Дар як сатр
» » Тағйиру иловаҳои пешниҳодшуда ба Конститутсия саривақтист

Тағйиру иловаҳои пешниҳодшуда ба Конститутсия саривақтист

21-04-2016, 14:19

Бо дарназардошти рушди забони давлатӣ ва баинобатгирии қоидаҳои нави имлои забони тоҷикӣ, зарурат пеш омадааст, ки матни Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, истилоҳҳо ва ибораву калимаҳои он мукаммал гардонида шуда, вожаву таркибот тибқи меъёрҳои он дақиқ навишта шаванд.

Тағйиру иловаҳои пешниҳодшуда ба Конститутсия саривақтист

Доир ба зарурати ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки хислати таҳрирӣ доранд, суҳбате доштем бо
АКБАРШОҲ НАҶМИДДИНОВ,
мудири кафедраи мутолиоти аврупоии факултаи муносибатҳои байналхалқии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, номзади илмҳои филологӣ


- Яке аз муҳимтарин бандҳои марбут ба тағйири таҳририи Конститутсия пешниҳоди хориҷ карда шудани калимаи «Сарқонун» дар қавсайн аз ном ва матни Конститутсия мебошад. Оё дуруст аст, ки Сарқонун тамоми паҳлуҳои вожаи «Конститутсия»-ро ифода намекунад?

- Бале, Шумо дуруст қайд кардед. Бо назардошти Қоидаҳои имлои нави забони тоҷикӣ, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз чоруми октябри соли 2011 таҳти рақами №458 тасдиқ шудааст, барои ислоҳи матни Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон зарурат пеш омадааст. Роҷеъ ба ин масъала бояд қайд намуд, ки талаботи меъёрии қисмати забонӣ ва возеҳу равшан гардонидани баъзе вожаву ибораҳо дар матни Конститутсия бояд ба назар гирифта шавад. Аввалан, аз байн бурдани калимаи «Сарқонуни» аз ном ва матни Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон барои суфта будани гуфтор хизмат менамояд. Дуюм ин ки вожаи «Конститутсия» аз забони лотинӣ гирифта шуда, калимаи умумиэътирофшудаи байналмилалӣ мебошад ва боз зарурати шарҳу эзоҳи он дар қавсайн боқӣ намемонад. Инчунин, калимаи «Сарқонун» дар ҳама ҳолатҳо маънои «Конститутсия»-ро пурра фаро намегирад.

- Дар қисми чоруми моддаи 7-уми Конститутсия пешниҳод шудааст, ки калимаҳои «марзиву маъмуриро» ба калимаҳои «маъмурию ҳудудиро», дар қисми чоруми моддаи 8-ум калимаи «Ташкилотҳои» ба «Иттиҳодияҳои», дар қисми дуюми моддаи 20-ум калимаи «ҷиноӣ» ба калимаи «ҷиноятӣ», дар қисми якуми моддаи 38-ум калимаи «туризм» ба калимаи «сайёҳӣ», дар қисми якуми моддаи 40-ум калимаи «ҷамъият» ба калимаи «ҷомеа» иваз карда шавад. Лутфан, саҳеҳии ин истилоҳҳо ва зарурати иваз шудани онҳоро дар Конститутсия аз нуқтаи назари илми забоншиносӣ шарҳ диҳед.

- Зарурати иваз намудани калимаҳои «марзиву маъмуриро» ба вожаҳои «маъмурию ҳудудиро» дар он аст, ки калимаи «марз» ин ченаки масоҳат ба назар расида, нишондиҳандаи хати сарҳад мебошад, вале вожаи «ҳудуд» бошад, маънои фарохро касб карда, тамоми фазои кишварро бо назардошти ҳудудҳои муайяни заминию ҳавоӣ дар бар мегирад.

Аслан, иваз намудани калимаи «ташкилотҳои» ба «иттиҳодияҳои» хеле бамаврид ва оқилона аст, зеро вожаи «иттиҳодия» дар фарҳанги забони тоҷикӣ ба маънои ҷамъият омадааст ва аз ҷанбаи этимологию лексикии ин вожаҳо бармеояд, ки калимаи «ташкилот» метавонад ҷузъи калимаи «иттиҳодия» бошад.

Дар қисми дуюми моддаи 20-ум пешниҳод шудааст, ки калимаи «ҷиноӣ» ба калимаи «ҷиноятӣ» иваз карда шавад. Аслан решаи асосии ин вожа «ҷиноят» ба ҳисоб меравад. Дар қонунгузории кунунӣ асосан истилоҳи «ҷиноятӣ» васеъ истифода шудааст, аз ин хотир, пешниҳоди ҷойдошта қобили қабул буда, бо мақсади якранг истифода намудани ин истилоҳ ба роҳ монда шудааст.

Калимаи «туризм» аз истилоҳи англисии «tourism» гирифта шуда, ба калимаи «сайёҳӣ» ҳаммаъност, вале дар Конститутсия истифодаи муодили тоҷикии он муфид ва бо меъёрҳои забони адабии тоҷик ҷавобгӯ мебошад.

Иваз намудани калимаи «ҷамъият» ба калимаи «ҷомеа» аз ин хотир аст, ки калимаи «ҷомеа» равонтару суфтатар буда, бештар инъикосгари иштироки шаҳрвандон дар ҳаёти фарҳангии ҷомеа мебошад.

