таъна назананд. Зеро ҳамеша фикр мекунем, ки хушбахтии фарзандонамон дар доштани ҷиҳози «пеши бозор», ҳалқаву занҷиру дастпонаҳои тилло ва мебелҳои гаронбаҳост.

Агар гап дар бораи таҳсили онҳо равад, мудом шикоят мекунем, ки шароити таҳсили духтаронамонро надорем. Аммо вақте хостгорҳо меоянд, худамонро дар даруни қарз ғӯтавар мекунем: «Агар накунем, кори хуб намешавад ва ҳама моро дар маҳалла «волидайни бепарво» ном мебаранд». Яъне мо ҳамон вақт волидайни дилсӯз ном мебарорем, ки барои мебели духтарамон аз бонк ё манбаъҳои дигар қарз гирем.

Магар 50 сол пеш падару модарон фарзандонашонро камтар дӯст медоштанд? Магар дар зиндагии бибиҳои мо камбудию норасоӣ набуд? Магар онҳо фарзандонашонро бе гаҳвора калон кардаанд? Бибиҳои мо нақл мекунанд, ки бо як курта ва як кӯрпа ба шавҳар баромадаанд ва ҳар чизе, ки соҳиб шудаанд, дар зиндагӣ бо заҳмати ҳамдигар ёфтаанд. Суханҳои «ман аз кӣ камӣ дорам?!», «накунем, шарманда мешавем» ва ғайраю ҳоказо байни онҳо набуд. Аммо имрӯз чӣ? Ин аст мафкура ва фаросати баъзе занҳои муҳтарам. О, ба ҷойи шукр гуфтану аз банди фақру бенавоӣ раҳоӣ ёфтан, чаро худро боз банди хароҷоту одатҳои беҳуда месозем?!

Ба ин савол занҳо-ку шояд ба зудӣ ҷавоб надиҳанд, аммо мардҳои хона чӣ мегуфта бошанд? Як бор қонунро гирифта пеши занҳо қироат кунед! Шояд маҷбур созед, ки аз бар кунанд?! Фарз кардем, хонаводаҳои доранда барои духтаронашон қариб ҳама ҷиҳози заруриро мехаранд. Шояд ин бадие надорад, аммо агар шумо ин имконро надошта бошед, чаро худро зери қарз мегузоред? Бе ин намешуда бошад? Не, мешавад! Фақат хостан лозим! Фарзандонро дар рӯҳияи сарфакорӣ, меҳнатдӯстӣ, қадри пулро донистан ва худрову зиндагиро шинохтан бояд тарбият кард.

Президенти кишвар дар мулоқоташон бо бонувон оид ба ин масъала зиёд гуфтанд, бодард гуфтанд, дилсӯзона гуфтанд. Медонед, чӣ гуфтанд? «Онҳое, ки дар тӯю маъракаҳои бодабдабаи шумо ширкат меварзанд, баъд аз он ҷо рафтан дар кӯча саломатонро алейк намегиранд!», - гуфтаанд, ки тасдиқи ин воқеиятро бисёр дучор омадаем.

Қудоҳои бемуросо…

Модарони ғамхор, вале исрофкорем…Ҳамсуҳбати мо Шодигул Ҳомидова, сокини ноҳияи Шаҳритӯс, дар робита ба мавзӯи матраҳшаванда гуфт: «Панҷ моҳ пеш духтари чорумамро дар як деҳаи дурдаст ба шавҳар додам. Хонаҳои домод хеле хурд буд, вале ба хотири ҷавони маълумотдор буданаш ва ояндаи неки фарзандамон розӣ шудем. Аз қудо пурсидам, ки азбаски домод замин гирифтаасту хона меандозад, метавонам ҳоло нею баъдтар мебели арӯсро биёрам, зеро хонаҳо хурд ҳастанду зимистон гарм мешаванд ва мебел ҳам корношоям мегардад. Қудо розӣ нашуд. Гуфт, ки «агар шумо мебел наоред, ҳама маро дар деҳа суол мекунанд. Вақте ба дидани хонаи арӯс меоянд, ба ҳаққу ҳамсояҳо чӣ ҷавоб медиҳам?» Ман ҳам ба хотири он ки аз рӯзи аввал муносибати мо вайрон нашавад, розӣ шудам.
Вале ҳоло агар аҳволи он мебелеро, ки бар ивази 1,5 ҳазор доллари амрикоӣ харидорӣ карда будам, бинед, хориатон меояд: на дар дораду на ҷило…»

Модарони ғамхор, вале исрофкорем…Мушкилии мо - занҳо дар он аст, ки ҳангоми қудо шудан ба осонӣ муросо карда наметавонем. Яъне, як андеша дорем: «бояд баъди тӯй ҳама дар бораи ҷиҳози арӯсии духтари мо ва ё келинамон гап зананд, таърифу тавсиф намоянд». Духтаронамон низ аз тамошои филмҳои ғарбӣ хулосабарорӣ мекунанду ба мо фармон медиҳанд, ки бояд беҳтарин кати хобро барояшон бихарем. Тақлиди беҷо ба фарҳанги зисти мардуми ғарб мекунем.

