Дар як сатр
» » Б. Сафаров: “Сухани охиринро халқи Тоҷикистон мегӯяд”

Б. Сафаров: “Сухани охиринро халқи Тоҷикистон мегӯяд”

18-04-2016, 16:06

Тағйиру иловаҳои пешниҳодшуда ба Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон ба рушди минбаъдаи равандҳои демократикунонии ҳаёти ҷомеа, ҳуқуқу озодиҳои инсон ва кафолати риояву ҳифзи онҳо мусоидат менамоянд. Қобили зикр аст, ки Конститутсияи кишвари мо аз ҷониби коршиносони байналмилалӣ ҳамчун яке аз конститутсияҳои беҳтарин эътироф гардидааст.
Ин пеш аз ҳама, ишора ба он меъёрҳои Конститутсия мебошад, ки зербинои мустаҳками ҷомеа ва давлати демократиро гузоштаанд. Зарур аст, ки ин меъёрҳои Конститутсия бо дарназардошти тараққиёти минбаъдаи ҷомеа боз ҳам такмил дода шаванд, то ки мо ба марҳилаи навбатии рушди демократия ва ҳуқуқу озодиҳои инсон комёб шавем. Бо ин мақсад, ба якчанд меъёрҳои Конститутсия тағйироту иловаҳо пешниҳод шудаанд.


Б. Сафаров: “Сухани охиринро халқи Тоҷикистон мегӯяд”


Дар хусуси лоиҳаи тағйиру иловаҳои пешниҳодшуда ба Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон суҳбате доштем бо раиси Фраксияи ҲХДТ дар Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Бахтовар САФАРОВ.


- Бахтовар Амиралиевич, Шумо, ки яке аз ташаббускорони воридсозии тағйиру иловаҳо ба Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳастед, бигӯед, ки бо дарназардошти кадом омилҳо такмили қонуни асосии кишвар пешниҳод шудааст?

- Дар ҳақиқат, ҳар як санади меъёрии ҳуқуқӣ бояд ба талаботи рӯзафзуни ҷомеа ҷавобгӯ буда, ба сифати танзимгари асосии муносибатҳои ҷамъиятии бавуҷудомада баромад намояд. Дар мавриди мо бошад, сухан оид ба санади асосии ҳуқуқӣ-сиёсӣ, яъне Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон меравад, ки на фақат танзимгари муносибатҳои ҷамъиятии имрӯзаи кишварамон, балки ба сифати сарчашмаи асосии ҳуқуқи Тоҷикистон, муайянкунандаи самти рушди минбаъдаи он, барномаи давлатсозии оянда, роҳнамои роҳи инкишофи кишварамон баромад мекунад. Аз ин рӯ, лоиҳаи тағйиру иловаҳое, ки аз ҷониби аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод шудааст, саривақтӣ буда, сазовори дастгирист. Мутмаинам, ки ин тағйиротҳои Конститутсия барои рушди бемайлони соҳаҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангии ҷомеа мусоидат мекунанд.

- Аз нигоҳи Шумо, муҳимтарин нуқтаҳои лоиҳаи пешниҳодӣ, ки мувофиқи онҳо самти рушди консепсияи ҳуқуқӣ, сиёсӣ ва давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон мушаххас карда мешаванд, кадомҳоянд?

- Пеш аз ҳама, дар Конститутсия дақиқ нишон додани шакли идораи Ҷумҳурии Тоҷикистон дуруст мебошад. Чунки шакли идораи давлатро мо бояд аз меъёрҳои Конститутсия бевосита пайдо карда тавонем. Бинобар ин, пешниҳод шудааст, ки ба моддаи якуми Конститутсия қисми дуюм илова карда шавад, ки тибқи он шакли идораи Ҷумҳурии Тоҷикистон президентӣ ифода мегардад. Меъёри номбурда ифодакунандаи воқеии идоракунии давлатӣ буда, мазмуни конститутсияро комил мегардонад.

