Дар як сатр
» » Теъдоди нақлиёти ҷамъиятӣ меафзояд

Теъдоди нақлиёти ҷамъиятӣ меафзояд

5-01-2015, 15:13

Теъдоди нақлиёти ҷамъиятӣ меафзоядТайи як соли гузашта ба шаҳри Қӯрғонтеппа 40 адад микроавтобусҳои «Мерседес-Бенс»-и истеҳсоли Олмон ва «Хундай»-и тавлиди Куриё ворид шуда, дар сайрхатҳо кор карда истодаанд.

Дар ҳудуди Қӯрғонтеппа 7 муассисаи нақлиётӣ, аз ҷумла ҶДММ «Сафар-К», «Нурафкан», «Шариф», «Успех», «Қӯрғонтеппатранс», «Хатлонтранс» ва «Мусофирбар» фаъолият намуда, ба 53 хатсайри мусофирбарие, ки ба маркази вилоят - шаҳри Қӯрғонтеппа рафтуо доранд, хизмат мерасонанд.

Дар соли 2014 ба воситаи ҳамаи намудҳои нақлиёт 1 миллиону 203,4 ҳазор тонна бори гуногуни хоҷагии халқ кашонида шуд, ки нисбати соли 2013-ум бештар аст. Бо ҳамаи намудҳои нақлиёти мусофиркаш наздики 2,9 миллион нафар мусофирон ба маҳалҳои гуногун расонида шуданд, ки 132,6 фоизи ҳамин давраи соли 20133-ро дар бар мегирад.

Ҷиҳати ба танзим даровардани ҳаракат ва ҷобаҷогузории нақлиёт Комиссия оид ба таъмини бехатарии ҳаракати роҳи назди шаҳрдории Қӯрғонтеппа таъсис дода шудааст.


Шарҳи хонандагон +

Матолиби дигар:

Садамаҳои нақлиётиро дар роҳҳо коҳиш диҳем

Садамаҳои нақлиётиро дар роҳҳо коҳиш диҳем

Хабарҳо, Ҳуқуқу амният, НИЗОМИДДИН ИСОЕВ
Садамаи нақлиётӣ бо марги ҷавони 30-сола анҷомид

Садамаи нақлиётӣ бо марги ҷавони 30-сола анҷомид

Хабарҳо, Ҳуқуқу амният
109 садама ва ҳалокати 22 ноболиғ дар як сол

109 садама ва ҳалокати 22 ноболиғ дар як сол

Хабарҳо, Ҳуқуқу амният, НОСИРҶОН МАЪМУРЗОДА
Ҷаримаи 1,5 ҳазор ронандаи «такси» барои «ифлосӣ»

Ҷаримаи 1,5 ҳазор ронандаи «такси» барои «ифлосӣ»

Хабарҳо, НОСИРҶОН МАЪМУРЗОДА
Нақшаи ҷамъоварии андоз - 115%

Нақшаи ҷамъоварии андоз - 115%

Хабарҳо