Дуруст аст, ки бояд ба ороишоти хона, сару либос ва кати хобу ҷевон, дигар лавозимоти рӯзгор аҳамият диҳему бо даст додани имкон онро дошта бошем. Аммо ҳамаи ин ба якборагӣ барои мо - мардуми одӣ ба даст намеояд. Қисми зиёди Тоҷикистон кӯҳсор аст ва аксари аҳолӣ дар деҳа зиндагӣ мекунанд.

Шароити деҳот ба ҳама маълум, дар фасли зимистон ҳарорати хонаҳо якхела нест. Аммо мебелҳое, ки бо нархи гарон харидорӣ шудаанду дар ҳавои муътадил бояд нигоҳдорӣ шаванд, ба буғи хона тоб наоварда вайрон мегарданд. Мо ин қадар бераҳмем, ки ба хотири гапҳои беҳуда заҳмати кашидаи хешро дар як нафас нобуд месозем.

Қудоҳо бояд ҳамдигарфаҳмӣ кунанд. Худ дарк созанд ва ба фарзандон фаҳмонанд, ки хушбахтиро на дар молу дороӣ бояд ҷуст. Тарафи домодро ҳам ба инобат гирему бо маслиҳати ҳамдигар, вобаста ба шароити хонаи домод ҷиҳоз омода кунем. Мо метавонем дар як рӯз нею вобаста ба имкониятамон оҳиста-оҳиста барои фарзандамон кӯмак расонем.

Модарони ғамхор, вале исрофкорем…

«Арӯсталбон»-у «домодталбон» маъракаи оилавист ё...

Дар ҳар минтақа маросимҳои суннатӣ ҳар гуна ҷашн гирифта мешаванд. Набояд фаромӯш сохт, ки тибқи моддаи 10-и Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», ташкили маъракаҳои фотиҳаи тӯй, маслиҳатошӣ, идонабарӣ, сандуқбарон, сарупобинон, чойгаштак, раисталбон, қудоталбон, тақдими сарупо барои меҳмонони тарафайн ва хешу табори домоду арӯс, ба истиснои тақдими туҳфаҳо барои домоду арӯс ва падару модари онҳо, манъ аст.

Дар баъзе минтақаҳои кишвар маросими арӯсталбону домодталбон баъди се рӯз, дар баъзе ҷойҳо баъди якчанд моҳи барпошавии тӯй сурат мегирад. Бояд аз рӯйи масали «Поятро ба андозаи кӯрпаат дароз кун» амал кунем. Агар буҷаи оила ба арӯсталбону домодталбон дар тарабхона намерасад, харҷи беҳуда накунем. Гузашта аз ин, қонун мегӯяд, ки маросимҳои домодталбон ва арӯсбинон ба таври ихтиёрӣ бояд сурат бигирад ва он танҳо дар доираи оила бо иштироки то 15 нафар гузаронида шавад.

Модарони ғамхор, вале исрофкорем…

Туҳфаҳоро ҳам бояд дониста харем. Меҳмонҳоро шарт нест «барои камбудиҳоро ёфтан» зиёд даъват кунем - аз ҷӯраҳои домод сар карда то хешу табори ҳарду ҷониб. Бояд ин маросимро бо аҳли оила ва хешовандони наздик гузаронд. Аниқтараш, аз рӯйи ақли хеш рафтор кунем, на аз тарси «хандаи мардуми бепарво».

«Гаҳворабандон» барои... домодҳои бемасъулият

Аз байн нуҳ моҳу нуҳ соату нуҳ рӯз мегузарад. Ҳоло пардохти қарзҳои волидон шояд ба итмом нарасидааст. Албатта, тавлиди тифл муждаи нек аст барои ҳар як хонавода, бахусус, бибиҳои чаққони мо. Ҳамагӣ чил рӯз муҳлат доранд барои нишон додани «қаҳрамонӣ»-и навбатӣ. Ҳарчанд мувофиқи қонун маъракаҳои гаҳворабандон, чиллагурезон, мӯйсаргирони тифл танҳо дар доираи оила баргузор карда мешаванд, модарон аксар вақт талош мекунанд, ки «чиллагурезон» ва «гаҳворабандон»-ро алоҳида ва бо сарфи маблағи зиёду даъвати меҳмонони бисёр анҷом диҳанд.