Тағйироти дигаре, ки мувофиқи қисми панҷуми лоиҳа ба моддаи 8-и Конститутсия ворид карда мешавад, ин дар Тоҷикистон манъ будани фаъ-олияти ҳизбҳои сиёсии дигар давлатҳо, таъсиси ҳизбҳои хусусияти миллӣ ва динидошта, инчунин маблағгузории ҳизбҳои сиёсӣ аз ҷониби давлатҳо ва созмонҳои хориҷӣ, шахсони ҳуқуқӣ ва шаҳрвандони хориҷӣ мебошад. Бояд гуфт, ки ин муқаррарот дар сатҳи Конститутсияи кишвар хеле муҳим ва зарурӣ мебошад. Мову шумо хуб медонем, ки ҷаҳони имрӯзаро чӣ гуна равандҳо фаро гирифтааст. Дар шароити бениҳоят ҳассос ва пуртазоди ҷаҳони муосир маблағгузории ҳизбҳои сиёсии ҷудоихоҳ ва характери милливу динидошта яке аз воситаи асосии заиф гардонидани ҳокимияти давлатӣ баромад менамоянд. Таҷрибаи талхи баъзе давлатҳои муосир гувоҳи он аст. Аз ин рӯ, дар сатҳи конститутсионӣ мустаҳкам намудани ин меъёр муҳим мебошад.

Тағйироти дигари муҳим, ин ба моддаи 14-и Конститутсия, ки дар он сухан оид ба ҳолатҳои маҳдуд кардани ҳуқуқу озодиҳои инсон меравад, илова намудани категорияҳои “амнияти давлат, мудофиаи мамлакат, ахлоқи ҷомеа ва сиҳатии аҳолӣ” ба сифати асосҳои маҳдуд кардани ҳуқуқу озодиҳо мебошад. Дар таҷрибаи давлатдорӣ ва илми ҳуқуқи инсон муайян кардани сарҳади ҳуқуқ яке аз ҷузъҳои таркибии сиёсати ҳуқуқӣ дар соҳаи ҳуқуқи инсон ба шумор мераванд. Аз ин рӯ, меъёри иловашаванда, ки ахлоқи ҷомеа ва сиҳатии аҳолиро пешбинӣ менамояд, метавонад садди роҳи воридшавии унсурҳои фарҳанги бегона гардад ва ба сифати ғалбери манфиатҳои миллӣ баромад намояд.

Моддаи 15-и Конститутсия, ки мансубият ба шаҳрвандиро муайян мекунад, мушаххас ва дақиқ мегардад, ки гуногунфаҳмиро дар ин ҷода бартараф менамояд.

Муқаррароти дақиқкунандаи лоиҳа, инчунин дар таҳрири нав пешниҳод намудани қисми дуюми моддаи 34 мебошад, ки мувофиқи он падару модар дар таълиму тарбияи фарзандон ва фарзандони болиғу қобили меҳнат барои нигоҳубин ва таъминоти иҷтимоии падару модар масъул мебошанд. Пешниҳоди зикргардида масъулияти падару модарро дар таълиму тарбияи фарзандон ва масъулияти фарзандони болиғу қобили меҳнатро дар нигоҳубин ва таъминоти иҷтимоии падару модар тақвият медиҳад.

- Масъалаи дигари бениҳоят муҳим, ки дар лоиҳаи тағйиру иловаҳо ба Конститутсия пешниҳод шудааст, ҷорӣ намудани талаботи ягона ба шахсонест, ки дар се шохаи мустақили ҳокимияти давлатӣ - иҷроия, қонунгузор ва судӣ фаъолият менамоянд...

- Бале, ин ҳам бошад талабот оид ба танҳо шаҳрвандии Ҷумҳурии Тоҷикистонро соҳиб будани онҳо аст. Мувофиқи ин талабот шахсоне, ки душаҳрвандӣ ё шаҳрвандии дигар давлатро доро мебошанд, дар вазифаҳои пурмасъулияти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, узви Маҷлиси миллӣ, вакили Маҷлиси намояндагон, аъзои Ҳукумат ва судя интихоб ё таъйин шуда наметавонанд. Шахсе, ки баъд аз интихоб ё таъйин шудан ба ин вазифаҳо шаҳрвандии дигар давлатро соҳиб шуда бошад, ин ҳолат боиси аз вазифа рафтани ӯ мегардад. Ин талабот ба бисёр муҳим будани вазифаи Президент, узви парлумон, аъзои Ҳукумат, судяҳо ва амнияти давлат вобаста аст.

Нисбат ба ҳамин катего-рияҳои мансабдорони давлатӣ муқаррар намудани талабот оид ба ёд кардани савганд низ муҳим мебошад. Ин тағйирот ба муҳим ва масъулиятнок будани вазифаи узви парлумон, инчунин ҳамчун намояндаи халқ дар назди халқ масъул будани онҳоро таъкид мекунад.

- Ҳамчунин, мувофиқи лоиҳаи пешниҳодшуда ба Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат мақоми конститутсионӣ дода шуда, вазъи ҳуқуқӣ ва ваколатҳои ӯро қонуни конститутсионӣ муайян менамояд. Дар ин бора чанд сухан бигӯед.

