Дар як сатр
» » Тоҷикистон, дунёи зебои манӣ

Тоҷикистон, дунёи зебои манӣ

7-09-2018, 07:15

Дар ноҳияи Ёвон чандест, ки бахши Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон фаъолият карда, 20 узв дорад. Инак, намунае аз эҷоди аъзои ин бахш пешкаши хонандагон мегардад.

 

Тоҷикистон, дунёи зебои манӣ

 

Рӯзи бахтат рӯ намояд бо тулӯи офтоб,
Дар ҳавоят мезанад ҷуфти кабӯтар печутоб.
Ҳар касе бинад чунин дунёи рангини туро,
Мешавад ӯро зи шодӣ дил даруни сина об.
 
Тоҷикистон, бахти ман, дунёи зебои манӣ,
Бе ту дунёе надорам, як ту дунёи манӣ.
 
Кӯҳҳои сарбаландат сарбаланди оламанд,
Обҳои нуқрасонат шаҳди ҷони одаманд.
Дар замини ту фишонда Хизр баски доманаш,
Даштҳои ту аз ин рӯ дар саховат Ҳотаманд.
 
Тоҷикистон, бахти ман, дунёи зебои манӣ,
Бе ту дунёе надорам, як ту дунёи манӣ.
 
Субҳи уммедам зи файзи ту муаттар
мешавад,
Чеҳраи поки ту дида, дил мунаввар мешавад.
Чун надонад носипосе қадри обу хоки ту,
Шоҳи олам гар шавад, охир қаландар мешавад.
 
Тоҷикистон, бахти ман, дунёи зебои манӣ,
Бе ту дунёе надорам, як ту дунёи манӣ.

Раҷаби Мусулмониён

 

 

Файзи Истиқлолият

 

Сози тараб ҳам ҷӯр шуд, аз файзи
 истиқлолият,
Олам ҳама пурнур шуд, аз файзи
истиқлолият.
Ҳар гӯшаи хоки ватан монанди гулгашту
 чаман,
Озодаву маъмур шуд, аз файзи истиқлолият.
Дарди парешонӣ гузашт, овони сарсонӣ
гузашт,
Иллат зи миллат дур шуд, аз файзи
 истиқлолият.
Тоҷик ба ваҳдат омада, аз нав ба қудрат
 омада,
Дар баҳру бар машҳур шуд, аз файзи
 истиқлолият.

 

Файзиддини Муҳаммадӣ




Шарҳи хонандагон +

Матолиби дигар:

Насли ояндасозро тарбия менамоем

Насли ояндасозро тарбия менамоем

Маориф ва илм
Омодагии ансамбли «Ситора» ба 27-солагии Истиқлолият

Омодагии ансамбли «Ситора» ба 27-солагии Истиқлолият

Хабарҳо, Фарҳанг ва адабиёт
А. Холиқзода: «бузургтарин неъмат барои ҳар як миллат  оромии ҷомеа аст»

А. Холиқзода: «бузургтарин неъмат барои ҳар як миллат оромии ҷомеа аст»

Ҳаёти иҷтимоӣ
Ном чу ҷовид шуд, мурданаш осон куҷост

Ном чу ҷовид шуд, мурданаш осон куҷост

ҲУНАРҲОИ МАРДУМӢ
Тасдиқи рамзи «соли рушди  Сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»

Тасдиқи рамзи «соли рушди Сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»

ҲУНАРҲОИ МАРДУМӢ, Ҳаёти иҷтимоӣ