Модарони ғамхор, вале исрофкорем…

Сар мекунанд аз харидории уребча, сару либоси андозаҳои гуногун барои тифли гаҳвора то замони мактаб-равиаш, гаҳвора бо якчанд рӯпӯш аз матоъҳои синтетикии гароннарх, арғунчак, маводҳои ороишии кӯдакона, бозичаҳои гуногун, якчанд дастурхон ширинӣ, сару либос барои домоду духтарашон ва аъзои хонаводаи ӯ…

Ҳангоми суҳбат Ҳафиза Содиқова, сокини шаҳри Қӯрғонтеппа, гуфт, ки ду сол пеш духтари калонӣ ва соле пеш духтари дуюмашро хонадор кард. «Барои хариди мебели ҳарду аз бонк қарз гирифта будам. Ҳоло ҳам як қисми қарзи бонкӣ боқӣ мондааст. Сад шукр, ки ба наздикӣ якум набераам ба дунё омад ва ҳоло дар хонаам нигоҳубинаш дорам. Ду моҳ баъд, Худо хоҳад, набераи дуюмам ба дунё меояд. Аз як тараф хурсандам, зеро фарзанд атои Худост.

Дар баробари ин, духтаронам модар мешаванд. Аз тарафи дигар ҳайронам, ки чӣ бояд кунам. Барои ду маъракаи гаҳворабандон, агар хоксорона доир кунем, 10-12 ҳазор сомонӣ даркор. Аз як тараф - қарзи бонк, аз тарафи дигар - духтаронам. Агар ин маъракаҳоро накунам, аҳли хонаводаи шавҳарашон ба онҳо таъна мезананд. Шавҳари худам синнаш ба ҷое расидаасту то ҳоло дар Русия мардикорӣ мекунад. Кош, ҳамин хандидану таъназаданҳо аз байн мерафт…»

Модарони ғамхор, вале исрофкорем…Вақте ки тамоми масъулияти кӯдакро аз рӯзи аввал модарони арӯс ба уҳда мегиранд, пас, кай домод масъули фарзанд буданро ҳис мекунад? Модарон аз он ки сару либос метавонад аз мӯд барояд, меҳаросанд, вагарна, сарулибоси ӯро то замони ба балоғат расиданаш пешопеш харида, бо гаҳвора ба хонаи домод мефиристанд. Албатта, ҳадяҳо додан ба набера хуб аст, ин кор муҳаббатро зиёда мегардонад. Аммо набояд маросими одии «гаҳворабандон»-ро ба ҳадди ифроту исроф расонем. Бо дасти худамон ҳама нофаҳмиҳоро ба вуҷуд меорем ва боз, пеш аз ҳама хафа мешавем, ки «домоди мо бемасъулият аст».

Хатнасури тифл – туҳфаҳо ба қудоҳо

Писар ва духтар ҳарду беҳтарин дороӣ барои инсонанд. Аммо дар шароити имрӯза агар аввал писар таваллуд шавад, модарон аз қарзи «гаҳвора» халос нашуда, дар тараддуди таҳияи туҳфаҳои хатнасур мешаванд. Агар якчанд сол пеш дар тӯйи суннатӣ волидони арӯс - модари кӯдак - бо гирифтани ягон туҳфа барои тифлу модараш аз масъулият раҳо мешуданд, ҳоло, бо вуҷуди амали қонуни танзим, туҳфаю харҷҳои беҳудаю беҳисоб зиёд шудааст. Яъне, рахти хобе, ки дар гаҳворабандон оварда буданд, хурд шуд ва мебояд акнун бузургтарашро харидорӣ кунем.

Модарони ғамхор, вале исрофкорем…Сар мекунанд аз хариди моли калон, рахти хоби дуошёна, сару либоси хонагии зимистонаю тобистона ва варзишӣ, бозичаҳо, агар кӯдак калонтар бошад, планшет ё компютер, сару либос барои домод ва духтарашон, сару по барои аҳли оилаашон, яхдон, телевизор, мошинаи либосшӯйӣ ва ғайра. Агар духтар дар хонаводае арӯс шуда бошад, ки якчанд келин ҳасту онҳо низ писартӯй доранд, тамом: қудоҳо талош мекунанд, ки дар рафти ин «мусобиқа» аз ҳамдигар болотару «саховатмандтар» бошанд, то ҳама ситоиш кунанд, ки чӣ қадар туҳфа овардаанд.

