Дар як сатр
» » Ғасби беш аз 1000 гектар қитъаи замин

Ғасби беш аз 1000 гектар қитъаи замин

15-04-2016, 12:09

Ғасби беш аз 1000 гектар қитъаи замин


Кормандони кумитаҳои идораи замини шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон дар натиҷаи санҷиш 1 ҳазору 268 ҳолати истифодаи ғайриқонунии қитъаи заминро ошкор карданд.

-Майдони ғайриқонунӣ ишғолнамуда, ки 2 ҳазору 417 гектарро ташкил медиҳад, ба ҳолати аввала баргардонида шуда, ҳамзамон қонуншиканҳо ба маблағи 230 ҳазор сомонӣ ҷарима гардиданд, - гуфт Хуршед Бобоев, раиси Кумитаи идораи замини вилоят.
Инчунин гуфта шуд, ки аз тарафи кормандони худи кумитаи вилоятӣ дар семоҳаи аввали соли ҷорӣ 166 ҳолати қонуншиканӣ ошкор гардидааст, ки бештари он ба ноҳияҳои Ҷ. Балхӣ, Вахш, Н. Хусрав, Қубодиён, Панҷ ва Ёвон тааллуқ доранд.

Масъулин аз он нигаронӣ мекунанд, ки дар ҷомеаи имрӯза як зумра афроде пайдо шудаанд, ки худро аз ин ё он муассиса ва идораи замин муаррифӣ намуда, ба мардум бо роҳи найранг қитъаи муайяни заминро бо маблағи калон мефурӯшанд. Бинобар ин, аз ҳамаи сокинону шаҳрвандон хоҳиш карда мешавад, ки ҳушёрию зиракиро аз даст надода, ба доми чунин ашхос наафтанд.

Зимнан, Хуршед Бобоев, раиси Кумитаи идораи замини вилоят таъкид кард, ки замин моликияти истисноии давлат буда, барои худсарона ишғол кардани он қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷавобгарии ҷиноятӣ пешбинӣ кардааст.

Раҳмоналӣ ДОДАРХӮҶАЕВ


Шарҳи хонандагон +

Матолиби дигар:

Ифшои 17 млн. сомонӣ зарари молиявӣ аз ҷониби Агентии коррупсионӣ

Ифшои 17 млн. сомонӣ зарари молиявӣ аз ҷониби Агентии коррупсионӣ

Хабарҳо, Ҳуқуқу амният, НОСИРҶОН МАЪМУРЗОДА
Беш аз 1 миллион сомонӣ ҷарима барои вайронкунии қонунгузории замин

Беш аз 1 миллион сомонӣ ҷарима барои вайронкунии қонунгузории замин

Хабарҳо, Ҳуқуқу амният, НОСИРҶОН МАЪМУРЗОДА
Ишғоли худсаронаи замин дар Вахш

Ишғоли худсаронаи замин дар Вахш

Хабарҳо, Ҳуқуқу амният, НОСИРҶОН МАЪМУРЗОДА
Таъмини амнияти озуқаворӣ аз истифодаи самараноки замин аст

Таъмини амнияти озуқаворӣ аз истифодаи самараноки замин аст

Хабарҳо, Арсаи кишоварзӣ, АСАЛМО САФАРОВА
Ифшои 91 ҷинояти вобаста ба замин

Ифшои 91 ҷинояти вобаста ба замин

Хабарҳо, Ҳуқуқу амният, НОСИРҶОН МАЪМУРЗОДА