- Ҷойи дигар муаллифони лоиҳаи тағйиру иловаҳо ба Конститутсия пешниҳод кардаанд, ки калимаи «қарордодҳои» ба калимаи «шартномаҳои» ва калимаи «қаламрави» ба истилоҳи «ҳудуди» иваз карда шавад. Оё ин ба он маъност, ки истилоҳҳои аввалӣ ғалат истифода шудаанд ё хайр?

- Асосан аз нуқтаи назари истифодаи соҳавии забон гирем, ивази калимаи «қарордодҳои» ба калимаи «шартномаҳои» айни муддаост, зеро дар бисёр санадҳои меъёрию ҳуқуқии байналмилалӣ, аз қабили Конвенсияи Вена аз 23 майи соли 1969 «Дар бораи ҳуқуқи шартномаҳои байналмилалӣ», калимаи «шартномаҳои» васеъ истифода шудааст. Ҳамаи инро ба назар гирифта, коршиносони соҳаи истилоҳотшиносӣ ва қонунгузорӣ ин тағйиротро дастгирӣ намуданд. Оид ба ивази калимаи «қаламрави» ба вожаи «ҳудуди» дар бандҳои дигари дар боло зикршуда иброз доштем, ки калимаи «ҳудуди» ифодакунандаи ҳамагуна арзишҳои марзӣ аз қабили обию ҳавоӣ буда, маънои васеи луғавӣ дорад.

- Аз нигоҳи Шумо, муҳимтарин тағйиру иловаи пешниҳодӣ ба Конститутсия, ки хусусияти таҳрирӣ дорад, кадом аст?

- Аз диди мо, ҳамаи тағйиру иловаҳои пешниҳодшуда ба Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон аз нигоҳи забоншиносӣ мубрам ҳисобида шуда, ислоҳи онҳо саривақтист. Конститутсия санади олии ҳуқуқӣ буда, мутобиқати он бо қонуни забон ва қоидаҳои имлои нави забони тоҷикӣ ҳатмист.

- Бархе аз донишмандон ба ҷой доштани вожаҳои арабиасос дар матни Конститутсия ишора карда, мегӯянд, ки онҳо бояд бо калимаҳои ҳаммаънои тоҷикӣ иваз карда шаванд (мисли «масъул» - «вазифадор»). Ба ақидаи Шумо, то куҷо чунин имкон ва зарурат дар миён ҳаст?

- Шеваи дарии тоҷикии забони мо аз дигар шеваҳои забони форсӣ аз бисёр ҷиҳат хусусиятҳои фарқунандагӣ дорад. Аз ин лиҳоз, ҳангоми вуҷуд доштани муодили ин ё он истилоҳи меъёрию ҳуқуқии тоҷикӣ истифодаи муодилҳои ғайр қобили қабул набуда, хилофи меъёрҳои забони давлатӣ мебошанд.

- Ҳамчун муҳаққиқи илми забоншиносӣ, агар чунин имкон фароҳам мебуд, боз чӣ тағйиру иловаҳои хислати таҳриридоштаро ба Конститутсияи амалкунанда пешниҳод мекардед?

- Мо ҳамаи тағйиру иловаҳоро роҷеъ ба ҷиҳати забонии Конститутсияи амалкунанда пуштибонӣ намуда, ислоҳи онро мубрам ва саривақтӣ медонем. Албатта, бо дарназардошти рушду нумӯи забони давлатӣ, агар зарурате ба тағйиру иловаҳо пеш ояд, пешниҳод менамоем. Пешрафти устувору пайдарпайи ҷомеа талаб мекунад, ки меъёрҳои Конститутсия пайваста такмил дода шавад. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пайваста талош менамояд, ки ҳарчи зудтар сатҳу сифати зиндагии халқ баланд гардида, Ватани азизамон боз ҳам ободтару зеботар гардад. Аз ин рӯ, Президенти муҳтарам дар баромадҳояшон қайд намуда буданд, ки ҳамаи он нақшаю кӯшишҳояшон барои сатҳи зиндагии халқро баланд бардоштан равона шудааст. Тағйиру иловаҳо ба Конститутсия низ ба гуфтаҳои боло рабт доранд.

Суҳбаторо
Носирҷон МАЪМУРЗОДА,
"Хатлон"



Шарҳи хонандагон +

Матолиби дигар:

Б. Сафаров: “Сухани охиринро халқи Тоҷикистон мегӯяд”

Б. Сафаров: “Сухани охиринро халқи Тоҷикистон мегӯяд”

Сиёсат, Хабарҳо, Ҳуқуқу амният, НОСИРҶОН МАЪМУРЗОДА
Шарҳи тағйиру иловаҳо ба Конститутсия

Шарҳи тағйиру иловаҳо ба Конститутсия

Хабарҳо, НОСИРҶОН МАЪМУРЗОДА
Вожаи «Сарқонун» аз ном ва матни Конститутсия ихроҷ хоҳад шуд (видео)

Вожаи «Сарқонун» аз ном ва матни Конститутсия ихроҷ хоҳад шуд (видео)

Сиёсат, Хабарҳо, Матолиби чандрасонаӣ, КОМРОНИ БАХТИЁР
Суди конститутсионӣ мувофиқати лоиҳаи тағйиру иловаҳои воридшаванда ба Конс ...

Суди конститутсионӣ мувофиқати лоиҳаи тағйиру иловаҳои воридшаванда ба Конс ...

Хабарҳо, Ҳуқуқу амният
Сарқонун кафолат медиҳад...

Сарқонун кафолат медиҳад...

Хабарҳо, Ҳуқуқу амният, Номаҳои Шумо