Дар як сатр
» » Аскарӣ мактаби мардонагист

Аскарӣ мактаби мардонагист

18-04-2016, 09:09

Ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон шомил шудану адои хизмати модар-ватан намудан қарзи ҳар як фарди соҳибватан ба ҳисоб меравад. Дар шароити кунунӣ дар баробари ҷавононе, ки аз адои хизмати ҳарбӣ сарпечӣ мекунанд, кам нестанд ҷавонписарони бонангу номусе, ки ба сафи аскарони Артиши миллӣ пайваста, марзу буми меҳанро дифоъ мекунанд ва агар лозим шавад, ҷони худро фидо месозанд.

Аскарӣ мактаби мардонагист

Ҳабибулло Намозови 27-сола, сокини шаҳри Сарбанд, аз шумори он ҷавонони матину ғайратманди тоҷик аст, ки бо шуҷоати беназираш дар ҳифзи диёр миёни ҷавонони кишвар шинохта шудааст. Ӯ тирамоҳи соли 2010 дар дараи Камароб мавриди ҳамлаи мусаллаҳонаи гурӯҳи террористон таҳти роҳбарии Мулло Абдулло қарор гирифта буд. Ҳабибулло аз ҷумлаи 5 сарбози хуштолеъ аст, ки пас аз тирборон шудани мошини сарбозону афсарон ҷон ба саломат бурд. Аммо аз зарби гулӯла ва тиру тирпораҳо шадидан маҷрӯҳ шуда, муддате бо пойи худ роҳ гашта наметавонист. Дар қафаси синаи ӯ шаш пораи тир боқӣ монда буд ва пизишкон барои наҷоташ чанд дафъа амали ҷарроҳиаш кардаанд.

Бо гузашти беш аз 5 сол аз он рӯйдоди мудҳиш то ҳол Ҳабибулло дар қалбаш нангу номуси меҳанпарастиро парварида, барои даҳҳо ва садҳо ҷавонони дигари тоҷик ҳамчун намунаи барҷастаи далерию шуҷоатмандӣ мондааст. Ӯ аз рӯзҳои гузашта изҳори пушаймонӣ намекунад ва мегӯяд, ки ифтихорманд аст, дар маҳви гурӯҳҳои террористӣ ва ҳифзи Ватани маҳбуб саҳми кӯчаки худро гузоштааст.

Бо супориши идораи рӯзномаи «Хатлон» ба аёдати ин ҷавони ҷасуру ҳомии Ватан рафтем, то бо ҳолу ҳавои зиндагии мулкиаш ошно гардем.

- Ҳабибулло, иттилоъ дорем, ки шумо довталабона, бо хоҳиши худ ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон пайвастед…

- Бале, дар дил орзу доштам, ки либоси ҳарбиро боре дар тан дошта бошам. Бо ин орзую умед соли 2010, вақте ки мактаби миёнаро хатм кардам, ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи ҷумҳурӣ барои адои хизмати низомӣ пайвастам. Аммо, мутаассифона, тақдир набудааст, ки ҳанӯз 6 моҳи пурра адои хизмат накарда будам, ки маҷрӯҳ шудаму аз идомаи хизмат бозмондам.

- Албатта, мушкил аст он рӯзҳоро ба ёд овардан…

- Як рӯз қабл аз иди Рамазон моро гуфтанд, ки дар минтақаи Рашт баъзе гурӯҳҳои мусаллаҳ гаштугузор намуда истодаанду зарурати пеши роҳи онҳоро гирифтан ҳаст. Тавассути чархболҳо ва мошинҳои ҳарбӣ ба он маҳал рафтем. Дар 10 шабонарӯзе, ки гурӯҳи мо дар пост буд, ҳеҷ ҳамлаю ҳодиса рух надод. Баъди 10 шабонарӯз моро бояд иваз мекарданд ва ба мошинҳои калон савор шуда, бармегаштем. Ҳангоми ба маркази ноҳия баргаштан бо сарбозон, ки дербоз якдигарро надида будем, шӯхиҳо мекардем, ҳатто ба командирамон гуфтем, ки ҳама ҷо оромӣ будааст, ягон ҷангу тирпарронӣ нашуд.