Хатнасур, мувофиқи қонун, ба таври ихтиёрӣ дар як рӯз бо иштироки то 60 нафар танҳо дар доираи як чорабинӣ (додани зиёфат ё ош) бо харҷи кам гузаронида мешавад. Дар хатнасур маъракаҳои маслиҳатошӣ, бузкашӣ, гӯштингирӣ, ордбезон ва инъом кардан, ба истиснои тақдими туҳфаҳо ба тифл, манъ аст. Ба ҷойи харҷҳои зиёду беҳуда магар беҳтар нест, ки падару модарон аз маблағҳои сарфашуда то расидан ба синни балоғат дар бонкҳо ба номи фарзандон бо шартҳои имтиёздор ва бо кафолатҳои давлатӣ суратҳисоб кушоянд?

Ин қадар харҷҳоро мекунем, баъд чӣ? Баъд ҳама аз пайи зиндагии хеш мешаваду тӯйдор аз пайи қарзканӣ. Фирӯза Қурбонова, сокини ноҳияи Вахш, мегӯяд, ки духтараш соҳиби се писар асту дуи онҳо аллакай мактабхонанд, аммо то ҳол тӯйи суннатии онҳо барпо нашудааст. «Падари домодам, ки имкони маъракаи калон барпо карданро надорад, пешниҳод кард, ки бо даъвати аҳли маҳалла маъракаро гузаронанд, аммо мо - занҳо розӣ нашудем, зеро агар туҳфаҳои овардаи моро мардум набинанд, механданд, ки ин духтар се писар дораду назди падару модараш қадр надоштааст.

Ҳарчанд барои ман ҳам мушкил аст, зеро бояд ба ҳар яки онҳо сару либос ва туҳфаҳои алоҳида харидорӣ намоям. Аммо чӣ илоҷ», - афзуд Ф. Қурбонова.

Хушбахтии инсон ҳеҷ гоҳ дар доштани либосу ҷиҳози бо пули қарз харидашуда ифода намеёбад. Агар оилаҳои ҷавонро аз оғози зиндагӣ ба меҳнати ҳалол роҳнамоӣ кунему масъулияти пешбурди рӯзгорро ба дӯши худашон вогузорем, онҳо ба нофаҳмиҳо камтар рӯбарӯ мешаванд. Барояшон бо маслиҳатҳои муфид ва роҳнамоӣ ёрманд шудан мумкин аст.

Модарони ғамхор, вале исрофкорем…Он маблағеро, ки мебелҳои гаронбаҳо мехарему аз набудани шароит дар манзил зуд вайрону корношоям мешаванд, агар ба таҳсилу ҳунаромӯзии духтарон сарф намоем, онҳо дар зиндагӣ бо мушкилот камтар мувоҷеҳ мешаванду ба шавҳари худ дастёру пешбарандаи хуби зиндагии муштарак мегарданд. Вақте зану шавҳар дар харидории ҷиҳози хонавода ва ободии манзили зисташон якҷоя ва баробар саҳм мегузоранд, ба қадри зиндагӣ хоҳанд расид.

Ҳамин тавр не?

Ҳангомаи ИСМАТ,
«Хатлон»

Шарҳи хонандагон +
Воқеанҳам, чунин аст имрӯз аксарияти мардҳо ҳарос аз духтардор шудан не балки аз фардо ба чи рӯ ба рӯ шудан меҳаросанд.
22 апрел 2016 15:03
Ну а вы говорите дальше, все нормально

prokmlm

активатор windows 7 скачать бесплатно

Не вариаент совсем
12 декабр 2016 01:09
Вы и правда так думаете?

активатор максимальная 64 торрент
4 январ 2017 08:28
Доброго времени суток товарищи[url=http://vika-service.by/]![/url]
Наша компания занимается свыше 10 лет ремонтом и обслуживанием оргтехники в городе Минске.Основные направления и виды нашей деятельности:

