Дар як сатр
» » Умре дар хидмати мардум

Умре дар хидмати мардум

5-01-2015, 15:21

Умре дар хидмати мардумТақдир Сафар Саидовро аз азал, ҳанӯз дар ҷавонӣ баъди хатми донишкадаи хоҷагии қишлоқ (ҳоло Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон) водор сохт, ки дар хидмати мардум бошад. Боз водораш намуд, ки баробари итмоми донишкада яку якбора як қитъаи калони як хоҷагии калонро ба ихтиёраш вогузор созанд. Ин барои ҷавоне, ки нав донишгоҳро хатм намудааст, басе душвор буд. Сафар Саидов зода ва парвардаи даврони Иттиҳоди Шӯравист. Сиёсати он давлат намегузошт, ки ҷавонон баъди хатми донишгоҳ базудӣ вазифаҳои баланду масъулиятнокро соҳиб шаванд. Лекин раиси ҳамонвақтаи хоҷагии «Коммунизм»-и ноҳияи Колхозобод (ҳозира хоҷагии Чапаеви ба номи Ҷалолиддини Румӣ) Ниёзмаҳмад Бегов, ки дар собиқ вилояти Қӯрғонтеппа ҳамчун раиси номдор машҳур буд, Сафарро ҳамчун мутахассиси ояндадор шинохт ва пазируфт. Назди котиби якуми ҳизби коммунисти ноҳия даромад ва арз кард, ки аз ин бача оянда мутахассиси хуби соҳаи хоҷагии қишлоқ мебарояд. Одамшиносии раисро котиби якум медонист. Аз ин рӯ, таклифи ӯро қабул намуд. Вагарна, дар он солҳо касе намеёрост, ки як ҷавони нав мактаби олӣ хатмкардаро ба чунин вазифаи масъулиятнок вогузор созад.

Бовар карданд ва хато ҳам накарданд. Масъулиятро аз аввалин рӯзҳои кораш дарк намуд Сафар Саидов. Падараш, ки як деҳқони оддӣ, заҳматкаш ва дар меҳнат росткору бовиҷдон буд, фарзандонашро низ дар ҳамин руҳия тарбия менамуд. Талқинашон мекард, ки пеш аз ҳама худро аз тамаъкорӣ канора бигиранд. Чаро, ки ин хислати бад обрӯи одамро хоҳ роҳбар бошад, хоҳ коргар, мерезонад. Баъдан роҳбар баъди тамаъкорӣ муттаҳами мардум мегардад. Вақте ки Сафар Саидов бо вуҷуди ҷавонӣ вазифаи сардории як қитъаи калонро ба уҳда гирифт, падараш доиман насиҳаташ мекард, ки аввалан дар назди одамон дурӯғ магӯ. Коре ва хизматеро, ки иқтидорат намерасад, иҷрояшро ба мардум ваъда мадеҳ. Бо хурду бузург дар муомила яксон бош. Ҳамон вақт обрӯ мегирӣ ва қадру манзалат меёбӣ.

Аз ҳамон дам Сафар Саидов бо гуфтаву насиҳат ва роҳи падар пеш мерафту меравад. Ҳар саҳар нахуст пеш аз кор баромадан дуои падарро мегирифт. Аз ин ҷост, ки Худованд дар зиндагонӣ тавфиқаш дод. Кораш ҳамеша ва дар ҳама ҷо бобарор пеш мерафт. Қаблан кам содир мешуд, ки ин қитъа нақшаи пахтасупориро, ки он солҳо зироати асосӣ маҳсуб меёфт, ба иҷро расонад. Лекин сардори ҷавон тавонист, ки ҳамаи бригада ва заҳматкашонро дар меҳнат муттаҳид созад ва нақшаҳо иҷро шаванд. Роҳбарони ноҳияи Колхозобод ҳис намуданд, ки ин ҷавон ояндадор аст ва метавонад корҳои роҳбариро бахубӣ пеш бибарад. Зеро Сафар Саидов бо мардум ва ба ҳар кас муомилаи нек карда метавонад. Муҳим он аст, ки дар кор басе масъулиятшинос аст.

Ин буд, ки ӯро директори омӯзишгоҳи касбҳои техникии ноҳия таъин намуданд. Зеро дар ҳамон айём агарчи омӯзишгоҳи мазкур дар ҷумҳурӣ машҳур буд, вале тарзи касбомӯзӣ ба талабот ҷавоб намедод. Дар солҳои роҳбарияш Сафар Саидов омӯзишгоҳро тамоман дигар намуд. Аввалан интизоми қатъии кориро дар байни омӯзгорону устоён ба роҳ гузошт. Кор дар омӯзишгоҳ ҷон гирифт. Соле пас миқдори дохилшавандагон ба омӯзишгоҳ бамаротиб зиёд гардид. Ҳамаи ин аз заҳматҳои Сафар Саидов ба амал омад.

Бори дигар қайд мекунем, ки Худованд ин ҷавонмардро аз азал ба роҳи роҳбарӣ раҳоварду ҳидоят карда будааст. Дар омӯзишгоҳ бо хурду бузург муомилаи якхела дошт. Касеро хотир намегирифт. Дар хоҷагӣ хешу табори бисёр дошт. Аммо дар омӯзишгоҳ агарчи хешу табор дошт, вале барои ягонтаашон рӯйи хотир надошт.