Баъди қариб 20 дақиқа аз самти номаълуме аввал бо гранатамёт ва баъдан аз автомату пулемётҳо ба нақлиёти мо ҳуҷум карданд. Аксарият фавтиданд. Сипас, чанде аз ҳамлаоварон ба назди сарбозу афсарони кушташуда омада, онҳоеро, ки захмӣ буданд, парронданд ва силоҳҳоро гирифта рафтанд. Маро, ки бисёр сахт ҷароҳат бардошта будам, аввал хостанд, парронанд, аммо баъд гуфтанд, ки бе он ҳам худаш мемирад…

Бо гузашти беш аз 5 сол аз шабохуни Камароб то ҳанӯз баъзан шабҳо дар хобам манзараи ҳамлаи мусаллаҳона ба нақлиёти сарбозон ва ҳалокати ҳамхизматҳоямро мебинам…

- Ҳоло чӣ рӯзгор доред? Мақомоти давлатӣ ба шумо чӣ кумакҳо расониданд?

- Албатта, дастгирии Ҳукумати ҷумҳуриро ҳаматарафа ҳис мекунам. Вақте саломатиам хуб набуд, ҳатто дар гумон буд, ки зинда хоҳам монд ё на, аз тарафи давлат харҷи ҷарроҳию табобатам пардохта шуд. Ба по хестам. Худоро шукр, ки ҳоло саломатиам беҳтар шудааст.

Айни замон, донишҷӯи курси 4-уми факултаи иқтисод ва молияи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ҳастам. Бо дастгирии давлат шомили мактаби олӣ шудам. Ва инак, дар намояндагии «Тоҷиксодиротбонк»-и шаҳри Сарбанд ба кор шурӯъ кардам.

- Имрӯзҳо мавсими баҳории даъвати ҷавонон ба сафи Артиши миллӣ ҷараён дорад. Ба онҳое, ки аз адои хизмати модар-ватан сарпечӣ мекунанд, чӣ паёме доред?

- Як мақоле ҳаст: «мард онест, ки мардвор зиндагӣ мекунад». Яъне, оне, ки тарсу ҳасту ҳамеша аз чизе дар дил ҳарос дорад, чӣ гуна мард буда метавонад? Ба ҳар кас фурсат ва шароит даст намедиҳад, ки сазовори номи пуршарафи сарбоз бигардад. Хуб мешавад, ки ҷавонписарони мо ҷавонмардӣ нишон диҳанду сарбаландона адои хизмат намоянд. Зеро хизмат мактаби хуби обутоби инсон, мактаби мардиву мардонагӣ буда, ҷавононро ба пастиву баландии зиндагӣ тобовар менамояд. Ҳар ҷавоне, ки хизмат мекунад, ба қадри ватан, модар, падар, ёру бародар ва ҳама чиз мерасад.

Умедҷон ШАМСОВ,
коромӯзи «Хатлон»




Шарҳи хонандагон +

Матолиби дигар:

Ноҳияи Носири Хусрав яке аз аввалин шуда маъракаи даъвати наваскаронро ба о ...

Ноҳияи Носири Хусрав яке аз аввалин шуда маъракаи даъвати наваскаронро ба о ...

Хабарҳо
Ҷавонони шуҷоъ ба хизмати Ватан мераванд

Ҷавонони шуҷоъ ба хизмати Ватан мераванд

Фарҳанг ва адабиёт, Хабарҳо, АМОН МАҲКАМОВ
Оғози маъракаи даъвати аскарӣ

Оғози маъракаи даъвати аскарӣ

Хабарҳо, Ҷавонон ва варзиш, ҲАНГОМА ПАҲЛАВОНОВА
Нишони ҷавонмардӣ

Нишони ҷавонмардӣ

Ҷавонон ва варзиш
Сарсупурдаҳои Ватан

Сарсупурдаҳои Ватан

Ҷавонон ва варзиш, ҲАНГОМА ПАҲЛАВОНОВА