Дар як сатр
» » Гиреҳкушои ҷиноят

Гиреҳкушои ҷиноят

14-04-2016, 09:39

Гиреҳкушои ҷиноят
Милисаи ман- ҳимоятгари ман. Ин мафҳум ҳолоҳам маънии худро гум накардааст. Собиқадори милисаи ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ Қимат Ғаюров имрӯзҳо низ дар саф буда, барои пешгирии ҷиноятҳо саҳми худро гузошта меояд. Ӯ дар вохӯрию суҳбатҳо бо мардум, махсусан ҷавонон, хонандагони макотиб аз боби риояи тартиботи ҷамъиятӣ, пешгирии ҷиноятҳо суханронда, ҳамзамон аз ҳаёти рангину фаъолияти зиёди кории хеш қиссаҳо мекунад.

Қимат Ғаюров зодаи кӯҳистон аст. Ӯ аз кӯдакӣ ба техника шавқу ҳаваси зиёд дошт. Орзуи дерина ӯро ба омӯзишгоҳи алоқаи пойтахт овард. Дар омӯзишгоҳ аз устодон нозукиҳои бахши алоқаро хуб аз худ намуд. Соли 1962 омӯзишгоҳро хатм намуда, аввал дар Вазорати алоқаи ҷумҳурӣ кор кард. Як солкор карда, ба комиссариатиҳарбиишаҳри Душанбе бо ариза муроҷиат намуд, ки ихтиёрӣ ба хизмати аскарӣ меравад. Ӯ хизматро дар бригадаи алоқаи округи ҳарбии назди Балтика оғоз намуда, онро дар қисми ҳарбии Литва идома дод.

Соли 1966 хизмати ҳарбиро ба итмом расонда, ба ноҳияи Колхозобод (ҳозира Ҷалолиддини Балхӣ) баргашт. Ҳамон солҳо шуъбачаи посбонии молу мулки давлатӣ ва шахсӣ аз нарасидани мутахассис фаъолият намекард. Котиби аввали райком Сироҷиддин Исоев аз омадани мутахассиси ҷавони бахши алоқа Қимат Ғаюров огоҳ шуда, сардори шуъбаи корҳои дохилиро наздаш хонда гуфт:

- Ба ноҳияи мо алоқачии ҷавон омадааст, бо ӯ суҳбат карда, ба кор ҷалб кунедаш.

- Рафиқ Исоев аллакай бо ҷавон суҳбат карда, ӯро ба кори шуъбачаи посбонии молу мулки давлатӣ ва шахсӣ ҷалб карданӣ шудем. Вале ҷавон бо дудилагӣ таклифи маро рад кард,- фаҳмонд сардор.

Худи ҳамон рӯз котиби аввали райком бо ҷавон суҳбат гузаронд. Суҳбати онҳо тӯлонӣ буд. Баъди суҳбат бо котиби аввали райком Қимат Ғаюров барои кор розигии худро дод. Исоев қаноатмандона дасти ҷавонро фишурда, насиҳат намуд: « Писарам, касби милисагӣ пуршарафу масъулиятнок аст. Он оинаи давлат мебошад. Корманди милиса бояд дасти тозаву қалби пок дошта бошад. Кӯшиш намо то ба ин ном сазовор бошӣ».

Насиҳати падаронаи котиби аввали райком Сироҷиддин Исоев ҷавонро раҳнамои ҳаёт гашт. Ӯ ҳамон сол (1966) нозири калон ва соли 1969 бошад сардори шуъбачаи посбонии молу мулки давлатӣ ва шахсӣ таъин гардид. Шароити кории шуъбача ба талаботи рӯз ҷавобгӯ набуд. Он ҳатто идораи худро надошт. Шумораи кормандонаш низ хеле кам буданд. Ин ҳама имконият намедод, ки иншоотҳои давлатӣ, мағозаву идораҳо пурра посбонӣ карда шаванд.
Сардори ҷавон аввал барои сохтмони идоразамин гирифт. Бинои идора низ дар муҳлати кутоҳ қомат афрохта, бо техникаи навтарин-воситаҳои идоракунӣ насб гардид. Шумораипосбонҳо аз ҳисобишаҳрвандон аз 50 нафар ба 112 нафаррасондашуд. Нозирон аз ҳисоби кормандони милиса низ қабул карда шуданд. Акнун посбонии иншоотҳои давлатию ҷамъиятӣ пурзӯр карда шуд.

Инчунин бо ташаббуси Қимат Ғаюров идора соҳиби 12 адад мотосикли сечарха ва чор мошини сабукрави посбонӣ гардид. Баъди ба кори назоратӣ истифода бурдани сагҳои бӯгир ҷинояту дуздӣ дар иншоотҳо кам гардид. Қимат Ғаюров як ҳодисаи дуздиеро, ки он соли 1987 рух дода буд, ёдовар мешавад.

Шабона марди миёнасол бо мақсади дуздӣ назди мағозаи хӯроквории маркази ноҳия омада, дар он ҷо посбонро дида ноумед мегардад. Вале баъди чанд дақиқа бо баҳонаи даргирондани сигор назди посбон меояд. Ӯро бо зарбае аз пой меафтонад ва худ тирезаи мағозаро шикаста дохили он мегардад. Дар ҳамин вақт занги огоҳкунанда ба кор даромада, дуздро саросема мекунад. Ӯ ба миқдори зиёд маводи хӯроквориро ба яғмо бурд. Вале ғоратгар аз чашми нозирон ғайб зада натавонист. Аз рӯи нишондоди посбонзан Махтума Юсуфова ғоратгар дар вокзал дастгир карда шуд. Маълум гардид, дузд сокини ноҳия Барот Ҳакимов буда, дар рафти тафтиш боз аз тарафи ӯ ғорат шудани 16 мағозаю боғчаи бачагона ошкор гардид.

Хизматҳои подполковник Қимат Ғаюров дар беҳтар гаштани кори шуъбачаи посбонии молу мулки давлатӣ ва шахсӣ басо калонаст. Ҳамин буд, ки шуъбача дар байни дигар шуъбачаҳои ҷумҳуриҳои собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ борҳо ҷойи аввалро ишғол намуда, он яке аз беҳтаринҳо дониста шуд. Сардори он Қимат Ғаюров бо мукофотҳои пулию молӣ ва ифтихорномаҳо қадр гардидааст.

Саттор ҚАРАХОНОВ


Шарҳи хонандагон +

Матолиби дигар:

Садамаҳои нақлиётиро дар роҳҳо коҳиш диҳем

Садамаҳои нақлиётиро дар роҳҳо коҳиш диҳем

Хабарҳо, Ҳуқуқу амният, НИЗОМИДДИН ИСОЕВ
Гурдофаридҳои Хатлон

Гурдофаридҳои Хатлон

Хабарҳо, Ҳуқуқу амният, ҲАНГОМА ПАҲЛАВОНОВА
Аёдати пирони барҷомонда савоб аст

Аёдати пирони барҷомонда савоб аст

Ҳаёти иҷтимоӣ, Ҷавонон ва варзиш, НИЗОРАМОҲИ ҲАМИД , ДАВЛАТБЕКИ КАРИМЗОД
Умре дар хидмати мардум

Умре дар хидмати мардум

Арсаи кишоварзӣ, МАЛИКОВ ҲУСЕЙН
САТТОР ҚАРАХОНОВ (С. Аттор)

САТТОР ҚАРАХОНОВ (С. Аттор)

Ҳайати эҷодӣ