Роҳбарони ояндабини ноҳияи Колхозобод фаҳмиданд, ки ин ҷавонмард ояндаи хуб дорад. Раиси комиҷроияи ноҳия интихобаш намуданд. Ҷавон, вале бомасъулият буд. Акнун кору вазифааш бештар гардид. Ӯро лозим меомад, ки дар ҳудуди як хоҷагӣ ва як омӯзишгоҳ не, дар ҳудуди як ноҳия кору фаъолият барад. Ин вазифа сатҳи дуюми роҳбарияти ноҳия ба ҳисоб мерафт. Дар ҳамон синни ҷавонӣ Сафар Саидов эҳсос кард, ки акнун масъулияташ нисбати кор бамаротиб боло рафтааст. Зеро ки дар ҳудуди ноҳия қавму миллатҳои гуногун кору зиндагӣ мекунанд, расму оинҳои худро доранд. Бо ҳар кадоми онҳо муомилаи махсус мебояд, ки туро ҳамчун роҳбари ноҳия бишносанд ва эҳтиром намоянд. Барҳақ, ин кори басе душвор буд барои як ҷавонмарде, ки дар пояи роҳбарии сатҳи ноҳиявӣ қарор дорад. Вале ин корро Сафар Саидов карда тавонист ва бо ҳама мардуми ноҳия забон ёфт.

Ҳамин хислаташ, ба гуфти қиблагоҳаш, барояш самар овард. Мардуми ноҳия, ҳамагон ҳамчун роҳбар эътирофаш карданд ва дӯсташ доштанд. Сипас, роҳбарияти ҷумҳурӣ ӯро ба мартабаи баланд баровард. Дар солиёни басе душвор роҳбарии ноҳияи Колхозобод (ҳозира ноҳияи ба номи Ҷ. Румӣ)-ро бар дӯш дошт.

Дар ин муддати кориаш ашхосе буданд, ки ӯро нафаҳмиданд ва бар муқобилаш муборизаро ҳам сар карданд. Борҳо аз вазифаи роҳбарӣ сабукдӯш шуд. Дар хона бекор монд. Муаллифи ин сатрҳо ёд дорад, ки директори совхози «Гулистон»-ро аз вазифа барканор карданд. Чунин ҷамъомад шабона баргузор шуда буд. Роҳбареро, ки аз вазифа мегирифтанд, пурсидандаш, ки киро ба ҷоят лоиқ медонӣ? Ӯ, ки миллаташ ӯзбек буд, Сафар Саидовро буписандид. Ҳол он, ки Сафар Саидов як одами аз кор бозистода буд. Дар ҷараёни маҷлис аз совхози «Гулистон» мошин фиристода, аз деҳаи Чапаев рафта ӯро бозоварданд ва директори совхоз интихобаш намуданд. Азбаски солҳои зиёд ноҳияро роҳбарӣ мекард, ҳама мардуми онро аз хурд то калон мешинохт. Аз ин рӯ, роҳбарӣ дар хоҷагии «Гулистон» барояш ягон душворӣ намеовард. Ҳама мешинохтандаш. Дар ин хоҷагӣ 3 сол роҳбарӣ намуд. Дар ин айём ҳама нақшаҳои хоҷагии қишлоқ иҷро гаштанд. Симои хоҷагӣ низ таҳти роҳбарии ӯ дигаргун шуд. Аҳли «Гулистон» писандидаш. Баъд аз 3 сол боз ба вазифаи роҳбарии ноҳияи Колхозобод гузашт.

Дар маҷмӯъ, ноҳияи Колхозободро ҳабдаҳ сол роҳбарӣ кард Сафар Саидов. Дар ин давра таҳти роҳбарии ӯ дар ҳудуди ноҳия чӣ қадар биноҳои маъмуриву истиқоматӣ, маорифу тандурустӣ, фарҳангӣ ба истифода дода шуданд.

Имрӯз Сафар Саидов камолоти пирӣ дорад. Вале маслиҳату хизматҳояш барои пешрафти аҳли ҷомеаи соҳибистиқлоли Тоҷикистон ҳамарӯза мерасад. Ӯ маънии зиндагии худро дар ҳамин медонад. Тавре худ мегӯяд, ҳамин амал барояш хушбахтии азим аст.

Ҳусейн МАЛИКОВ


Шарҳи хонандагон +

Матолиби дигар:

Гиреҳкушои ҷиноят

Гиреҳкушои ҷиноят

Хабарҳо, Ҳуқуқу амният, САТТОР ҚАРАХОНОВ
Сафари ҳунарӣ ба водии Рашт

Сафари ҳунарӣ ба водии Рашт

Фарҳанг ва адабиёт, Хабарҳо, ҲАНГОМА ПАҲЛАВОНОВА
Хушо умре, ки сарфи «раҳмат» шуда!

Хушо умре, ки сарфи «раҳмат» шуда!

Ҳаёти иҷтимоӣ, Хабарҳо, ЗОКИРҶОН МУРОДОВ
Ғамхори аҳли заҳмат

Ғамхори аҳли заҳмат

Маориф ва илм, НАҶОТ САФАРЗОДА
Умре дар хизмати мардум буд

Умре дар хизмати мардум буд

Ҳаёти иҷтимоӣ, ҒАЙБУЛЛО ҲАЛИМОВ