Дар як сатр
» » Фарҳанг тарбиятгари мардум

Фарҳанг тарбиятгари мардум

7-09-2018, 07:07

Мо-аҳли фарҳанги ноҳия аз таваҷҷуҳӯ ғамхориҳои беандозаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти рушди соҳаи фарҳанг бархӯрдор ҳастем. Солҳои охир,  боло рафтани сатҳи фарҳанги миллӣ мо-аҳли фарҳангро водор менамояд, ки бо такя ба фарҳанги оламшумули ниёгонамон таърихи даврони соҳибистиқлолии кишварамонро дар намоишномаҳо ва дигар чорабиниҳои фарҳангӣ инъикос намуда, пояҳои давлати миллии худро тақвият бахшем.

Ба ин мақсад бо тамоми ҳастиямон кӯшиш мекунем, ки ҷиҳати баланд бардоштани фарҳанг ва маърифати мардум фаъолияти эҷодиамонро қувват бахшида, бештар дар мавзӯи тарбияи насли наврас ва аз роҳи нодурусту ҳаракатҳои иртиҷоӣ баргардонидани ҷавонон намоишномаҳои нав ба нав таҳия намоем. Кору фаъолияти эҷодии худро бо номи Тоҷикистони азизамон боз ҳам тақвият дода, суннатҳо ва арзишҳои фарҳангии халқамонро бештар аз пештара густариш медиҳем.

Кормандони бахши фарҳанги ноҳия ҷиҳати дар сатҳи баланди маърифатпарварӣ, дӯстдории ватан, пос доштани арзишҳои миллӣ,  барномаи рангини театрикунонидашуда таҳия намудаанд, ки дар ҷашни бошукӯҳи 27-солагии Истиқлолияти давлатии ҷумҳурии азиз манзури тамошобинон, сокинону меҳмонони ноҳия гардонида мешавад. 

 

Хусрави Муҳаммадӣ,

ҳунарманди Театри халқии ноҳияи Ёвон



Шарҳи хонандагон +

Матолиби дигар:

Насли ояндасозро тарбия менамоем

Насли ояндасозро тарбия менамоем

Маориф ва илм

Омодагӣ ба ҷашн

Хабарҳо
Ҷомеаи солим бидуни маводи мухаддир

Ҷомеаи солим бидуни маводи мухаддир

Хабарҳо, Ҷавонон ва варзиш
Панҷ. Китобхонаи марказӣ дар чӣ ҳол аст?

Панҷ. Китобхонаи марказӣ дар чӣ ҳол аст?

Хабарҳо, Фарҳанг ва адабиёт, КОМРОНИ БАХТИЁР
Таҷлили бошукӯҳи ҷашни Наврӯз дар Ёвон

Таҷлили бошукӯҳи ҷашни Наврӯз дар Ёвон

Хабарҳо, Ҷавонон ва варзиш, ҲАНГОМА ПАҲЛАВОНОВА