- Оре, лозим ба таъкид аст, ки Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат» вазъи сиёсӣ ва ҳуқуқии Пешвои миллатро муқаррар карда, ӯро ҳамчун Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, бунёдгузори давлати соҳибистиқлоли Тоҷикистон, хотимабахши ҷанги шаҳрвандӣ, эҳёгари таъриху фарҳанги бою ғании миллати куҳанбунёд ва тамаддунофари тоҷик, кафили пойдориву бардавомии давлати мустақили Тоҷикистон эътироф кардааст. Пешвои миллат шахсияти умумиэътирофшудаи таърихии миллат буда, барои ватан ва миллат хизматҳои беназир ва таърихӣ кардааст. Бинобар ин, шахсияти таърихӣ бояд имконияти идомаи корҳои оғознамудаи тақдирсози худро дар оянда низ дошта бошад ва миллату ватанро ба қуллаҳои мурод расонад.

Тибқи лоиҳаи пешниҳодӣ, ба моддаи 65-и Конститутсияи амалкунанда қисми панҷум илова шудааст, ки мувофиқи он маҳдудияти дар қисми чоруми ҳамин модда пешбинигардида, яъне меъёре, ки мувофиқи он як шахс ба вазифаи Президент бештар аз ду муҳлат пай дар пай интихоб шуда наметавонад, нисбат ба Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат татбиқ намегардад. Ин тағйирот ба Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат чунин ҳуқуқро медиҳад. Истифода бурдан ё набурдан аз он танҳо ҳуқуқи ин шахсият мебошад. Чунин таҷриба дар баъзе давлатҳои дигар, аз ҷумла дар Ҷумҳурии Қазоқистон низ мавҷуд аст.

Ҳамчунин, дигар тағйироте, ки ба мустаҳкам намудани ҳокимияти судӣ ва таъмин намудани мустақилияти судяҳо равона шудаанд, саривақтӣ буда, қобили дастгирӣ мебошанд. Ба мисли дигар вазифаҳои муҳими давлатӣ (аъзои парлумон, Президент, аъзои Ҳукумат) судя низ бояд танҳо шаҳрвандии Ҷумҳурии Тоҷикистонро дошта бошад, зеро судя ифодакунандаи шохаи алоҳидаи ҳокимияти давлатӣ буда, аз номи давлат фаъолият мекунад.

Тағйироти характери таҳрирӣ, забонӣ, услубӣ ва истилоҳидошта низ мувофиқ ба талабот буда, онҳо бештар хусусияти дақиқкунанда доранд, ки дар амалияи ҳуқуқтатбиқсозӣ бениҳоят муҳим мебошанд.

Бо истифода аз фурсати муносиб, аз тамоми шаҳрвандони кишвар даъват менамоям, ки рӯзи 22 май ба қитъаҳои овоздиҳӣ омада, дар раъйпурсии умумихалқӣ оид ба тағйиру иловаҳо ба Конс-титутсия фаъолона ширкат варзанд. Зеро сухани охиринро халқи Тоҷикистон бояд гӯяд.

Суҳбати
Носирҷон МАЪМУРЗОДА,
“Хатлон”



Шарҳи хонандагон +

Матолиби дигар:

Тағйиру иловаҳои пешниҳодшуда ба Конститутсия саривақтист

Тағйиру иловаҳои пешниҳодшуда ба Конститутсия саривақтист

Хабарҳо, Ҳуқуқу амният, Маориф ва илм, НОСИРҶОН МАЪМУРЗОДА
Тағйирот ба Конститутсия – таъмини кафолати дастгирии ҷавонон

Тағйирот ба Конститутсия – таъмини кафолати дастгирии ҷавонон

Хабарҳо, Номаҳои Шумо
Вожаи «Сарқонун» аз ном ва матни Конститутсия ихроҷ хоҳад шуд (видео)

Вожаи «Сарқонун» аз ном ва матни Конститутсия ихроҷ хоҳад шуд (видео)

Сиёсат, Хабарҳо, Матолиби чандрасонаӣ, КОМРОНИ БАХТИЁР
Вохӯрии депутати парламент бо мардум

Вохӯрии депутати парламент бо мардум

Сиёсат, Хабарҳо, ИСМАТУЛЛО ҲАСАНОВ
Суди конститутсионӣ мувофиқати лоиҳаи тағйиру иловаҳои воридшаванда ба Конс ...

Суди конститутсионӣ мувофиқати лоиҳаи тағйиру иловаҳои воридшаванда ба Конс ...

Хабарҳо, Ҳуқуқу амният