1)Заправка и восстановление картриджей

2)Ремонт и сервис оргтехники

3)Ремонт и настройка компьютеров и ноутбуков

4)SEO продвижение сайтов

5)Разработка сайтов
Всегда рады помочь Вам!С уважением,ЧУП ТЕХНОСЕРВИС ВИКТОРИЯ.
заправка картриджей кэнон 2440 в домашних условиях
шрифты для дизайна сайта
рейтинг разработка сайтов
пункты ремонта компьютеров
документация разработку сайта
24 март 2017 16:47
Доброго времени суток друзья!
Есть такой замечательный сайт для заказа туров и путешествий.Пришло время отпусков, пора собираться в дорогу. Туроператор «Light Travel» найдет интересный вариант для любого бюджета. Увлекательные туры по Европе,семейный отдых на курортах, туры в египет,отдых в турции,отдых на кипре все включено цены,туры в болгарию из минска и туры в италию. Поможем выбрать отдых, который будет отвечать именно Вашим пожеланиям.Отдых на лучших курортах в мире можно заказать у оператора «Light Travel».Разработаем индивидуальный авиа, ЖД, автобусный тур в Европу на любое количество дней из Минска. Питьевой курс минеральной воды в комплексе с лечебными процедурами гарантируют хорошее самочувствие и отличное настроение. Ждем Вас у нас в офисе.
Увидимся!
цены на отдых в оаэ по месяцам
отдых дуррес албания
хорватия автобусные туры 2018
отдых в греции с детьми отзывы
тур на троих в турцию
27 ноябр 2017 18:34
low apr loans quick loans quick loans quick loans
4 март 2018 04:19
quick loans quick payday loans quick loans no credit quick cash loans
6 март 2018 03:08
quick cash loans quick loans quick cash loans extended payday loans
9 март 2018 22:57
payday loans lenders only low interest loan quick loans quick loans
11 март 2018 20:12
quick loans no credit how to get money fast quick cash loans quick loans
13 март 2018 18:14
debt consolidation for bad credit cash advance form quick loans quick loans
15 март 2018 19:32
how to buy bitcoin
bitcoin investments
buy bitcoin
17 март 2018 06:26
best way to invest in bitcoin
bitcoin stock
where to buy bitcoin stock
17 март 2018 06:31
how to invest in bitcoin stock
bitcoin real time price
should i invest in bitcoin
17 март 2018 06:32
bitcoin trading
good investments
how do i buy bitcoin stock
17 март 2018 08:58
bitcoin trading platforms
invest bitcoin
bitcoin stock price today
17 март 2018 11:38
investing bitcoin
where to trade bitcoin
invest in bitcoin
17 март 2018 14:13
where to trade bitcoin
how do you invest in bitcoin
bitcoin futures trading
17 март 2018 14:34
easy to get payday loans ca payday loans loans default quick loans
17 март 2018 16:14
invest bitcoin
bitcoin trader
bitcoin trade
17 март 2018 17:31
trade bitcoin online
invest in bitcoin
how do you invest in bitcoin
17 март 2018 19:43
bitcoin futures trading
best bitcoin trading platform
best bitcoin trading platform
17 март 2018 22:52
bitcoin investment
best bitcoin trading platform
bitcoin price today
17 март 2018 22:59
how to invest in bitcoin
bitcoin trading platform
cryptocurrency bitcoin
18 март 2018 01:32
trade bitcoin online
how to buy bitcoin stock
bitcoin price today
18 март 2018 03:20
how to trade bitcoin online
how do i invest in bitcoin
should i invest in bitcoin
18 март 2018 03:36
casino games free
treasure island casino minnesota
big fish casino
18 март 2018 06:06
investing bitcoin
buying bitcoin
bitcoin investments
18 март 2018 07:35
is bitcoin a good investment 2017
how do i buy bitcoin stock
trade bitcoin
18 март 2018 08:59
bitcoin cost today
invest in bitcoin stock
should i invest in bitcoin
18 март 2018 09:02

Матолиби дигар:

Оила- асоси зиндагӣ

Оила- асоси зиндагӣ

Ҳаёти иҷтимоӣ, Хабарҳо, Номаҳои Шумо
Карйера хуб аст ё шавҳар?

Карйера хуб аст ё шавҳар?

Ҷавонон ва варзиш, Таҳқиқи журналистӣ, НИЗОМИДДИН ИСОЕВ
Хушдоман: боз таваллуд накунӣ!

Хушдоман: боз таваллуд накунӣ!

Ҳаёти иҷтимоӣ, АМОН МАҲКАМОВ
Зан – «шеф»-и хона!

Зан – «шеф»-и хона!

Ҳаёти иҷтимоӣ, Таҳқиқи журналистӣ, НОСИРҶОН МАЪМУРЗОДА
Данғара. Ҷудошавии оилаҳо мояи нигаронист

Данғара. Ҷудошавии оилаҳо мояи нигаронист

Ҳаёти иҷтимоӣ